Парчами 2-километрӣ

Хабари хуб 08.09.2011 14:55

Parchami_kishvarКорхонаи “Тоҷиктекстил”-и Душанбе парчами 2011-метрии Тоҷикистонро таҳия кардааст, ки 860 кило вазн дорад.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин парчамро рӯзи 9 сентябр, ҳангоми таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли кишвар, бештар аз се ҳазор нафар ба хиёбони марказии шаҳри Душанбе хоҳанд овард. 
Матои ин парчамро масъулони шаҳрдории Душанбе аз пойтахти Қирғизистон овардаанд. Гуфта мешавад, пас аз он ки дарозтарин парчами Тоҷикистон дар хиёбони марказии Душанбе намоиш дода мешавад, ба осорхонаи шаҳрӣ супорида хоҳад шуд.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дархости худро барои ворид кардани дарозтарин парчами Тоҷикистон ба Китоби рекорҳои Гиннес ирсол карда ва ҳоло мунтазири посухи ин муассиса аст. 
Вале то ин ки дарозтарин парчами миллии Тоҷикистон омода бишавад, мақомот баландтарин бурҷи парчамро дар маркази пойтахти кишвар, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ карданд. Парчами Тоҷикистон бо сутуни 165-метрӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои парчам 60 ва бари он 30 метр аст.

«Озодӣ»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97