Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Талко" рад мекунад

Хабари муҳим 27.11.2008 13:40

Ширкати олюминиюм "Талко" бо пахши баёнияе, иттилои носаҳеҳро дар бораи мизони супурдани молиёт такзиб кардааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили парлумони кишвар дар як мусоҳибааш дар ҳафтаи гузашта, бо овардани далелҳои носаҳеҳ фаъолияти ин корхонаро зери суол бурдааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати "Талко", дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ин ширкат ба буҷаи кишвар беш аз 240,2 млн. сомонӣ ($70 млн.) маблағ ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 млн. сомонӣ ($15,2 млн.) бештар аст. Гуфта мешавад, дар ин давра 333 ҳазор тонна маводи аввалияи алюминий истеҳсол шудааст. Соли ҷорӣ ба буҷаи кишвар бояд 279,8 млн. сомонӣ ($84,3 млн.) маблағ ворид шавад, ки нисбат ба соли 2003 194 млн. сомонӣ ($56,7 млн.) зиёдтар аст ва ин дар ҳолест, ки агар дар соли 2003 ба ҳар тоннаи маҳсулот 211,9 сомонӣ (69,2 доллар барои як тонна) маблағи пардохт рост меомад, пас дар соли ҷорӣ ин рақам ба 611,1 сомонӣ (178 доллар барои як тонна) баробар аст.

Ба эътиқоди масъулини ин ширкат, ҳаҷми пардохти молиёт аз сӯйи "Талко" сол ба сол меафзояд. Тибқи иттилои баёнияи мазкур, дар сурати ба 178 доллар баробар будани пардохти молиёт барои 1 тонна алюминий, рақобатпазирии корхона заъиф мегардад, зеро миқдори андозбандӣ дар кишварҳои ИДМ аз 40-50 доллар барои як тонна бештар нест.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ширкати "Талко" то 35 фоизи нируи барқи дохилиро истифода мебарад ва арзиши истифодаи онро пешпардохт мекунад. Соли 2008 пардохти як моҳаи истифодаи нируи барқ $9,5 миллионро дар бар доштааст, ки дар як сол ҳудуди $115 млн. мебошад. Ҳамчунин, ширкати "Талко" дар ҳаҷми $45 млн. интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад, ки дар назар аст харҷи истифодаи нируи барқ дар соли ҷорӣ ҳудуди $160 млн. -ро дар бар бигирад.

Ин дар ҳолест, ки ширкати "Талко" маблағи интиқоли нируи барқро аз Қирғизистон ва Узбакистон низ пардохт мекунад ва қисмате аз хароҷоти истеҳсоли барқ дар Маркази барқу гармидиҳии пойтахти кишвар ва корҳои барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии ноҳияи Ёвонро ба ӯҳда гирифтааст, ки дар ин росто алакай $20 млн. сарф шудааст.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97