Раиси шаҳри Маскав: 70 дарсади муҳоҷирони корӣ ба таври расмӣ сабти иқомат ва иҷозаи кор доранд

Хабари хуб 19.11.2018 16:22

Сергей Собянин раиси шаҳри Маскави Русия мегӯяд, ки замони ахир 70 дарсади муҳоҷирони корӣ, ки бештари онҳоро шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд, ба таври расмӣ соҳиби сабти иқомат ва иҷозаи кор мебошанд.

Ба гуфтаи вай, сабти иқомат ва гирифтани патент дар Маскав боъиси ду барбар коҳиши ҷурму ҷиноят аз суи муҳоҷирони корӣ шудааст.

Собянин ин суханонро зимни мусоҳаба бо шабакаи телевизионии «Росия-1» изҳор дошт.

Раиси шаҳри Маскав бо баёни ин ки дар натиҷаи бархӯрди муносиб бо муҳоҷирони корӣ аз суи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ҳоли ҳозир 70 дарсади онҳо расман сабти иқомат мекунанду иҷозаи кор мегиранд, афзуд, ҳамчунин онҳо нақши ангуштони худро сабт мекунанд, ки ин боъси шинохт онҳо хоҳад шуд.

Ҳамчунин шаҳрдори Маскав таъкид намудааст, ки низоми назорати видеоӣ дар ҳоли ҳозир тамоми кӯчаҳои, ҳавлиҳо, даромадгоҳҳои бино, нақлиёти мусофиркаш ва марказҳои савдоро зери назорат гирифта, раванд кори пулисро самаранок намудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97