Муҳаммадҷон Шакурӣ: Оҳ, қатли Устод Раббонӣ доғе дар дил мемонад

Хабари хуб 21.09.2011 19:27

Muhammadjon_Shakuri_0101Оҳ, ин қатли устод Раббонӣ акнун доғест, ки бар қалби ҳар як тоҷики бедор, хусусан тоҷикони Афғонистон нишаст.

Бурҳониддини Раббонӣ як марди хеле бузург, озода, шахсияти шинохтаи фарҳангӣ, динӣ ва сиёсӣ буд. Ӯ тамоми умр барои озодӣ, истиқлол ва хушбахтии мардуми Афғонистон мубориза бурд. Баъди террор шудани шогирд ва ҳамсафи содиқаш Аҳмадшоҳи Масъуд тамоми масъулияти мубориза ва муқовимат бар дӯши устод Раббонӣ бор шуд. Ҳарчанд солаш аз ҳафтод гузашта буд, вале хеле фаъолона дар ҷабҳаи сиёсат заҳмат мекашид, мехост, ки ба кишвараш сулҳ биёрад. Дар толеъи ман будааст, ки як бор бо ин сиёсатмадори шаҳир мулоқот дошта бошам. Панҷ сол қабл бандаро шарафи бо ӯ ҳамсӯҳбат шудан дар манзили ӯ, дар шаҳри Кобул даст дод. Мо бо ҳам се соат сӯҳбат кардем. Устод Раббонӣ аз тамоми масоилу мушкилоти кишвараш огаҳӣ дошт. Ӯ бо мо хеле огаҳона ва олимона сӯҳбат орост. Аз сӯҳбати ӯ ман як ҷаҳон маънӣ бардоштам, маро бо хеле чизҳое, ки дар бораи вазъияти Афғонистон ва минтақа намедонистам ошно кард. Ӯ бо тоҷик буданаш, бо Тоҷикистон, бо мо воқеъан ифтихор мекард. Ман аз ноҷавонмардона кушта шудани ин пири хирадманд ва пешвои донишманд сахт андӯҳгин шудам. Ин барои мо тоҷикон як мусибати гарон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97