Раиси Маҷлиси Миллӣ дастур дод

Хабари хуб 17.12.2010 10:19

16 декабри соли 2010 дар Маҷлиси миллӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар иҷлосияи мазкур 13 қонунҳои наву мукаммали Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи маърифати экологӣ», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар ин зимн аз қабили масоили мавриди дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ буданд.

Дар иҷлосия зимни баррасии Конунҳо аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро, ки бо як қатор камбудиҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ҷонибдорӣ накарданд.

Ҳамзамон, тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бо сабаби бо кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуҷаббор Қодировро ҷонибдорӣ карда, қарорҳои Маҷлиси миллӣ «Дар бораи вазифаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи Эъломияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар мавзӯи «Таъминоти масъулият ва ҳисоботнокии куллии демократӣ ба хотири манофеи омма»-ро бо   тасдиқ намуданд.

Дар анҷоми кори иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев тавачҷӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони дастгоҳи ин мақомро ба фаъол будан дар иҷрои вазифаҳои таъинотиву хизматӣ таъкид карда дастур дод, ки бо ширкати   фаъолона дар муҳокимаи оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои таблиғотиро тавассути мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум ва аз тариқи расонаҳои хабарӣ такони тоза бубахшанд. Дар ин бора ба «Миллат» ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов хабар дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97