Раббонӣ: Толибон аҳли мадраса нестанд

Хабари хуб 07.09.2011 16:57

RabbaniБурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар гирдиҳамоии ҷавонон дар Кобул гуфтааст, ки амалкарди Толибон ба бадномии уламои динӣ боис шудааст.

Ӯ зикр кардааст, ки аҳли мадраса Мавлонои Румӣ, Бӯалӣ Сино, Ҷомӣ, Берунӣ буданд, ки паёми дониш, илм ва бародариро меоварданд. Толибон, ки бо номи аҳли мадраса одам мекушанд ва кӯдаконро истихдом мекунанд, аҳли мадраса нестанд. Инҳо барои тавтиъа ва бадном кардани аҳли мадраса ва уламои динӣ омадаанд. Устод Раббонӣ изҳор кард, ки ҳадафи аслии онҳо музокира бо Толибон ва заминасозӣ барои мусолиҳа бо ин гурӯҳ аст, то ба хушунатҳои даҳсола дар Афғонистон поён дода шавад. Ин Шӯро ҳимояти ҷомеъаи байналмилалиро бо худ дорад ва аъзои он барои ҷалби ҳимоятҳои минтақавӣ аз музокироти сулҳ бо Толибон ба чандин кишвари ҳамсоя, аз ҷумла Покистон сафар кардаанд. Аммо узвияти фармондеҳони собиқ ҷиҳодӣ дар ин Шӯро ва чеҳраҳое, ки собиқаи тӯлонии муборизаи мусаллаҳона бо гурӯҳи Толибон доранд, аз ҷумла Бурҳониддин Раббонӣ интиқодҳоеро пешкаш карда ва ин саволро ба миён оварда, ки чӣ гуна Шӯро бо таркиби кунунии худ қодир ба эътимодсозӣ миёни давлати Афғонистон ва Толибон хоҳад буд. Гурӯҳи Толибон то кунун тамоюле ба музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон нишон надодааст ва ҳар бор тақозои мақомҳои афғон ба музокира бо Толибон як риштаи ҳамлаҳои маргбори ин гурӯҳ будааст. Бо ин ҳол мулло Умар, роҳбари Толибон дар охирин паёме, ки ба муносибати Иди Фитр мунташир кард, ба шакли ғайримустақим аз тамоюли худ барои поён додан ба бӯҳрон дар Афғонистон сӯҳбат кард ва гуфт, дар ин замина ҳар роҳи машрӯъ метавонад мавриди арзёбӣ қарор бигирад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97