Хабар

Анҷумани ҲНИТ: Феҳраст тағйир кардааст 24.12.2009 18:43 Анҷумани ҲНИТ: Феҳраст тағйир кардааст
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи якшанбеи 20 декабр, дар Анҷумани фавқулоддаи ин ҳизб гуфтааст, ки интихобот танҳо механизми ба таври қонунӣ расидан ба қудрат маҳсуб шуда ва нақзи ....

Интихобот рӯзи 28 феврал баргузор мешавад 17.12.2009 14:54
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар рӯзи 28-уми феврали соли оянда рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон муқаррар гардид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо номзадҳо ба ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дидор карда ва аз онҳо таъмини шаффофият ва баргузории интихоботи мунсифонаро тақозо кардааст. Аъзои нави Комиссияи марказии ....
Таътили зимистона 24 рӯз шуд 17.12.2009 14:54
Вазири маориф бо судури фармоне дастур додааст, ки дар кулли мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили зимистонӣ аз 10 то ба 24 рӯз тамдид карда шавад. Тибқи ин тасмим ҳамчунин ба далели тамдиди таътили зимистонӣ соли таҳсили шогирдони таҳсилоти ҳамагонӣ то якуми июн идома ёбад.
"Сангтӯда-1" не туда, не сюда 04.12.2009 19:24
Масъулони ширкати "Сангтуда-1", мегӯянд, ки ин ниругоҳ аз дувуми декабр бо реҷаи маҳдуди тавлиди нируи барқ фаъолият хоҳад кард. Қаблан раҳбарони ин ниругоҳ дар номае ба Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, ҳушдор дода буданд, ки дар сурате, ки то якуми декабр "Барқи тоҷик" қарзҳои 42-миллионсомонии худро пардохт накунад, фаъолияти ин ниругоҳ ....
Давлатро кӣ ғорат мекунад? 04.12.2009 19:24
Дар соли ҷорӣ аз маболиғи буҷаи давлат ба миқдори беш аз 55 млн. сомонӣ ба таври ғайримақсад масраф шуда ва ё ба ғорат рафтааст. Рӯзи 27 ноябр, дар ҷараёни муҳокимаи раванди иҷрои будҷаи соли 2009 дар порлумони кишварамон ибрози нигаронӣ шуд, ки раванди сирқат ва тасарруфи маблағи будҷа ҳамасола рӯ ....
Р. Зойиров худмухтории Бадахшонро мехоҳад 26.11.2009 14:55
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хоҳони баробарии шумори раъйдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботии инфироди ё якмандатӣ шудааст. Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ бояд ҳавзаҳои интихоботии инфиродиро тибқи моддаи Қонуни асосии Тоҷикистон таъсис диҳад.
Вокуниши Тоҷикистон ба иддаоҳои Узбакистон 26.11.2009 14:55
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии вижа рӯзи 25-уми ноябр, масъалаи хуруҷи Узбакистон аз системаи ягонаи таъмини нируи барқи Осиёи Марказиро "тасмими сиёсӣ" номид.
Зиндониёни афѓон истирдод мешаванд 26.11.2009 14:54
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик 250 афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба Афғонистон истирдод шаванд. Саидмуҳаммад Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки қаблан дар ин замина миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон мувофиқатномае имзо шуда ва ин санад аз ҷониби порлумонҳои ҳар ....
Давлат саҳмия мефурӯшад, ҲНИТ мехарад 19.11.2009 15:18
Раиси ҷумҳури кишвар хостори аз ибтидои соли нав ба фурӯш баровардани саҳмияҳои ниругоҳи Роғун шуд. Гуфта мешавад, ки ин амр ба тавсеъаи бахши сохтмонӣ дар ин ниругоҳ мусоидат хоҳад кард.
Ҷаври минҳои Узбакистон 19.11.2009 15:17
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ, ки дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони "Кӯмак ба ҳамкориҳо алайҳи мингузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" гуфт, то замоне, ки дар Афғонистон хатари толибон боқӣ аст, мавзӯъи вуҷуди минҳо дар марзи Узбакистон мисли қабл боқӣ хоҳад монд.
Додихудо Саймуддинов: Риояи меъёри забонро тақозо хоҳем кард 19.11.2009 15:17
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо ӯ анҷом додем, пешкаши шумо мешавад.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97