Ҳадяи Ҳилоли Аҳмар ба кӯдакони ниёзманд

Хабари хуб 31.12.2010 17:23
Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва шӯъбаи ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи Соли Нав ба тифлони мактаб-парваришгоҳи рақами сеи ноҳияи Сино ёрии башардӯстона расониданд.

Мактаб-парваришгоҳи рақами сеи ноҳияи Синои пойтахт хонаи беш аз сад тифли ноқисулақл мебошад. Ҳадяи солинавии ҶҲАТ ба тифлони мӯҳтоҷ аз 30 кампал, 12 халта орд ва як халта шакар иборат буд. Дар расми супурдани ёриҳо, ки пас аз зӯҳри охирин рӯзи соли 2010 сурат гирифт, мудири мактаб-парваришгоҳГулчеҳра Қадамова ба ҶҲАТ ибрози сипос намуд ва ёрии башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмарро саривақтӣ хонд. Дар навбати худ, Назар Валиев, ҳамоҳангсози барномаҳои ҶҲАТ, гуфт, дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ҳадафи усулии Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад.

Шӯъбаи душанбегии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар пешорӯи Соли Нав ҳамчунин ба як идда пирони танҳову барҷомонда ва оилаҳои ниёзманд орду шакар ва либоси гарм ҳадя кардааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби ҶҲАТ беш аз 20 барнома дар соҳаҳои беҳдоштӣ, коҳиши хатарот аз офатҳои табиӣ ва рушди созмонӣ бо пуштибонии молии Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи кишварҳои Скандинавия амалӣ мегарданд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97