Ҳадди миёнаи маъош дар Тоҷикистон 1 ҳазору 265 сомониро ташкил медиҳад

Хабари хуб 19.11.2018 15:34

Мизони маъоши миёна барои ҳаққи заҳмат дар Тоҷикистон ба 1 ҳазору 265 сомонӣ, ки муъодили 134 доллар аст, баробар шуд.

Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТа, музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон пас аз боло бурдан дар моҳи сентябри соли ҷорӣ 14 дар сад ё ба иборати дигар ба 1 ҳазору 265 сомонӣ баробар шуд.

Ҳамин тариқ, сатҳи музди меҳнати воқеъӣ бо дар назар гирифтани таваррум дар моҳи сентяби соли ҷорӣ нисбати ба моҳи август 12,5 дарсад боло рафтааст.

Баландтарин маошро дар ин давра кормандони соҳаи молия мегиранд. Маоши онҳо 3 ҳазору 270 сомонӣ (347 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Кормандони истихроҷи маъданҳои куҳӣ 2 ҳазору 534 сомонӣ ва сохтмончиён  2 ҳазору 382 сомонӣ моҳона мегиранд.

Музди меҳнати кормандони соҳаи энергетика ва обтаъминкунӣ ба 1 ҳазору 634 сомонӣ баробар шудааст. 

Дар Тоҷикистон камтарин моҳонаро кормандони соҳаи кишоварзӣ мегиранд. Моҳонаи онҳо ҳамагӣ 504 сомониро ташкил медиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97