«Манора+» нашр мешавад

Хабари хуб 23.12.2010 09:44

baner222Дар анҷоми соли 2010 дар вилояти Хатлон нахустин ҳафтаномаи рекламавӣ-иттилоотии «Манора+» ба нашр хоҳад расид. Ҳафтаи равон нахустин шумораи ҳафтаномаи рекламавӣ-иттилоотии «Манора+» ба чоп хоҳад расид.

Ба қавли менеджери тиҷоратии ин ҳафтанома муассиси ҳафтаномаи «Манора+» ( Манора плюс) Зокир Зоиров дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки дар марҳалаи аввал ҳафтанома бо теъдоди 1000 нусха дар 8 саҳифа ба нашр мерасад. Муассиси ҳафтаномаи мазкур, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад, талош доштааст,дар се моҳи аввал теъдоди нашрро зиёд намояд.

Ба гуфтаи Зокир Зоиров мӯҳтавои аслии ҳафтаномаи рекламавӣ-иттилоотии «Манора+» асосан эълону реклама ва иттиллоот оид ба соҳибкорӣ, тиҷорат ва рушди иқтисодро дар бар мегирад. Аҳли эҷодии ҳафтанома инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳибкории мардум матолиби муфиду хонданиро пешкаш хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҳафтаномаи рекламавӣ-иттилоотии «Манора+» баъди ҳафтаномаи «Пажвок» дуввумин ҳафтаномаи фаъоли мустақил дар вилояти Хатлон мебошад. Дар вилояти Хатлон, ки аҳолиаш ба беш аз 2 млн. 600 ҳазор мерасад, ҳамагӣ ду ҳафтаномаи мустақил ду шабакаи телевизионии мустақил ТВ «Қӯрғонтеппа» ва ТВ «Мавҷи озод» дар ноҳияи Восеъ арзи вуҷуд доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97