Оғози нишасти “чаҳоргона” дар Душанбе

Хабари хуб 02.09.2011 10:31

Rahmon va ruasoИмрӯз нишасти сарони Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар маркази гуфтушуниди Дмитрий Медведев, Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон қарор хоҳанд гирифт. Интизор меравад дар ин нишаст масъалаи тарҳи CАSА-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистонро дар назар дорад, баррасӣ шавад. 

Раҳбарони Афғонистону Покистон ва Русия дирӯз, якуми сентябр, ба Душанбе омаданд. Ҳомиди Карзай дар расми ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон иштирок кард. 

Ҳамчунин, дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Варзоб гуфтугӯи ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид. Раҳбарони ин се кишвар роҷеъ ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар бахшҳои энержӣ, роҳсозӣ, ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ табодули назар карданд. 

Имрӯз сафари расмии Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон низ шурӯъ мешавад. Дмитрий Медведев пас аз поёни нишасти чаҳоргона дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ё СНГ ширкат хоҳад кард.

Бар пояи иттилои расмӣ қарор аст, ки дар ин нишаст тарҳи ёздаҳ санад баҳсу баррасӣ шавад, ки муҳимтарини онҳо Изҳороти сарони кишварҳои узв дар бораи 20-солагии Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ва гузориши таҳлилии “Натоиҷи фаъолияти СНГ дар 20 сол ва дурнамои ин ниҳод” хоҳанд буд.

«Озодӣ»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97