Дар атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъмин чӣ гап?

Хабари хуб 15.12.2010 10:45

Аз ду рӯз ба ин ҷониб, назорати минтақаҳои атрофи шаҳри Кӯлоб таҳти назорати шадид қарор гирифтааст. Чандин чархболи низомӣ дар осмони минтақа чарх мезананд ва нерӯҳои зиёде атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъминро таҳти назорат даровардаанд. Гуфта мешавад, омилони ҳамлаи Балҷувон инҷо паноҳ ёфтаанд.

Як манбаъ дар раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб бо Озодӣ таҷаммӯъи нерӯҳои интизомӣ дар атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъминро тайид кард ва гуфт, ки ин иқдом ба хотири таъқиби омилони ҳамла дар Балҷувон рӯи даст гирифта шудааст.

Манбаи мазкур гуфтааст, ки ин гурӯҳ эҳтимолан аз ҳафт ё ҳашт нафар иборат бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун омилони ҳамла ба Балҷувон ва Темурмалик ошкор ва боздошт нашудаанд. Бар асари он ҳамла се нафар кушта ва ду нафар ҳам маҷрӯҳ шуда буданд. Бино ба хабарҳои тайидношудаи дигар, шояд ин афрод, аз ҷумлаи маҳбусони фирорӣ аз маҳбаси муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бошанд. Вале то кунун манбаъҳои расмӣ ин хабарро тайид накардаанд.

Ба қавли сокинони ноҳияи Восеъ, рӯзи 13 декабр пас аз нисфирӯз як чархболи низомӣ аз қисми низомии воқеъ дар ҳудуди ноҳия сарбозонро ба самти ин кӯҳ бурдааст.

Рӯзимади Тоҳир, як сокини ноҳия мегӯяд, чархбол чанд маротиба дар варзишгоҳи марказии ноҳия нишаст ва сокинон мушоҳида карданд, ки ба он низомиён савор шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки чун ҳоло ҳеч иттилои расмие ба сокинон нарасидааст, онҳо ба овозаҳо дода шудаанд.

Дар раёсати минтақавии шӯъбаи корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо сабаби набудани роҳбарияти ин ниҳод аз додани иттилоъ ба рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Зафар Муродов, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, чанд маротиба ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ рафтааст, вале ба ӯ гуфтаанд, ки то анҷоми амалёт барояш касе иттилоъ намедиҳад.

Вай афзудааст, ки дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ як БТР-мошини ҳарбӣ мушоҳида кардем. Тавре ба ман подполковники милиса Файзов иттилоъ дод, ки ҳоло дар шӯъба касе нест. Ҳама дар наздикии хоҷагии ба номи шодравон Одина Ҳошим, наздики Хоҷамӯъмин ҳастанд. Ва он ҷо гуфтанд, ки танҳо пас аз бозгашт онҳо бо шумо сӯҳбат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, як навбатдори шӯъбаи корҳои дохила дар минтақаи Кӯлоб зимни сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ки кормандони милиса дар паи шаҳодати сокинони маҳаллӣ аз ҳузури афроди ношинохта ба он ҷо рафтаанд. Аммо ӯ гуфт, то ҳол барояш дақиқ нест, ки он ҷо чӣ мегузарад ва мақомот ба чӣ натиҷа расидаанд.

Ӯ гуфтааст, ки бачаҳо ҳамон ҷо рафтаанд, Кӯҳи Хоҷамӯъмин ба Восеъ. Мегӯянд, ки ҳамон 7-8 нафар аз ҳамон терористҳо гӯё дар ҳамон ҷо бошанд. Дар Балҷувон будагиҳо. Дигар мо ҳеч чиз намедонем ва ҳеч иттилои дигари аниқ дода наметавонем.

Аз сӯйи дигар, хабарнигори Озодӣ гузориш медиҳад, ки чанд рӯз ба ин ҷониб, овозаву сарусадое дар марвиди мушоҳидаи афроди шубҳаовар дар навоҳии минтақа дар миёни мардум ба гӯш мерасид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97