Хабар

Ҳадяи Ҳилоли Аҳмар ба кӯдакони ниёзманд 31.12.2010 17:23 Ҳадяи Ҳилоли Аҳмар ба кӯдакони ниёзманд
Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва шӯъбаи ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи Соли Нав ба тифлони мактаб-парваришгоҳи рақами сеи ноҳияи Сино ёрии башардӯстона расониданд.

«Манора+» нашр мешавад 23.12.2010 09:44
Дар анҷоми соли 2010 дар вилояти Хатлон нахустин ҳафтаномаи рекламавӣ-иттилоотии «Манора+» ба нашр хоҳад расид. Ҳафтаи равон нахустин шумораи ҳафтаномаи рекламавӣ-иттилоотии «Манора+» ба чоп хоҳад расид.
Лукашенкои чаҳор бор пирӯз 22.12.2010 20:02
ё Батка ваъдаи хешро дар мавриди сарқӯб кардани мухолифин иҷро кард 
Нигини ҳунари тоҷик даргузашт 22.12.2010 13:08
Овозхони машҳури тоҷик ва дорандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Нигина Рауфова, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт. Нигина Рауфова бар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Нигина Рауфова, асосан дар жанри мусиқии мардумӣ овозхонӣ карда ва дар солҳои 1970 -80 ба авҷи шӯҳраташ расида буд. Дар ....
Боздошти ҳашт маҳбуси фирорӣ дар Афғонистон 19.12.2010 19:48
Нируҳои амниятии Афғонистон дар як амалиёти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ дар шимоли ин кишвар ҳашт маҳбуси фирориро, ки 23 август аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастҷамъона гурехта буданд, боздошт кардаанд.
Раиси Маҷлиси Миллӣ дастур дод 17.12.2010 10:19
16 декабри соли 2010 дар Маҷлиси миллӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. Дар иҷлосияи мазкур 13 қонунҳои наву мукаммали Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ....
Шукурҷон Зуҳуров бо Гусман мулоқот дошт 17.12.2010 10:15
15 декабри соли 2010 раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар сафари худ ба Индонезия бо раиси Шӯрои минтақавии намояндагони ин кишвар ҷаноби Ирман Гусман дидору гуфтугӯ кард. Тибқи иттилоъи котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Ҷакарта, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои Тоҷикистону ....
Дар атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъмин чӣ гап? 15.12.2010 10:45
Аз ду рӯз ба ин ҷониб, назорати минтақаҳои атрофи шаҳри Кӯлоб таҳти назорати шадид қарор гирифтааст. Чандин чархболи низомӣ дар осмони минтақа чарх мезананд ва нерӯҳои зиёде атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъминро таҳти назорат даровардаанд. Гуфта мешавад, омилони ҳамлаи Балҷувон инҷо паноҳ ёфтаанд. Як манбаъ дар раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ....
Қотили тоҷик зиндонӣ шуд 15.12.2010 10:45
Додгоҳе дар шаҳри Тюмени Русия як шаҳрванди Озарбойҷонро дар қатли се нафар гунаҳкор донист ва ӯро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст. 13-уми декабр, додгоҳи вилоятии шаҳри Тюмен дар охирин рӯзи муҳокимаи Зулфиқор Мамедови 27 сола, эълом кард, ки Мамедов дар қатли ду сокини Озарбойҷон ва як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ....
Сӯҳроби Сафарзод даргузашт 10.12.2010 15:26
Сӯҳроби Сафарзод, Овозхони ҷавони тоҷик 10 -уми декабр, дар рӯзи мубораки ҷумъа бар асари бемории сактаи қалб дар бемористони Қарияи болои шари Душанбе, дар сини 30 аз дунё даргузашт. Сӯҳроби Сафарзод бо иҷрои таронаҳои сабки муинӣ дар миёни ихлосмандону ҳаводоронаш маъруф гашта буд. Зеро вай аз муваффақтарин хонадаҳои таронаҳои сабки Муин, ....
Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо коррупсия таъсис меёбад 10.12.2010 11:00
Дар Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии мубориза бар алайҳи фасод дар назди Президент таъсис меёбад ва қарор аст, ки раҳбарии ин Шӯроро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш бигирад. Масъалаи таъсиси ин Шӯро дар конфронсе таҳти унвони «Роҳандозии муборизаи муассир алайҳи фасод» дар шаҳри Душанбе баён шуд, ки дар кори он намояндагони ниҳодҳои расмии ....
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97