Лукашенкои чаҳор бор пирӯз

Хабари хуб 22.12.2010 20:02

ё Батка ваъдаи хешро дар мавриди сарқӯб кардани мухолифин иҷро кард 

Мақомоти қудратии Белорус садҳо нафар норозиён ба натиҷаҳои интихоботи президентиро боздошт кардаанд. Мегӯянд, ки шаш номзад ба мақоми президентӣ дар миёни боздоштшудагон ҳастанд. Гуфта мешавад, ки иддае аз ин номзадҳо мавриди зарбу лати кормандони интизомӣ қарор гирифтаанд. Александр Лукашенко, президенти кунунӣ дар интихобот пирӯз эълом шуда,вале мухолифин гуфтаанд, ки дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб сурат гирифтааст.   Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Белорус ҷаноби Шалкевич гуфтааст, чандсад нафар, замоне ки пулис мехост 10 ҳазор тазоҳуркунанда алайҳи натиҷаҳои интихобот дар маркази шаҳри Минскро пароканда созад, боздошт шуданд. Тазоҳургарон мехостанд ба бинои ҳукумати Белорус ҳамла кунанд, аммо тавассути нерӯҳои интизомӣ пас гардонда шуданд. Шоҳидон мегӯянд, ки даҳҳо нафар ширкатдорони ҳамойиш аз ҳамлаи пулис зарба осеб дидаанд. Гуфта шуд, ки чанд тан рӯзноманигор ба шумули хабарнигорони хориҷӣ ҳам мавриди зарбу лат қарор гирифтаанд. Яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ Владимир Некляев низ осеб дида ва баъдтар дар бемористон боздошт шудааст. Ёварони номзадҳо ба мақоми президентӣ, ки боздошт шудаанд, изҳор доштаанд, ки чанде аз онҳо ба асари лату кӯб ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз ёварони Владимир Некляев гуфтааст, ашхосе вориди ҳуҷраи ӯ дар бемористон шуда ва ӯро дар кампал печонда бурдаанд. Сафорати Амрико дар Минск гуфтааст, ки кишвараш зарбукӯб ва боздошти номзадҳо ба мақоми президентиро маҳкум мекунад ва аз мақомоти Минск хостааст аз худ хештандорӣ нишон диҳанд. Борунес Оштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо озодии раҳбарони боздоштшудаи мухолифинро талаб кардааст. Вазорати умури дохилаи Белорус мухолифинро муттаҳам кардааст, ки мехоҳанд вазъи кишварро ноором кунанд. Натиҷаҳои расмии интихобот, ки рӯзи 20 декабр эълом шуд, нишон медиҳад, ки ҷаноби Лукашенко 79,7% овози мардумро ба даст овардааст. Ин ба Лукашенко иҷоза медиҳад, ки барои давраи чаҳорум президенти Белорус бошад. Тайи замони раҳбарии ӯ ҳеҷ як аз интихобот дар Белорус аз сӯйи нозирони байналмиллалӣ шаффоф арзёбӣ нашудааст. Аммо хабарнигорон мегӯянд, ки корзори интихоботи ахир нисбат ба интихоботи пешин то андозае озод будааст. Лукашенко замоне, ки раъй медод ба мухолифини худ ҳушдор дода будааст, ки тазоҳурот накунанд. Пулис ҳам гуфта буд, ки ҳама гуна эътирозро шадидан саркӯб хоҳад кард. Лукашенко ҳамаи иттиҳомотро аз сӯйи мухолифон рад карда, мегӯяд дар қудрат боқӣ хоҳад монд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97