Талафоти Толибон дар шарқи Афғонистон

Хабари хуб 19.11.2018 10:16

Як мақоми амниятии Афғонистон дар шарқи ин кишвар хабар додааст, ки дар натиҷаи як амалиёти низомӣ, 30 ҷангҷӯӣ гурӯҳи Толибон ба шумули як фармондеҳи ин гурӯҳ кушта шудаанд.

Ин амалиёт дар минтақаи «Зова»- и вилояти Нангарҳор роҳандозӣ шудааст.

Ин мақоми амниятӣ, ки нахостаст номаш ифшо шавад, аз фармондеҳи Толибон, ки дар ин ҷанг кушта шудааст ёд кард ва гуфт, ки ӯ фармондеҳи як қитъаи мавсум ба қитъаи сурхи Толибон будааст.

Дар ҳамин ҳол, Атиуллоҳи Хӯгиёнӣ сухангӯӣ воли Нангарҳор гуфтааст, ки дар ин амалиёт 5 маркази бузурги Толибон ҳамроҳ бо силоҳу муҳиимоти ҷангии он аз байн рафтааст.

Ба гуфти вай, дар амалиёт ба мардуми мулкӣ ва низомиёни афғон осебе нарасидааст.

Нангарҳор дар шарқи Афғонистон воқе буда, яке аз вилоятҳои нисбатан ноамн дар ин кишвар ба шумор меравад, ки дар канори Толибон гурӯҳи Доиш низ дар бархе ноҳияҳои он ҳузур доранд.

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97