Хабар

Барои 90% аҳолии Бадахшон хидматрасониҳои «МегаФон» дастрас шуд 31.07.2014 12:17 Барои 90% аҳолии Бадахшон хидматрасониҳои «МегаФон» дастрас шуд
Ширкати «МегаФон» лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди шабакаро дар ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2014 ҷамъбаст кард. Дар натиҷаи насби истгоҳҳои иртиботи бесими насли дуввум ва севвум дар минтақаҳои дурдаст ва мушкилгузари ВМКБ, ....

Ифтори тоҷикӣ дар "Чодари рамазонӣ"-и Маскав 10.07.2014 18:36
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои муҳоҷирони тоҷик, дар чодари рамазонии Маскав маросими ифторро доир карданд.
"МегаФон" меҳмонони ярмаркаи тиҷоратии "Суғд-2014"-ро аз 10 кишвари ҷаҳон бо алоқа таъмин намуд 09.07.2014 18:49
25-26 июн дар Хуҷанд ярмаркаи тиҷоратии минтақавии "Суғд-2014" барпо гардид, ки шарики асосӣ ва оператори расмии алоқа  ширкати "МегаФон" гардид.  Дар доираи ҳамкорӣ оператор меҳмонони чорабиниро аз 10 кишвари ҷаҳон бо алоқаи мобилӣ таъмин намуд.
"Чодари рамазонӣ" дар Маскав ва чанд шаҳри Русия 07.07.2014 14:13
"Чодари рамазонӣ" ба муносибати моҳи Рамазон, ба унвони барномае мазҳабӣ-иҷтимоӣ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия, барои алоқа-мандон ва афроди ғайримусалмон, ки мехоҳанд бо дини ислом ва фарҳанги исломӣ ошноӣ пайдо бикунанд, ифтитоҳ шудааст.
Кӯдаки чорсола, ки 13 зарбаи корд хурда буд, фавтид 04.07.2014 15:12
Наздикони Аминҷон Назирови 4-сола, сокини шаҳри Турсунзода, ки 25 рӯз пеш аз сӯи ҳамсоязани 23-солааш 13 зарби корд хӯрда буд, мегӯянд пас аз ҳолати сангин дар бемористон ҷон додааст.
Ромит: Ба ҷойи истироҳат куштор 03.07.2014 14:45
Пулиси ноҳияи Ваҳдат дар робита ба қатли як сокин дар истироҳатгоҳи Симин дар минтақаи Ромит парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Бонки ҷаҳонӣ барои расидан ба "Роҳи абрешим"-и амрикоӣ шитоб кард? 02.07.2014 09:26
Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки тарҳи амрикоии "Ҷодаи бузурги Абрешим" дар Тоҷикистон дар ҳоли амалӣ шудан аст.
Муфтӣ: Арзон кунед! 28.06.2014 10:55
Муфтии мусалмонони Тоҷикистон бо интишори як байния аз тоҷирону фурӯшандагони бозорҳо даъват карда, ки дар моҳи рамазон қиматҳоро пойин бибаранд.
Бонки ҷаҳонӣ бар сари неругоҳи "Роғун" дар Қазоқистон баҳс мекунад 26.06.2014 09:06
Бонки ҷаҳонӣ эълом кард, ки баррасии натоиҷи таҳқиқи мушахассоти фаннӣ ва паёмҳои зистмуҳитии неругоҳ барқи обии "Роғун" бо мушорикати коршиносони кишварҳои  ҳавзаи рӯдхонаи Ому тайи нишасте ба муддати як ҳафта дар дафтари ин ниҳоди молии байналмиллалӣ дар Алмаатои Қазоқистон анҷом хоҳад гирифт.
Youtube аз банд раҳо шуд 24.06.2014 19:36
Дастрасӣ ба торнамои Youtube дар Тоҷикистон сар аз рӯзи 20 июн имконпазир шудааст. Ин шабакаи пурбинанда тақрибан аз 9 июн дастнорас шуда буд.
Қирғизистон канали Намангонро баст то онро пок ва бозсозӣ кунад 23.06.2014 15:52
Мақомоти давлати Бишкек эълом кардаанд, ки ба далели фарсуда шудани таҷҳизоти ҷӯй ё канали обёрии Намангон, ки аз ин кишвар оғоз мешавад, расондани об ба бахшҳое аз Фарғонаро то замони тармими ин шабакаи обёрӣ мутаваққиф хоҳанд кард.
©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97