Эрдуғон - пуштибони Фаластин

Хабари хуб 15.09.2011 09:56

Receb_Tayib_Erdogan_270310Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳангоми сафараш ба қораи Араб ба вазирони кишварҳои арабӣ гуфтааст, дар ҳоле ки фаластиниҳо аризаи узвият дар Созмони Миллалро пешниҳод кардаанд, шинохти расмии давлати Фаластин барои онҳо як уҳдадорист.

Дар дидоре дар қароргоҳи Лигаи кишварҳои Араб дар Қоҳира, Эрдуғон гуфт, ки Фаластин то поёни имсол "дар вазъи комилан фарқкунандае" қарор хоҳад гирифт. Вай ҳамчунин афзуд, ки акнун Исроил худро дар муҳосира қарор дод ва "бояд сазои ҷиноёти худро бигирад." Зиёд аз расонаҳои ахбори ҷаҳони Ислом ва мамолики ғарбӣ дар навиштаҳояшон марбут ба сафари сарвазири Туркия ба кишварҳои арабӣ Эрдуғонро пешвои мусалмонони дунё ном бурдаанд. Дар Қоҳира миллионҳо мардум, аз ҷумла ҷонибдорони Ихвон- ул- муслимин раҳбари Ҳукумати Туркияро мисли як қаҳрамони миллӣ истиқбол карданд. Эрдуғон ният дорад, ки ҳамчунин аз ду кишвари дигари минтақа, ки бар асари тазоҳуроти густурда ва эътирозоти мардумӣ раҳбаронашон аз вазифа барканор шуда, дар ҳоли ҳозир гуреза ҳастанд, яъне аз Тунису Либия дидан бикунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97