Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо коррупсия таъсис меёбад

Хабари хуб 10.12.2010 11:00

Дар Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии мубориза бар алайҳи фасод дар назди Президент таъсис меёбад ва қарор аст, ки раҳбарии ин Шӯроро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш бигирад. Масъалаи таъсиси ин Шӯро дар конфронсе таҳти унвони «Роҳандозии муборизаи муассир алайҳи фасод» дар шаҳри Душанбе баён шуд, ки дар кори он намояндагони ниҳодҳои расмии кишвар ва созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат доштанд.

Муовини раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдулраҳим Абдулҳасанов дар ин конфронс гуфт, ки алъон низомномаи Шӯрои нави ҷамъиятӣ таҳия шуда ба он олимон, журналистон, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳамчунин мақомоти расмӣ, аз ҷумла Маркази исломӣ ва вазорату корхонаҳои давлатӣ пазируфта хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати ислом низ узвият дар ин Шӯроро хоҳанд дошт.

Қарор дар бораи таъсиси Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо фасод дар ҳолест, ки то кунун дар Тоҷикистон Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақоми расмии давлатӣ фаъол аст ва дар тамоми шаҳру вилоёт идораҳои худро дорад. Аз сӯйи дигар чанд моҳ қабл фармони президенти Тоҷикистон дар мавриди ташкили зерсохторҳои давлатии мубориза бо коррупсия дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ содир шуда буд.

Иддае аз коршиносон бар ин андешаанд, ки таъсиси ин Шӯро даъвоҳо дар мавриди муассир набудани фаъолияти ниҳоди давлатии мубориза бо фасодро рӯшан мекунад.

Абдулраҳим Абдулҳасанов дар конфронси зикршуда аз натиҷаҳои як соли фаъолияти Агентии мубориза бо фасод гузориш дода қайд кард, ки дар ин муддат чанд нафар аз мансабдорони сатҳи мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва додрасҳо бо ҷурми ришваситонӣ боздошт шудаанд. Мавсуф зикр намуд, ки аз он ҷумла раиси додгоҳи ноҳияи Вахш бо гирифтани ришва муттаҳам дониста шудааст. Умуман фасод дар сатҳи мақомоти ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҷой дорад, аммо дар сатҳи вазоратҳо то ҳол касе ба мо муроҷиат накардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97