Millat
19.05.2012
Айбҳои муфтӣ Саидмукаррам собит нашуд
23.02.2012 12:53   

AbdulQodirZodAAAAAДодгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт раиси Шӯрои уламоро бе гуноҳ эълон кардааст.

22 феврал ҳукми ниҳоии судшаванда Саидмукаррам Абдулқодирзода бо даъвои Тураҷонзодаҳо қироат шуд. Саранҷом ҷаноби Абдулқодирзода дар ин баҳси судии наздик ба як моҳ, сафед шуд. Даъвогар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, пас аз анҷоми мурофиа изҳор доштааст: "Гӯё, ки ҳеч гуна калимоти таҳқиру ҳақорат ба унвони хонаводаи Тураҷонзодаҳо гуфта нашудааст. Ягон аъзои Шӯрои уламо ҳам инро нагуфтаанд. Пас қариб 40 лафзи таҳқиромезе, ки дар ҳаққи мо сурат гирифт ва он аз даҳони кӣ баромадааст, мутаасифона ба инаш ҷавоб наёфтем. Акнун эшони муфтиро ба Худо месупорем".

Дар мавриди шикоят бурдан ба зинаҳои болоии додгоҳ Ҳ.А. Тураҷонзода афзудааст, ки барои ба судҳои аврупоӣ муроҷиат кардан, чанд марҳилаи дохили Тоҷикистонро мебояд пушти сар кард. "Акнун намеарзад ва сабр мекунем. Агар дар ҳаққи мо зулм карданд, қасди бад доштанд, Худо ҷазояшон медиҳад. Агар нофаҳмида нафаре маҷбур карда бошад, Худо аҷрашон диҳад", -гуфтааст Тураҷонзода.

Аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи даъвогар мегӯяд, аз ин ба баъд ин ҳукми суд ба он замина мегузорад, ки судшавандаҳо пурра аз ҷавобгарӣ озод шаванд. Яъне нафаре, ки 40 маротиба дар ҳаққи зерҳимояаш тӯҳмат зада буд, дар охир сафед шуд. Ӯ афзудааст: "Ояндаи наздик, шикоятҳоро навишта пешниҳод мекунем ва то зинаҳои болоии суд муроҷиат хоҳем кард".

 

Назарҳо  

 
0 # Мах,муд 23.02.2012 15:39
барои ч,азои муфти х,аминаш кифоя аст ки к,ариб тамоми мардуми кишвар уро дидан намехох,анд аз ин пас
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # рустам 23.02.2012 16:39
албатта бори дигар собит шуд, ки дар Точикистон ягон навъ озодии суди нест ва судхо озодона хеч кароре кабулнамуда наметавонанд. иншармандагист барои давлате бо номи Точикистон дигар чигуна метавонед даъвои демократия менамоед дар сатхи байналмилал. ба бобои Эшон аздаргохи худовавнд сабр мехохем Худованд чазои золимро дар махкамаи судии хеш хохад дод ва ончо чоест, ки хакки мазлумхо риоя мешавад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # ramon 24.02.2012 15:33
Аз карори суд маълум мегардад ки дар Точикистон касе, касеро ки хохад бо чихид лафз хакорат ва тухмат кунад чиноят хисобида намешавад! вокеъан давлати мо давлати ачиб буда аст! конун дар хидмати як гурухи муаян мебошад ки барои пиёда кадани ахдофашон истифода мебаранд! Аз ин маълум мегардад ки Точикистон тули 20 солу 30 соли дигар обод нахохад шуд ва адолати ичтимоъиро ичро нахохад кард! Афсуууууууууууу ууууууууус!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # Хочи Азизхуча 25.02.2012 01:10
Одамони зур душмандоранд,Ху донигахдори Турачонзодахо бошад...корвон ба рох равон аст парво накунед Кози -калон.Дартаърихи миллати точик ва Точикистон номи як мунодии Истиклол човидон мемонад Тохири Абдучаббор ,як Козикалон мемонад Турачон-зода ,як раиси хизби демократ мемонад Шодмон Юсуф,як раиси хизби Нахзати Исломи мемонад Мулло Абдуллохи Нури.Шуарро нависандагон уламмо ...
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

Мақолаҳо

  • 0
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
prev
next
News image

Мушкилоти шаҳри Кӯлоби 2706 сола

Ё вазифаи хонагӣ ба шаҳрдори нави Кӯлоб Рушду нумуъи кишвар бо назардошти пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру навоҳӣ ва манотиқи фарогираш тавассути ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи маданӣ зарурати рушди мустақилонаи ҳудудҳои маъмуриро дар асоси усулҳои худидорию худкифоӣ ба миён меорад. Дар ин ...

Иҷтимоъ | Душанбе, 14 Май 2012

News image

Шаробхорӣ ва безории зиёиён аз арзишҳои миллӣ боиси ақибмондагӣ

Замоне миллали абарқудрат баъди бархурди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ барои тороҷи молу сарват ва паҳну парешон намудани забону фарҳанги хеш ба сарзаминҳои ғайр дарафтоданд ва ин миллатҳои заиф мавриди истисмору истифодаи эшон ва ҳомили забону фарҳангашон гаштанд. Кишварҳояшон ба ғорату тороҷ, ...

Миллат ва ислом | Якшанбе, 13 Май 2012

News image

Кабирӣ: Бубахшед, ҷаноби олӣ

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо эҳтироми самимонаи худро изҳор менамоям ва аз Худованд бароятон тансиҳатӣ ва сарбаландиро таманно дорам. Миллати мо имсол ҷашни 15-солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллиро бо ...

Сиёсат | Шанбе, 12 Май 2012

News image

Ҷанг гулчин мекунад

ё дӯсти барои абад ҷавон Эй он ки, пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,  Биншин ба рӯи хоки ман - ин орзуи ман!  Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,  Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.                                                                    (Амонбек  Шоҳзод) Шодравон  Раҳмон… Дӯсти наздик, рафиқи ...

Таърих | Шанбе, 12 Май 2012

News image

"Худоҷон, дигар дар Хуҷамастон борони сел наборад!"

ё деҳоти селзадаро аз лойоба бояд тоза кард Баҳори имсола дар Хуҷамастон, ноҳияи имрӯза ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ сербориш омад. Ба ҳадде сербориш аст, ки мардум мисолашро аз солҳои 1970-ум инҷониб ёд надоранд. Ба хусус се ҳодисаи омадани сел дар ҷамоати ...

Иҷтимоъ | Панҷшанбе, 10 Май 2012


— Designed by: UmedSharipov