Хабар

Забон бояд форси тоҷикӣ унвон шавад 10.09.2009 15:22 Забон бояд форси тоҷикӣ унвон шавад
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагони кишвар пешниҳод кардааст, ки ба ҳангоми баррасии тарҳи ҷадиди қонуни забон бар умумияти тоҷикию форсӣ дар матни дебоча ё яке аз маводди қонун ....

Чаҳор узви Ал-қоидаро Додгоҳи олӣ зиндонӣ кард 03.09.2009 15:42
Додгоҳи олии кишвар рӯзи 28 август чаҳор нафар шаҳрванди кишварамонро ба ҷурми узвият дар созмони Ал- қоида муҳокима карда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Як коргари чинӣ дар ноҳияи Айнӣ фавтид 03.09.2009 15:42
Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, ки як шаҳрванди Чин дар асари як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Айнӣ вафот кардааст.
"Қатарӣ Диёр" дар "Диёри Душанбе" 03.09.2009 15:41
Як ширкати қатарӣ тарҳи муҷтамаъи сохтмонӣ дар назди Кӯли Ҷавононро, ки аз биноҳои бисёртабақа ва замонавӣ иборат хоҳад буд, рӯзи 27 август муаррифӣ кард.
Марзи одамхори Узбакистон боз як қурбонӣ гирифт 27.08.2009 18:53
Марзбонони Узбакистон рӯзи 22 август ҷасади як сокини ноҳияи Панҷакентро, ки аз зарби тир ба қатл расидааст, ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Манобеъи марзбонӣ дар шимоли Тоҷикистон гуфтаанд, ки Хайруллоҳ Суюсов, сокини 36 - солаи деҳаи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент, як моҳ пеш ба ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз марз дар минтақаи Ургути ....
Amazon, Yohoo ва Microsoft аллайҳи Google 27.08.2009 18:52
Пружаи китобхонаи Гугл (Google) бо монеъе аз сӯйи се ғули нармафзории ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст. Ширкатҳои Омозун (Amazon), Мойкрософт(Microsoft) ва Яҳу (Yohoo) қарор аст ба созмонҳои ғайриинтифоъӣ ва Анҷуманҳои китобхонадории байналмилалӣ бипайванданд, то парвандае ҳуқуқӣ алайҳи нависандагон ва ношироне матраҳ кунанд, ки барои табдили миллионҳо ҷилд китоб ба копии диҷитолӣ ва ....
Узбакистон боз ба Амрико рӯ меорад 27.08.2009 18:50
Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар Тошканд бо Девид Петриюс, фармондеҳи нируҳои амрикоӣ дар Ховар ва Осиёи Миёна мулоқот кард.
Ҳушдор аз истифодаи тибби мардумӣ 27.08.2009 18:50
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зимни судури як баёния истифода аз васоили ҳомеопатия ё тибби ғайрирасмӣ ё суннатиро дар табобати мубталоён ба амрози мусрӣ, назири вируси камбуди масуният (ВИЧ ё Эйч-ой-вӣ), сил ва малериё хатарнок хондааст.
Додситонии кулл Салимзодаро ба Қирғизистон надод 13.08.2009 15:29
Додситонии кулли Тоҷикистон дархости Қирғизистон дар бораи истирдоди Муҳаммади Салимзода, шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон ба он кишварро рад кардааст.
Дар Рамазон «Ролтон» боз боло меравад?! 13.08.2009 15:28
Дар остонаи моҳи мубораки Рамазон хостем аз бозорҳои мухталифи шаҳрҳои кишвари азизамон, ки аксарияти қишрҳои дорову нодор асосан муқими ин шаҳрҳо ҳастанд, боздид кунем.
«Имрӯз»: Бехабар мондем, боз мутаваққиф шуд 13.08.2009 15:27
Аз субҳи рӯзи 11 август пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" дар Тоҷикистон комилан мутаваққиф шуд. Ба гуфтаи масъулони радиои "Имрӯз", рӯзи 27 июл, дар пахши барномаҳои ин радио мушкилоте пеш омада ва дар мавҷи муртабит бо он садоҳои бегона пайдо шудаанд.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97