Таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли кишвар

Хабари хуб 09.09.2011 11:31

Istiqloli_KishavarСубҳи 9 сентябр дар маркази пойтахт таҷлил аз 20-умин солрӯзи Истиқлоли кишвар оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як суханронии кӯтоҳ сокинони кишварро ба ин ҷашни муқаддас табрик гуфт. 
Пас аз он гузашти низомӣ ё паради ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душабе шурӯъ шуд, ки дар он сарбозону донишҷӯёни Коллеҷи низомӣ, Вазорати умури дохила ва гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иштирок карданд.
Ҳамчунин дар ин гузашти низомӣ наздики 500 сарбозу афсари нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои артиши Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Русия ва Фаронса ҳузур доштанд. Дар пайи ин гузашти низомӣ 6 чархбол - ду чархболи Ми-8 ва 4 чархболи Ми-24, инчунин, се ҳавопаймои Л-39, ду ҳавопаймои Ту-95 ва як Ан-24 ба парвоз омаданд.
Парчами 2011-метрӣ, ки 860 кило вазн дорад ва онро тақрибан 3 ҳазор нафар боло бардошта буданд, низ ба мазҳари ом гузошта шуд. Матои ин парчамро масъулони шаҳрдории Душанбе аз Бишкек харидорӣ ва корхонаи “Тоҷиктекстил”-и пойтахт онро дӯхтааст. 

«Озодӣ»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97