Хабар

Базми ҷамшедии суғдиён дар Бадахшон 04.05.2016 18:18 Базми ҷамшедии суғдиён дар Бадахшон
Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки қарор аст, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шавад, рӯзҳои фарҳангу ҳунар дар вилоят дар ҷараён аст. Аз 27-ум то 30-юми апрел Рӯзҳои фарҳанги ....

Раиси вилояти Суғд ба Спитамен рафт 28.04.2016 06:22
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба ноҳияи Спитамен бо рафти сохтмони муассисаи таълимӣ ошно шудааст. Мактаби хусусии дуошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Ишонқулов барои 200 нафар дар як баст бунёд шудааст. Раиси вилоят ба масъулини соҳаи маориф ва ин соҳибкор ....
17 зарбаи корд; зан намурд, сӯиқасдгар боздошт шуд 28.04.2016 06:20
Марди боздоштшуда ба хонаи як зани 31 сола дар шаҳри Турсунзода ворид шуда, дар пайи муноқиша бо ӯ, ба бадани зан 17 корд задааст. Зан пас зарби 17 корд зинда монда, алъон дар бемористон бистарӣ аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо гумони захмдор кардани ин зан сокини шаҳри ....
Ҷангу сулҳи Афғонистон дар Академияи илмҳои ҶТ баррасӣ шуд 25.04.2016 18:21
Имрӯз 25 апрели соли 2016 Конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Афғонистон» дар Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар ин конфронс донишмандон ва коршиносони Академияи илмҳо, ВКД, ВКХ, АНМН назди Президент, вазорати энергетика ва захираҳои об, вазорати фарҳанг ва сафирони кишварҳои ....
Боздошти як масъули калидии толибон дар вилояти Кундуз 25.04.2016 17:03
Ниҳодҳои амнияти милли Афғонистон аз боздошти масъули низомии толибон дар вилояти Кундуз хабар дода ва гуфтааст, ки "қорӣ Салим" нимаҳои шаби гузашта дар вулусволии Хонободи ин вилоят дастгир шудааст.
Олимони олмонӣ аз кашфиёти Ибни Сино боз ангушт газиданд 24.04.2016 07:30
Муҳаққиқони олмонӣ ба пажӯҳиши дастнахурдае аз Абӯалӣ ибни Сино дар бораи абарнавахтар (supernova) даст пайдо кардаанд. Дар ин бора сомонаи arXiv.org хабар додааст. Ба навиштаи ин сомона Абӯалӣ ибни Сино дар бораи абарнавахтаре ба номи SN 1006 дар китоби «Шифо» бо забони арабӣ маълумоти муфассал додааст. Дар ин матн омадааст, ки ин ....
«Бачабоз» дар Қазокистон ахта мешавад 23.04.2016 13:33
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба қонун дар бораи афроди «бачабоз» (педофил) имзо гузошт. Ин қонун, бо ҳадафи «ҷилавгирӣ аз мавриди хушунати шаҳвонӣ» тариқи сӯзандору ворид кардани маҳлули кимиёӣ ба шахси гунаҳкор, яъне "ахтасози"-и ин шахсро пешбинӣ мекунад. Тарҳи қонуни мазкур моҳи гузашта аз ҷониби порлумони ин кишвар тайид гардид. ....
Абдулҳамид Самад: Иштибоҳи гузаштаро такрор накунед! 22.04.2016 12:50
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар мусоҳибае бо хабаргузории давлатии «Ховар» гуфтааст: «Ба такрори он каҷравӣ, саҳву хаттоҳое, ки аз бобоёну падарон гузашт ва боиси харобии кишвар, бадномӣ ва сарсонии мардум шуд, роҳ надиҳанд.» Ӯ афзудааст: «Дар оянда ҳифзи Ватан, суннат ва арзишҳои миллӣ, озодиву дастовардҳои он, сулҳу ваҳдат дар ....
Дидорбинии сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар Машҳад 21.04.2016 17:37
Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Ирон ба шаҳри Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ рафта, бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Фирдавсӣ ва устодони онҳо мулоқот кардааст. Ба гузориши Садои Хуросон, Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Ирон дар дидори худ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, зимни ташаккур аз заҳамоти устодон барои ....
«Чодари хаёл" дар Душанбе хайма зад 21.04.2016 06:48
Маросими расмии кушодашавиии панҷумин Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки “Чодари хаёл” рӯзи 16-уми апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то 22 апрели соли 2016 дар пойтахт ҷараён хоҳад дошт.
Тоҷикистон дар рӯйхати “Озодии матбуот-2016” боз ақиб рафт 21.04.2016 06:29
Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» Шохиси озодии матбуотро дар соли 2016 нашр кардааст, ки Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 150-ум қарор додааст. Яъне Тоҷикистон дар як сол 34 зина поин фаромадааст.
©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97