Шукурҷон Зуҳуров бо Гусман мулоқот дошт

Хабари хуб 17.12.2010 10:15

15 декабри соли 2010 раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар сафари худ ба Индонезия бо раиси Шӯрои минтақавии намояндагони ин кишвар ҷаноби Ирман Гусман дидору гуфтугӯ кард.

Тибқи иттилоъи котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Ҷакарта, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия дар ҳамаи соҳаҳо баррасӣ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар оғози сӯҳбати худ бо раиси Шӯрои минтақавии намояндагони Индонезия иброз дошт, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз ин мулоқот сарфароз аст ва дар кишвари мо аз заҳматҳои назарраси ҷаноби Ирман дар самти ислоҳот дар системаи сиёсӣ, таъсиси парлумони дупалатагӣ ва чун саҳмгузори асосӣ, дар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Индонезия ба хубӣ огоҳ ҳастанд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни изҳори назар, дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия, дар арсаи тиҷорат таъкид намуд, ки рушди равобит дар заминаҳои тиҷорат ва технологияи иттилоърасонӣ барои Тоҷикистон   бисёр муҳим аст ва парлумони Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, дар бахши густариши соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расондааст.

Тоҷикистон барои ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо омодагии ҳамаҷониба дорад ва ин иқдоми ҷиддии давлати Тоҷикистон заминаро барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо фарохтар хоҳад кард, - таъкид намуд, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва афзуд, ки мо дар амалӣ намудани ин барномаи худ таҷрибаи бештари кишварҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин натиҷа расидем, ки таҷрибаи Индонезия, дар ин арса қобили истифода ва барои Тоҷикистон наздиктару муфид мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар идомаи мулоқоти худ аз сафарҳои мақомоти баландпояи Тоҷикистону Индонезия ба кишварҳои якдигар ёдовар шуда, иброз дошт, ки боздидҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Индонезия, дар китоби таърихи равобити ду кишвар саҳифаи тозаеро боз кард ва имзои ҳафт қарордод байни ниҳодҳои давлатии ду ҷумҳурӣ, ки дутои онро парлумонҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расонид, самараи ҳамин боздидҳо дар сатҳи олӣ мебошанд.

Мавсуф хотирнишон кард, ки таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию-тиҷоратӣ ва техникӣ байни Тоҷикистону Индонезия фазои мусоиди ҳуқуқиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои ду кишвар дар ин замина ба вуҷуд хоҳад овард.

Раиси Шӯрои минтақавии намояндагони Индонезия таъкид кард, ки Тоҷикистону Индонезия дар самти фаъолияти парлумони дупалата аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумони ҳарду кишварро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода кунанд.

Ирман Гусман ҳамчунин иброз намуд, ки моҳи апрели   соли 2011 дар Ҷумҳурии Индонезия бизнес-форуми байналмилалӣ, ки ба мавзӯъи муҳити зист бахшида мешавад, баргузор хоҳад шуд. Ба ин бизнес- форум мо сарвари Созмони Миллали Муттаҳид, президенти Бразилия ва воли иёлати Калифорнияи Амрико ва дигар доираҳои расмию тиҷоратиро даъват намудаем. Мо мехоҳем ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки борҳо аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалй оид ба проблемаҳои ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои глобалии табиии ҷаҳонӣ сухан гуфтааст, даъват намоем. Дар мулоқот ҳамчунин, дар бораи вазъияти минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули назар карда шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97