Аз банд раҳо шудани 19 тоҷики гирифтори тӯҳмат дар Русия

Хабари хуб 24.12.2010 13:39

Аз дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба «Миллат» хабар доданд, ки дар давоми моҳҳои ноябр-декабри соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии Русия дар шаҳри Маскав 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият ба ҳаракати экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» ва омодагӣ гирифтан ҷиҳати анҷом додани амалҳои тахрибкорона дар ҳудуди шаҳри Маскав дастгир гардиданд.

Пас аз гуфтугузори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва талаби расмӣ оид ба пешниҳоди далелу мушаххасоти дахлдор бо мақомоти масъули ин қазия, рӯзи 16-уми декабри соли ҷорӣ 19 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон озод карда шуда, се нафари дастгиршуда расман мавриди тафтишоти пешакӣ қарор гирифтаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи мазкурро думбола дошта ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар ин замина ҳамкорӣ дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97