Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Ё наузанбиллоҳ…

Хабари муҳим 11.09.2008 15:27

Рӯзи 10 сентябр озмоишгоҳи бузуре ба фаъолият шурӯъ кард, ки фарзияи олимон доир ба пайдоиши кайҳонро таҷруба мекунад.

Олимони урупоӣ интизор доранд, ки тавассути ин озмоиш асрори кайҳон ва пайдоиши онро кашф хоҳанд кард. Олимони урупоӣ ин иддаъоро, ки озмоишашон сабаби ба охир расидани дунё мешавад, рад кардаанд.

Барои ин озмоишгоҳи бузург, (Large Hadron Collider (LHC)), донишмандони бешумор кӯмак кардаанд, барои бунёди он 15 сол ва ҳудуди 10 миллиард доллар ҳазина шудааст.

Бино ба гуфтаи бархе аз коршиносон, мумкин аст, ки сурохиҳои сиёҳ (чёрная дыра), ки ҳангоми таҷриба ҳосил мешаванд, метавонанд, тамоми ашёи атрофи худ ва дар ниҳоят сайёраи Заминро фурӯ бубаранд.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97