Қотили тоҷик зиндонӣ шуд

Хабари хуб 15.12.2010 10:45

Додгоҳе дар шаҳри Тюмени Русия як шаҳрванди Озарбойҷонро дар қатли се нафар гунаҳкор донист ва ӯро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.

13-уми декабр, додгоҳи вилоятии шаҳри Тюмен дар охирин рӯзи муҳокимаи Зулфиқор Мамедови 27 сола, эълом кард, ки Мамедов дар қатли ду сокини Озарбойҷон ва як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст. Бар асоси иттилои додгоҳ Мамедов, 21-уми сентябр аз шаҳри Перми Русия ба шаҳри Тюмен барои кӯмак ба корҳои дӯсташ, Элхон Мамедов омада буд. Дар ин рӯз вай ҳамроҳ бо Элхон Мамедов ба қаламрави маркази тиҷоратии мавсум ба «Сибирская на Барабинской», макони фаъолияти Қаҳрамоновҳо, як хонаводаи озарӣ омад ва ба сӯйи аъзои хонавода тир кушодааст. Дар натиҷа бародарон Ҷасорат ва Сабуҳа Қаҳрамоновҳо шадидан захмӣ шуда ва ҷони худро аз даст додаанд. Ромил Қаҳрамонов яке дигар аз бародарон дар ин тирпарронӣ ҷароҳат бардошт. Вале як шаҳрванди 24 солаи тоҷик низ, ки номи ӯ эълом нашудааст дар ин ҳодиса ҷон медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик дар муассисаи тиҷоратӣ ба ҳайси боркаш кор мекардааст. Тибқи парвандаи ҷиноӣ Элхон ва Зулфиқор Мамедовҳо, баъд аз анҷоми ин куштор кӯшиши фирор аз макони ҳодиса карда, вале бо кӯмаки яке аз нигаҳбонони маркази тиҷоратӣ ниҳодҳои интизомӣ онҳоро боздошт кардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97