Хабар

Фарзона худро гунаҳкор намедонад 11.02.2010 16:38 Фарзона худро гунаҳкор намедонад
Овозхони тоҷик, Фарзонаи Хуршед, дар рӯзи нахустини мурофиаи додгоҳӣ дар Догоҳи ноҳияи Сино, ки 9-уми феврал сурат гирифт, иттиҳомот алайҳи худашро рад кард.

Раиси нав дар "Барқи тоҷик" 21.01.2010 19:55
Санъат Раҳимов, раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз мақомаш барканор ва Абдулло Ёров, вазири пешини энержии Тоҷикистон, ба ин симат таъин шудааст.
Истирдоди бародари Ғаффор Мирзоев ба Тоҷикистон 21.01.2010 19:54
Тибқи иттилои Вазорати дохилии Тоҷикистон, бародари генерали зиндонӣ, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Дархости интиқоли маблағҳо ба банкҳои ватанӣ 21.01.2010 19:54
Президент Эмомалӣ Раҳмон, аз тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик даъват кард, ки дороиҳои худро аз бонкҳои кишварҳои хориҷӣ ба ватан интиқол диҳанд. Ӯ қавл дод, ки дар ин сурат, ин маблағҳо қонунӣ маҳсуб мешаванд ва мавриди пайгарди қонунӣ қарор нахоҳанд гирифт. Дар акси ин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон эълом кард, ки давлати ....
Таъйиди феҳрасти номзадҳо аз ҷониби КМИР 21.01.2010 19:53
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ феҳрасти ҳизбии номзадҳои интихоботи порлумониро таъйид кардааст. Дар ҳоле ки теъдоди номзадҳо дар феҳрасти ҳизбии бештари аҳзоби сиёсӣ коҳиш ёфтааст, аммо номзадҳои Ҳизби ҳалқи демократи ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пурра ҳифз шудаанд.
Ҷосуси Узбакистон 20 сол зиндон шуд 15.01.2010 14:59
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон дар мавриди Бобомурод Аноровро, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд, таъйид кардааст. Дар охирҳои моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бобомурод Аноровро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ва убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ ба муддати 20 сол равонаи зиндон карда ....
Таниш миёни Додситонӣ ва Агентии мубориза бо фасод 15.01.2010 14:59
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки маъмурони Агентии мубориза бо фасод додситонҳоро ба даст задан дар ҷиноятҳо таҳрик мекунанд. Ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов, дар соли гузашта алайҳи чаҳор додситон дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ду мавриди он бо "таҳрики" маъмурони ин агентӣ сурат гирифтааст.
Дидори ду раиси ҷумҳур 07.01.2010 14:02
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ирон дар мулоқоти ахирашон изҳор доштанд, ки ҳамраъйӣ ва ҳамкории миёни ду давлатро минбаъд ҳам густариш ва таҳким мебахшанд. Тоҷикистон ва Ирон дар пайи ин мулоқот ва музокироти раисони ҷумҳурӣ ва ҳайатҳои ду ҷониб шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Бозори гарми саҳмияфурӯшӣ 07.01.2010 14:01
Фурӯши саҳмияҳо барои бунёди нирӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар чаҳор марказ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон оғоз шуд. Аз соати ҳафти субҳи рӯзи 6-уми январ, сокинони шаҳри Душанбе барои харидории саҳмияҳо ба қимати 100, 500 ва панҷ ҳазор сомонӣ дар назди ин марказҳо гирдиҳам омаданд.
Дидори Аҳмадинажод бо Хайруллоев 07.01.2010 14:01
Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Ирон зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.
Валиев ва Назриев интихоботро таҳрим карданд 07.01.2010 14:00
Ҷиноҳҳои ғайрирасмии Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон интихоботи ояндаи порлумониро таҳрим кардаанд. Ҷонибдорони Муҳамадрӯзӣ Искандаров ва Мирҳусейн Назриев мегӯянд, ки сабаби ин амр мудохилаи давлат дар умури ҳизбӣ ва ноқисиҳо дар қавонини интихоботи Тоҷикистон аст.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97