Сардори яке аз раёсатҳои ВКД-и Тоҷикистон ба ҳалокат расид

Хабари хуб 12.09.2011 11:25

Sonihai_NaqliyotiШаби гузашта дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа як нафар ҷони худро аз даст дод.

Дар ин бора аз раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Ба  иттилои манбаъ, тахминан соати 23:30-дақиқаи шаби 12-уми сентябр, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шеврале Оптра» Диловар Олимови 32- сола, сардори маркази танвилии раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат ба кӯчаи Қаҳҳоров аз самти хиёбони Саъдии Шерозӣ ба тарафи кӯчаи Фучик дар рӯбарӯи хонаи истиқоматии 248, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи садама худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофири нақлиёт Тани Жалавиевнаи 29 –сола бошад, ҷароҳат бардошта ба касалхона интиқол ёфтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97