Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Додоҷони Атовулло ба Аврупо рафтааст

Хабари муҳим 16.10.2008 14:38

Додситони кулл Бобоҷон Бобохонов дар нишасти хабариаш хабар дод, ки Додоҷони Атовулло, хабарнигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор" ҳамчунон мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Бобоҷон Бобохонов афзуд, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда аъмоли ба гуфтаи вай ҷиноии Атовулло собит шуда ва ба ин далел мавзӯъи боздошт ва истирдоди ин хабарнигори фирорӣ ба кишвар ҳамчунон матраҳ аст. Зимнан, Додоҷони Атовулло баъд аз эъломи пайгарди қонунӣ алайҳи худ аз сӯйи Додситонии кул, аз Маскав ба Аврупо рафт. Ба гуфти вай, ниҳодҳои зирабти Русия аз хуруҷи вай дар фурӯдгоҳи Маскав монеъ нашудаанд.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97