Дар садама як масъули ҲНИТ ҳалок ва яке захмӣ шуд

Хабари хуб 03.09.2011 12:37

Sabzaali_SharipovСабзалӣ Шарифов, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Файзобод кушта шудааст.

Дар ин бора Ҳикматулло Сайфуллозода муовини раҳбари ҲНИТ ба "Озодӣ" хабар дода ва гуфтааст, ки Сайидумар Ҳусайнӣ ва Сабзалӣ Шарифов, ки бо мошини аввалӣ ба ноҳияи Файзобод мерафтанд, дар роҳ ба сониҳаи нақлиётӣ дучор омадаанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод мошини онҳо аз роҳ берун рафта ба мошини дигаре бармехӯрад, ки дар натиҷа Сабзалӣ Шарифов ҳалок ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон дар беморхонаи ноҳияи Файзобод бистарӣ мешавад.
Ронанда ва як тани дигар аз аъзои ҲНИТ, ки Сайидумар Ҳусайнӣ ва Сабзалӣ Шарифовро дар ин роҳ ҳамроҳӣ мекарданд, низ захмӣ шудаанд.   
Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, ҳоло як гурӯҳ аз аъзои ин ҳизб ба ҷои ҳодиса рафтаанд, то сабаби ин сониҳаи нақлиётиро рӯшан бикунанд. 
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, Сабзалӣ Шарифов ва Сайидумар Ҳусайнӣ барои дидору гуфтугӯ бо аъзои ин ҳизби сиёсии динӣ ба ноҳияи Файзобод мерафтанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97