Арзиши нирӯи барқ боз боло меравад

Хабари хуб 14.09.2011 17:32

barqi_tojik-1444Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати "Барқи Тоҷик" гуфтааст, ки тарифи фурӯши нирӯи барқ дар Тоҷикистон дар доираи созишнома бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мунтазам дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ин бора Рашид Гулов зимни форуми дуюми байналмилалӣ оид ба самаранокии энергетикӣ, ки айни ҳол дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор доштааст. Вай дар посух ба интиқоди масъулини Созмонҳои байналмилалӣ оид ба паст будани нархи барқ, ки ба гуфтаи онҳо монеаи сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон шудааст, гуфт, ки: "Нархи фурӯши як киловатт соат барқ дар Тоҷикистон соли 2006, барои аҳолӣ 0,42 сентро ташкил медод ва ин нишондод дар соли 2010 ба 2,04 сент баробар гардид.

Дар ҳоли ҳозир нархи миёнаи фурӯши барқ дар Тоҷикистон 1,8 сентро ташкил медиҳад. Аммо Рашид Гулов таъкид кард, ки тибқи созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ то соли 2013 нархи миёнаи як киловатт барқ бояд ҳадди ақал ба 3 сент барои як киловатт баробар шавад.

Аммо Атабек Умарбеков, як масъули Маркази экологии минтақавии Осиёи миёна бо ишора ба нодории мардум дар кишварҳои минтақа таъкид кард, ки боло бурдани нархи барқ метавонад вазъи иҷтимоиро шиддат бахшад. Умарбеков Қирғизистонро мисол меорад, ки соли 2009 боло бурудани қимати истифодаи нирӯи барқ дар ин кишвар ба инқилоби ранга анҷом шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97