Бозор Собирро Елтсин аз зиндон озод кард?

Мусоҳиба 22.01.2011 16:35

Маро «Гласность» аз зиндон раҳо кард 

Eltsin_va_Bozor- Чун аз зиндонӣ шудани Шумо ёд кардем, мехоҳам ба як нукта рӯшанӣ андозед? Киҳо барои аз зиндон озод шудани Шумо восита шуданд, ё мусоидат карданд?

- Имрӯзҳо мешунавам, ки ҳар кас ҳарчӣ мегӯяд, ки «мо мусоидат кардем», «мо гап задем», «гуфта будем» ва ғайра. Аслан дар озодии ман нақши Бунёди дифоъи «Гласность» ва хидмати Алекей Симонов, раиси ин созмон, ки дар Маскав фаъолият дорад, бузург аст. Ҳамин созмон, ҳамроҳ бо Иттифоқи нависандагони Русия, адибони шинохтаи советӣ ба унвони Президенти онвақтаи Русия Борис Елсин ҷиҳати мусоидат кардан дар раҳоии ман аз зиндон муроҷиате карда буданд, ки бисёр таъсири ҷиддӣ дошт.

- Аз аҳли адабу зиёи тоҷик киҳо барои озодии Шумо талошу кӯшишҳо карда буданд?

- Аз зумраи адибони тоҷик ҳам нафароне буданд, ки ҳамин гуна як талошҳое барои раҳоии ман аз зиндон карда буданд, вале озод кардани ман аз дасти онҳо намеомад, онҳо ин гуна имконро надоштанд, касе онҳоро гӯш намекард. Масалан, академик Муҳаммадҷон Шукуров ва устод Мӯъмин Қаноат барои озодиям кӯшишҳое карда буданд. Аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карданд, мақолаҳо ҳам нашр шуда буд, ҳатто шоирони ҷавони тоҷик ҳам хостори озодии ман шуда буданд.

- Шунидаам, ки бону Ҳадиса, шоири тоҷик ҳам талошҳое барои раҳоии Шумо аз зиндон карда будаанд?

- Ҳадиса ҳам кӯшише кардааст ва чанд тан аз зиёиён ҳам ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда будаанд.

Дар ҳамин ҷо журналист Саъдӣ Юсуфӣ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда аз Бозор Собир мепурсад:

- Мехостам аз забони Шумо фаҳмидан, ки гӯё шодравон Муҳаммад Осимӣ низ барои аз зиндон озод кардани Шумо назди Президент даромада ва ҳатто ҳамон қиссаи Фирдавсӣ ва Султон Маҳмудро ба ёдаш оварда бошад. Оё ин воқеъият аст?

- Шояд воқеъият дошта бошад. Ман аниқ намедонам. Вале баъди аз зиндон баромадан дар як газета хондам, ки гӯё Осимӣ маро дар Маскав, дар метро дида бошад, бо ман сӯҳбат доштааст, ки ин комилан дурӯғ аст. Осимиро баъди аз зиндон раҳо шудан надидам ва дар ин бора аз забони ӯ чизе нашунидаам, аз ин рӯ наметавонам гуфтан, ки он ҳама рост аст ё дурӯғ. Шояд ӯ ҳамчун як зиёии пешқадам назди Президент рафта бошад ва ин хоҳишро ҳам карда бошад. Вале фикр намекунам, ки таъсири он аз таъсири Бунёди дифоъ аз ошкорбаёнӣ бештар бошад.

 

Дар даврони Аскар Ҳаким зиндонӣ шудам 

Т. С. - Мегӯянд, ки дилсардии Шумо аз Иттифоқи нависандагон дар замони сарвари ин Иттифоқ будани устод Қаноат маншаъ гирифтааст. Шумо бо устод Қаноат чӣ мушкил доштед?

- Ҳеч мушкил! Ман бо Қаноат ҳеч вақт мухолиф набудам ва ҳеч вақт мушкил ҳам надоштам. Қаноат яке аз устодони асосӣ ва бевоситаи ман аст. Замони роҳбари Иттифоқи нависандагон будани Қаноат беҳтарин даврони эҷодиёти ман буд. Қаноат тақрибан тамоми шароити эҷодиро барои ман муҳайё сохта буд. Бароям хона дод, кори хуб ҳам дод, маро мудири бахши назм дар Иттифоқи нависандагон таъин кард. Ӯ аслан аз ман талаботи зиёд намекард ва бештар маро ба кори эҷодӣ машғул медошт. Дастхатҳои маро мехонд, таҳрир мекард, бароям машварату маслиҳат медод, камбудиҳоямро ислоҳ мекард. Хулоса, Мӯъмин Қаноат ба ман хеле ғамхор буд. Дар замони раисии Қаноат ман бологузар будам. Дар вақти раисии Аскар Ҳаким бошад, зиндонӣ шудам. Илҳоми аввалини ман аз шеърҳои Қаноат буд. Ман Қаноатро намешинохтам, вале шеъраш маро мафтун карда буд. Масалан, ӯ шеъре дорад бо номи «Баҳори Варзоб», ки он вақтҳо мо шоирони ҷавон ҳама мафтуни он шеър, волаву шайдои тасвирҳои хеле олӣ ва шоиронаи Қаноат будем:

Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,  

Гӯйи ту пири  гулфурӯшон аст. 

Ҷомаи беқасаб ба бар дорад, 

Салаи суф гирди сар дорад. 

Локии шоҳӣ дар камар дорад, 

Сабади гул ба пеши бар дорад.

Аз ин беҳтар тасвир нест ва намешавад.

Ба Турсунзода бад нагуфтам

- Шумо баъзан дар бораи шахсияти устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода суханҳое мегӯед, ки аҳли маънӣ нороҳат мешаванд. Чун бо Шумо рӯ ба рӯ қарор дорам, дар ин масъала мехоҳам назаратонро бо гӯши худ бишнавам.

-  Мирзо Турсунзода як шахсияти бузурги адабиёти мо ҳаст. Турсунзода ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва арбоби ҷамъиятӣ дар муаррифии фарҳанги миллӣ ва миллати тоҷик нақши бузург дорад. Ман дар бораи Мирзо Турсунзода ҳеч вақт ҳарфи баде нагуфтаам, дар хотирам нест, ки аз Турсунзода бо бадӣ ёд карда бошам.  Ӯ марди бузург буд. Дар бораи Боқӣ Раҳимзода чӣ гӯям. Раҳматӣ савод надошт. Ӯ бадоҳатан шоир шуда буд. Ӯ хондаву омӯхтаву ҷӯста шоир нашуда буд. Ӯ мактаби шеър надида буд, дар ҷамъияти шоирон афтоду бадоҳатан шоир шуд. Боқӣ тақрибан 20 сол дар Иттифоқи нависандагон мураббии шоирони ҷавон буд. Аз ҷумла мо ҳам шогирдаш будем ва дар маҳфилҳои адабиаш ширкат мекардем. Чун шеърҳои худро наздаш мебурдем, чизе бароямон додаву гуфта наметавонист. Ман боре надидаам, ки ӯ қалам гирифтаву «ин мисраъ, ё ибора, ё калима нодуруст омадааст, ғалат аст, намешавад» гуфта бошад. Даҳонӣ ягон чизе мегуфт, вале қалами таҳрир надошт. Яъне як устоде, ки бевосита бо шогирд кор кунаду шоир тарбия кунад, ин тавр набуд.

- Чуноне огаҳӣ доред, чанде қабл як ҳамлаи расонаӣ бар алайҳи устод Қаноат сурат гирифт, ки мехоҳам андешаи Шуморо сари ин мавзӯъ бидонам?

-  Хабар дорам. Ман мусоҳибаи тӯлонии Қаноатро дар «Миллат»-и Адолат ва ҳам посухи Атахон Сайфуллоевро аз кадом як рӯзномае ботафсил ва дақиқан хонда будам. Сӯҳбати Қаноат ҳамааш дуруст буд, фақат дар масъалаи Айнӣ фикр мекунам нохоста ва дар сари эҳсос гуфтааст. Аммо посухи Сайфуллоев сар то сар тамаллуқ аст, ҷавоби тамаллуқкорона аст. Қаноат дар баҳо додан ба нақши Айнӣ дар таърихи миллат баъдан андешаи худро дар «Миллат» гуфта буд. Он гуфтаҳои қаблии хешро ӯ шарҳу тавзеҳи хубе додааст.

- Мегӯянд, он чӣ устод Қаноат дар он мусоҳибаи тӯлониаш бо «Миллат» гуфтааст, зери таъсири Шумо будааст, яъне Шумо дар мафкура ва андешаи ӯ ҳангоми сӯҳбатҳоятон бо эшон таъсир расондаед?

- Дар шину хезҳо ва сӯҳбатҳои якҷоя бо Қаноат ман ин ҷуръатро надоштам, ки ба ӯ таъсир бирасонам ва ё фишор биорам. Шояд мусоҳибаҳои қаблан доштаам ба Қаноат таъсире расонида бошанд. Гуфтам, ки дар он мусоҳибааш Қаноат агар ба Айнӣ кордор намешуд ва ба болшевикон лаънат намехонд, дигар ҳамааш хуб буд.

Устод Айнӣ кист? 

- Хуб, аз Шумо бипурсем, ба андешаи Шумо устод Айнӣ кӣ буд ва ӯ чӣ мақоме дар таърихи миллати тоҷик дорад?

- Садриддин Айнӣ забардасттарин тоҷик аст. Агар тоҷик шахсияте дошта бошад, он бешак Айнӣ аст. Айнӣ шахсияти рақами 1- и сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон аст. То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем, ё форс, ё хуросонӣ. Ин калимаро Айнӣ дар даҳони мо гузошт. Ӯ ба мо талқин кард, ки мо тоҷикем ва дар зери ҳамин калима бояд муттаҳид шавем. Ва мо адабиёти тоҷик чист, намедонистем. Ӯ барои мо «Намунаи адабиёт» навишт. Ӯ барои мо бо забони рехтаву суфтаву содаи тоҷикӣ навишт, ӯ дар бораи қаҳрамонҳои халқи тоҷик китоб навишт. Ҳудуди миллиамонро ӯ бароямон гуфт. Мо то Айнӣ намедонистем, ки Самарқанду Бухоро шаҳрҳои аслии мо тоҷикон, гаҳвораи шеъру тамаддуни мо ҳастанд. Ӯ инро ба мо гуфт. Шахсиятҳои фарҳангии мо аз Айнӣ шурӯъ мешаванд. Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода ва Ғафуров. Дар сари ин шахсиятҳо камтар баҳс кунем, беҳтар аст.

Оятхонӣ, ҷаноза ва мурдашӯӣ дин нест 

- Шумо дар ҷомеъаи Тоҷикистон як шоири хеле шинохта ва маҳбуб ҳастед, аммо баъзан аз тариқи матбуот ҳарфҳое мегӯед, ки бойиси қаҳру ғазаби ҷомеъаи мусалмонии мо мешавад. Шумо ба эҳсосоти мардум нохун мезанед, муқаддасоти мардумро, Худову дину муллоҳоро бадгӯӣ мекунед. Оё намешавад, ки ҳамин корро накунед, то эҳтирому эътиборатон миёни мардум баланд боқӣ бимонад?

- Не, намешавад!

- Яъне бояд бигӯед?

- Ман наметавонам замонасозӣ кунам. Шумо бубинед, ҷамъияти пешрафтаи дунё исломӣ нест , ҷаҳони мутамаддин ҷаҳони мазҳабӣ нест. Ман ҷонибдори дунёи пешрафта ҳастам, на ҷонибдори ҷаҳони қафомонда. Ман ҷонибдори дунёи аз ҷиҳати илм, фарҳанг, саноат ва техника пешрафтаву рушд карда мебошам. Ҷонибдори ҷаҳони феодалӣ нестам.

- Шумо пайрави кадом дин ҳастед?

- Аз ҳеч дин! Ба ҳеч дин сару коре ҳам надорам.

- Маъзарат мехоҳам, Шумо мусалмон нестед?

- Ман мусулмон нестам. Ман атеистам, атеисти Шӯравӣ.  Ягон шартҳои мусулмониро қабул надорам.

- Шумо ба зиёрати оромгоҳи падару модар ва наздиконатон рафта будед?

- Сад бор рафтам. Ҳар рӯз меравам.

- Ояти Қуръон хондед?

- Оят ман нахондам, муллову як- ду мӯйсафеди ҳамроҳам буда хонданд. Ин оятхонӣ, ҷаноза ва мурдашӯӣ дигар дин нестанд. Инҳо дигар як анъана ҳастанд. Ҳамин Наврӯз ҳам аз ҷониби шоҳ Ҷамшед чун як ҷашн эълон шуд ва дигар то имрӯз ҷашнгириаш анъана шудааст. Бисёр одатҳои дини зардуштӣ то имрӯз дар миёни мо тоҷикон боқӣ монда ва риоя мешаванд. Инҳо дигар марбут ба дин нестанд, як одати халқӣ шудаанд.

(давом дорад)

Сӯҳбати Т. Сайидзода ва С. Юсуфӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97