Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Қазоқистон дар бунёди Роғун ҳамроҳ шуд

Хабари муҳим 05.07.2008 00:06

Абутолиб Аҳмадов, сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон имрӯз, 4 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълом дошт, ки кишвараш дар садад аст, дар консорсиуми байналмилалӣ барои эҳдоси ниругоҳи обии Роғун дар Тоҷикистон ширкат кунад.

Сафири Қазоқистон гуфт, ки ҳамакнун коршиносони қазоқ тарҳи бунёди ин пружаро баррасӣ мекунанд ва бар асоси ин баррасӣ мизони сармояи Қазоқистон ба нирӯгоҳи Роғун мушаххас хоҳад шуд.

Қазоқистон нахустин кишвари хориҷист, ки расман барои ширкат дар консорсиуми эҳдоси ниругоҳи Роғун ибрози омодагӣ кардааст.

Ҳамзамон, дипломати қазоқ таъкид кард, ки кишвараш қасд дорад, дар бунёди нирӯгоҳҳои мутавассит ва кучак дар дигар дарёҳои минтақаҳои кишвар низ саҳми фаъол бигирад.

Бино ба иттилои сафорати Қазоқистон дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар аз Қазоқистон дар миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар мавриди ихтисоси сармояи 100 миллион долларии ин кишвар ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда буд.


©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97