Сӯҳроби Сафарзод даргузашт

Хабари хуб 10.12.2010 15:26

Сӯҳроби Сафарзод, Овозхони ҷавони тоҷик 10 -уми декабр, дар рӯзи мубораки ҷумъа бар асари бемории сактаи қалб дар бемористони Қарияи болои шари Душанбе, дар сини 30 аз дунё даргузашт.

Сӯҳроби Сафарзод бо иҷрои таронаҳои сабки муинӣ дар миёни ихлосмандону ҳаводоронаш маъруф гашта буд. Зеро вай аз муваффақтарин хонадаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони шинохтаи иронӣ, дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Замони сафари Муин ба Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта, дар консерти вай дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе ин ду овозхон бо ҳам суруд хонда буданд.

Дар умри кӯтоҳи худ Сӯҳроби Сафарзод ду албоми суруду таронаҳо, ки яке аз онҳо нотамом аст, барои мухлисони худ тақдим кард.

Сурудаҳои ӯ, «Шабҳо», «Дори нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи дилам», ки бо маҳорати хосса суруда шудаанд, дар миёни шунавандагону мухлисонаш аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд. Ҳатто бисёре аз ҳаводоронаш баъзан ин сурудҳоро бо шеваи муинӣ замзама мекунанд. Ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод дар зодгоҳаш шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97