Хабар

SOS: Се нафар аз бемории таби хунӣ ҷон бохтанд ва таби хунӣ ба пойтахт расидааст 13.08.2009 15:26 SOS: Се нафар аз бемории таби хунӣ ҷон бохтанд ва таби хунӣ ба пойтахт расидааст
Фоҷиаи навбатӣ дар ноҳияи Турсунзода сар задааст. Дар ин ноҳия 3 нафар аз бемории таби хунӣ ба ҳалокат расидаанд. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки ба ин ....

Намоишгоҳи Афғонистон дар Душанбе 06.08.2009 16:19
Дар аввалин намоишгоҳи иқтисодии Афғонистон дар Душанбе, ки рӯзи 4 август дар Кохи Борбад ифтитоҳ шуд, дастовардҳои иқтисодии ҳафт соли ахири ин кишвар ба маърази тамошо гузошта шуд.
Арзиши нируи барқ боз боло рафт 06.08.2009 16:19
Давлат аз моҳи август қимати истифода аз нируи барқ дар кишварро 25 дарсад боло бурдааст. Ҳамакнун, соҳибони манзилҳои маскунӣ барои истифода аз нируи барқ ҳудуди 7,5 дирам барои ҳар як киловат соат мепардозанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳол сокинони кишвар барои истифода аз як киловат соат нируи барқ 6 ....
Журналистон аз давлат кумак мехоҳанд 06.08.2009 16:18
Масъулони расонаҳои мустақил ва иттиҳодияву созмонҳои рӯзноманигории кишвар бо як муроҷиатнома ба давлат хостори пуштибонӣ аз фаъолияташон шудаанд.
Шакар қиммат, вале орд арзон шуд 06.08.2009 16:18
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омор аз аввали соли 2009 нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишвар боло рафтааст.
Оилаи Атобулло Рақибовро кӣ бесарпаноҳ кард? 06.08.2009 16:17
Як гурӯҳ аз сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, рӯзи 3 август дар назди қасри раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Ин гурӯҳе, ки тақрибан 15 нафарро ташкил медоданд, мегӯянд, ки бори севум аст ба раёсати ҷумҳури ариза ирсол карда ва хостори таҳқиқи қазияи тахриби манзили як хонаводаи дорои панҷ фарзанд дар ин ....
Бошишгоҳи одамони ибтидоӣ дар Ховалинг 06.08.2009 16:17
Бостоншиносони тоҷик дар ноҳияи Ховалинг бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоиро пайдо кардаанд. Амирхон Саидзода, мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг дар ин бора ба “Миллат” хабар дод.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Зардорӣ 30.07.2009 16:54
Ду раиси ҷумҳурӣ дар мавриди ифтитоҳи масири ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломобод ва таъсиси бахши Бонки Миллии Покистон дар пойтахти Тоҷикистон дар дидори ахири худ ба натиҷа расидаанд. Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи 28 июл ба манзури анҷоми дидоре расмӣ вориди Душанбе шуда буд, ....
Ҳомид Карзай ба Душанбе омад 30.07.2009 16:54
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, баъд аз зуҳри рӯзи 29 июл вориди пойтахти кишварамон шуд.
Низомиёни ҷинояткор зиёд шуданд 30.07.2009 16:53
Дар ду соли ахир ҷиноят дар миёни маъмурони интизомӣ ва низомӣ дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи судяи Додгоҳи низомии ин вилоят Сафаралӣ Абдураҳимов дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 90 нафар аз ҷумлаи низомиён ва маъмурони корҳои дохилӣ дар додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд муҳокима шудаанд.
Ду таркиш дар қалби Душанбе 30.07.2009 16:53
Мақомоти милиса аз сар задани ду таркиш дар ду маҳал дар марказипойтахт хабар доданд. Ба гуфтаи манобеъи милиса, яке аз ин таркишҳо дар маҳалле наздик ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Титов ва инфиҷори дигар дар назди меҳмонхонаи "Тоҷикистон", сурат гирифтааст.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97