Millat
19.05.2012
Чаро мо аз ҳифзи суннатҳои исмоилии худ даст кашем?
14.02.2012 09:55   

Badakhshoniyoni_ismoiliВақтҳои охир аз ҷониби муҳаққиқон ва рӯзноманигорони тоҷик дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ доир ба таълимоти исмоилия мақолаҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо мавзӯъҳои муҳим ба мисли ҳифз намудани суннатҳои аҷдодӣ, эҳтиром гузоштан ба таърих ва фарҳанги миллӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Хусусан доир намудани чунин баҳсҳои муҳим аз ҷониби равшанфикрон дар ин замони ҷаҳонишавии фарҳангӣ хеле зарурӣ мебошад ва ҳар як тоҷики фарҳангдӯст вазифадор аст, ки аз фарҳанги миллӣ ва аҷдодии худ дифоъ кунад.

Дасти бози Ғарб дар умури Бадахшон

Солҳои охир пас аз барқарор шудани робитаи исмоилиёни Бадахшон бо ҷаҳони Ғарб мардуми мо дар масъалаи нигаҳдории фарҳанги аҷдодии худ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудаанд. Махсусан баъзе аз ислоҳталабон аз ҷаҳони Ғарб ба Бадахшон ворид шуда, мардуми моро нодуруст раҳнамоӣ намуданд ва хостанд онҳоро аз таърих ва фарҳангашон дилсард намоянд. Аз ҷумла чунин воқеа бо фарҳанги мазҳабии исмоилиёни Бадахшон рух дода буд, ки бар асари ислоҳоти бемаврид ва бидуни таҳқиқу баррасӣ баъзе аз суннатҳои аҷдодии мо аз байн рафтанд. Ҳарчанд бе фармони Имом ба умуроти мазҳабии исмоилиён ислоҳот ворид кардан мамнуъ аст, вале шахсони алоҳида кӯшиш намуданд, ки таҳти нуфузи хориҷиён қарор гирифта, ин тағйиротро анҷом диҳанд. Пас аз воридшавии ин ислоҳот миёни мардум норозигиҳои зиёде ба вуҷуд омад ва ин ихтилофоти эътиқодӣ то имрӯз идома дошта, ҳалли худро наёфтааст.

Ҷузъ Имоми замон ҳеч кас ҳаққидахолатро надорад

Чуноне ки ёдрас намудем, бе амри имом ягон мурид ҳуқуқ надорад дар суннатҳо тағйирот ворид кунад. Масалан вақте ки бори нахуст робитаи исмоилиёни Бадахшон бо Оғохони 4 барқарор гардид, Имом муридони худро ҳушдор дод, ки ҳар гуна ислоҳот маҳз бо раҳнамоии Имом анҷом дода мешавад. Масалан Оғохони 4 дар чанд фармони худ ин масъаларо таъкид намуданд ва фармуданд: "...Дар тули таърих мо ҳамеша Имоми зинда доштем ва ин вазифа ҳаққи Имоми замон будааст, ки маросими мазҳабиро тафсир ва таъбир кунад ва ин бар мабнои асли имомат маврусӣ(меросӣ) аст"(Лондон, 12 ноябри 1993).

Соли 1995 Оғохони 4 бори дигар муридони худро дар Маскав огоҳ намуданд, ки дар мазҳаби исмоилия асли асосии мазҳаб ин шинохти Имоми замон аст ва муриди ҳақиқӣ он аст, ки дар тамоми умурот ба фармони Имом амал кунад ва дар ин ҷода набояд аз мавқеи ишғолкардаи худ суъистифода намояд. Масалан Имом мефармоянд: "Аввал бигузоред, ки барои шумо ёдоварӣ кунам, ки барои ҳамаи муридони Имом чи аз Осиёи Миёна бошанд, чи аз Ҳинду Покистон ва чи аз ҷаҳони Ғарб асли асосӣ шинохти Имоми замон аст. Ӯст, ки мазҳабро тафсир ва таъбир мекунад. Ӯст, ки дар ҳар замоне ва дар ҳар барҳае аз зиндагии ҷамоат, ҷамоатро дар тафсир ва таъбири мазҳаб роҳнамоӣ мекунад..." (Маскав 29 январ 1995).

Аз ин иршодоти мубораки Волоҳазрат Оғохони чаҳорум ба таври возеҳ маълум мегардад,ки ҳеч як мурид навобаста аз мақоми ишғолкардааш ҳуқуқ надорад,ки ба вазифаҳои имом дахолат кунад ва ба рой ва қиёси худ суннатҳои мазҳабиро тағйир диҳад, ё онҳоро аз байн бибарад.Зеро агар мурид бе амри Имом дар суннатҳои мазҳабӣ тағйирот ворид созад, аз амри имоми даври хеш итоъат накарда ва ба асли мазҳаб, ки шинохти Имоми Замон аст даст наёфтааст.

Файласуфи бузурги исмоилӣ ҳаким Носири Хусрав низ дар рисолаҳои фалсафии худ масъалаҳои муҳим, ба мисли шинохти Имом, итоъат ва фармонбардорӣ аз Имомро ба таври возеҳ шарҳ додааст. Олими маъруф низ ақида дорад, ки ҳеч як аз муриди исмоилӣ ҳақ надорад, ки бидуни амри Имом дар умуроти мазҳабӣ дахолат кунад. Масалан, ӯ мефармояд: «Бидон эй бародар, ки илми Худо дар хазинаи ӯст ва хазинаи ӯ Имоми Замон аст...»

Ва ҳеч кас ба илми Худо нарасад, магар ба дастури хазинадори (Имом)ӯ...

Ва ҳар кӣ бе фармони худованди замонаи хеш (Имом) дар илми худой даст дарозӣ кунад, дузд бошад".(Кушоиш ва раҳоиш.ҷ.1.с.503).

Ё ин ки Ҳакими бузург перомуни муридоне,ки ба хотири мансаб ва сарват мазҳабро бенизом мекунанд, мефармояд:"Ва саввум гӯшти хукро гуфт ва он масал аст бар касе, ки аз ҳарисӣ ба талаби раёсати дунё мар даъвати ҳақро ёд кунад ва ӯ динро бенизом кунад.Чунон ки хук аз ҳарисӣ мар кишоварзӣ мардумро, ки андар он ҳаёти ҷони халқ аст, вайрон кунад ва андар вайрон шудани даъват,ки он кишоварзи рӯзии ботин аст,ҳалоки арвоҳ аст"(Ваҷҳи дин с.276-277).

Ё ин ки, мефармояд:"Ва ҷанобати ҳалол далел аст бар он кас,ки ӯ бар фармони Худованди рӯзгор (имом) сухан гӯяд ва ҳаром далел аст бар он кас ки сухан на ба фармони (имом) гӯяд" (Ваҷҳи дин с. (22).

Аз ин андешаҳои мутафаккир бар меояд,ки он муриди каҷфаҳм,ки қудрат ва бузургии имомро нодида мегирад,ба роҳи каҷ рафта бошад:"Ва андар дин мардум бояд,ки ба манзалати худ биистанд ва бартар аз маҳали хеш манзалат наҷӯянд, ки ӯро набошад... ва ҳар ки аз гурӯҳ бартарӣ он сӯи ӯ қасд кунад, сӯи дасти чап рафта бошад " (Кушоиш ва раҳоиш. Кул. ҷ.1. с.518)

Кайҳон ва компутер ба суннат ҳеч дахл надорад

Масъалаи дигаре, ки мехоҳем перомуни он ибрози назар намоем, ин мақом ва нуфузи таълимоти Носири Хусрав дар Бадахшон мебошад. Зеро Носири Хусрав поягузори ақоиди Исмоилия дар Бадахшон мебошад ва тамоми суннатҳои мазҳабии мардуми Бадахшон бо фалсафа ва афкори динии ин мутафаккири бузург иртиботи   ногусастанӣ доранд ва ҷамоати ин минтақа ба ӯ ҳамчун пири руҳонӣ иродат меварзанд. Вале мутаассифона солҳои охир дар Бадахшон бархе аз мубаллиғони мазҳабӣ ба миён омадаанд, ки онҳо таҳти таъсири ақоиди хориҷиён қарор гирифта, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бе далоили илмӣ ба ҷамоати Бадахшон собит кунанд, ки таълимот ва фалсафаи Ҳаким Носири Хусрав "куҳна" шудааст, "Имрӯз даври кайҳон аст", "Носири Хусрав дар қарни ёздаҳ гуфтааст", "Имрӯз даври технологияи компютерӣ аст" ва ҳоказо. Вале ин шахсон пеш аз он ки чунин суханонро гӯянд, бояд ба худ суол диҳанд, ки оё ягон бадахшонӣ дар ин замони кайҳон ба кайҳон парвоз кардааст? Оё дар ин замони компютерӣ ягон бадахшонӣ компютерро ихтироъ кардааст? Албатта не ва мо то ҳанӯз ҳатто сӯзанро ихтироъ нанамудаем. Пас аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳамаи ин суханон характери ғаразнок дошта, кайҳон ва компютер бо суннат ва фарҳанг ҳеч иртиботе надоранд ва барои тараққиёти ҳамдигар ягон халале намерасонанд.

Носири Хусрав ва Имоми замон

Таълимоти Ҳаким Носири Хусрав, ки кулли суннатҳои мазҳабии исмоилиёни Бадахшон аз он сарчашма мегирад, дар тӯли беш аз ҳазор сол дар мадди назари имомони исмоилӣ қарор дошт ва ҳар имом ин фалсафа ва таълимотро қадрдонӣ намудааст ва иброз доштанд, ки ин таълимоти файласуфи бузурги дорои шуҳрати ҷаҳонӣ дар ягон давру замон кӯҳна намешавад ва онро ҳифз бояд кард. Масалан Оғохони савввум Мавлоно Султон Муҳаммадшоҳ дар фармони худ, ки ба унвони ҷамоати Бадахшон ирсол намудааст доир ба таълимоти Носири Хусрав чунин мефармояд:"Ва дар таълими масоили диния ва соири асрор ва ғавомизи ирфония ва куллияи маросими мазҳабӣ руҷӯъ ва тавассул ва кутуби Носири Хусрав, ки ба фармони ин силсилаи қавими қадим навишта, бикунанд ва ба рой ва қиёси худ дар кори дин руҷӯъ нанамоянд" ( Зиқида, 1349 (1930-31) ). Доир ба ҷовидон будани таълимоти Ҳаким Носири Хусрав Волоҳазрат Оғохони чаҳорум низ дар чанд фармони худ ба таври муқаррар ишора намуданд: "...ва ба хотир дошта бошед, ки муридҳо (пайравони даъвати Носири Хусрави Осиёи марказӣ) дорои тафсире воҳид мебошанд, аммо бо як заминаи таърихии мутафовит ва он заминаи таърихӣ мутааллиқ ба Носири Хусрав мебошад, ки бисёр муҳим аст ва набояд фаромӯш шавад "(Ҳиндустон ноябр соли 1992 ).

Моҳи августи соли 2003 Волоҳазрат Оғохони чаҳорум дар шаҳри Душанбе хишти бинои Маркази исмоилиро гузоштанд, ки маросими гузоштани хишти ин бино бо ҳазораи ҳаким Носири Хусрав рост омад. Дар ин маросим Волоҳазрат Оғохони чаҳорум перомуни пурарзиш ва ҷовидон будани таълимоти ин Ҳакими бузург чунин фармуданд: "Ин хеле муносиб аст, ки маросими гузоштани хишти бинои маркази фарҳангӣ ва динӣ, ки ҳамчун воқеаи барҷастаи таърихӣ аст, бояд бо ҷашнвораи Сайид Носири Хусрав мувофиқ афтад. Бо гузоштани меросе, ки то кунун суннатҳои ақлонии ин минтақаро такомул мебахшад, Носири Хусрав яке аз мутафаккирони бузургтарин ба шумор рафта, саҳм ва нақши вай дар маконе ки имрӯз мо онро мекушоем, гиромидошт мешавад.Бо гузашти ҳазора таъсири таълимоти Носири Хусрав коҳиш наёфта (кӯҳна нашуда) дурахшиши ашъори ӯ низ тира нашудааст..."(Душанбе, август, 2003).

Пас моро зарур аст, ки бе амри Имом суннатҳои мазҳабиро дигар накарда, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки тамоми нозукиҳои онҳоро биёмӯзем ва набояд мутафаккирони барҷаста ва суннатҳои асилро бидуни далели илмӣ кӯҳнашуда ва нолозим пиндорем.

Қирғизбеки Ҷамшед Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Назарҳо  

 
-6 # Zohir 14.02.2012 17:16
Окибат аз дасти шумо баринхо мушкили хона, ки аслан вучуд надорад, ба бозор кашида шуд. Мазхабу суннатро пушиш карда максадхои гаразноки худро мехохед амали намоед. На аз Худову на аз Имому на аз мардум ва аз рухи поки Пир Носири Хусрав шарм намекунед.
Окибат ганчи пинхони мазхаб-фармони Имоми Замонро низ руйи дасти хар касу нокас карор додед.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-13 # бахтиер 14.02.2012 17:43
миллат кори дигар наефтед,хамин 100-хазор исмоилиен чи хавф доранд барои ватану сарзамини мондагии мо.бисер хуб мешуд ки ахволи 20-мил точиконеро ки бо забони рудакиву фирдавси давлати мугулпарвар имконият намедиханд ки гап зананд тавачу медодед.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+15 # назира 14.02.2012 18:06
таълимоти Имоми замон барои хар як муриди равшанфикри чомеа пок ва беолоиш аст. он ашхосе ки дар хусуси илми Носири Хусрави бузугвор шак доранд, бигзор якбор китобхои ин мутафакирро варакгардон кунанд. ин фикри ботили онхо аз бесаводи. Рахмат ба акаи Киргизбеки Чамшед. Мушкилосон хар рузу хар шаб.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+14 # Sabzali 16.02.2012 11:16
biser maqolai khub
vali mutaasifona az inguna maqolaho mardum va javonon Ismoilii Badakhshon bikhabar hastand.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-10 # Ismoil 16.02.2012 16:33
бародари азиз ба фикрам Шумо аз фалсафа ва усули асли шиаи исмоили тамоман дур хастед, бинобар ин барои Шумо хамчун хаммазхаб не, балки хамватан эхтиромона тавсия медихам, ки минбаъд дар мавзуъи бегонаи ба Шумо маколахо навишта нашаванд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+12 # Киргизбек 17.02.2012 23:00
Ба мухтарам Зохир!Хеле хушхолам,ки шумо маколаи маро хондаед ва ба он бахогузрои намудаед!Банда мехохад,ки изхор намояд шумо ба мазмуни аслии он сарфахм нарафтаед.Чи гуна собит мекунед,ки мо максадхои гаразнок дорем?Дар ягон фаромини Имоми Замон наомадааст,ки суннат ва мазхаб пинхон аст ва мо гуё онхоро ошкор сохтаем!Худи шумо ба мукобили Хаким Носири Хусрав ва фаромини Хозиримом сухан рондаед.Ин суннатхои Исмоилие,ки дар Бадахшон поймол гардидаанд,бо амри хоричиён амали гардидааст,на ба амри Пайгамбару Хозиримом!Барои шумо лозим аст,ки маколаро якчанд бор хонда баъд мубоиса кунем!Талаб дорам то номатро ошкоро нависи!Аз ки ва аз чи метарси?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # Ali 22.04.2012 11:58
Assalomu aleykum tamomi barodaroni giromikadr!!! Baroi peshkashi chunin yak mavodi purmazmuni ilmi ba barodaram Kirgizbek izhori tashakkur menamoyam. Maksad az navishtani in afkoram az on iborat ast, ki dar makola dikkati asosi ba voridi tagyirot dar rasmu rusumi mazhabii Ismoiliyoni Badahshon biduni faromini Imomi Zamon va zeri ta'siri "kadom horijihoe" ravona shudaast, ammo norushan ast, ki chi tagyirot, kadom horiji biduni Imomi Davr ba faroizi mazhabi vorid gashtaand. Mazmuni makola ilmi va rushan ast, ammo maksadi on noayon. Hub meshud oidi dalelhoi dar bolo ovardashuda ba tavri voze' va rushan yagon misoli komkreti meovarded!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+13 # Киргизбек 17.02.2012 23:20
Мухтарам Исмоил!Ман бо фалсафа хануз солхои 1970-1975 ошно гардида будам,вале мазхабро аз он пештар омухта будам!Ман дар оилае ба дунё омадаам ва тарбия гирифтаам,ки макони одамони бофарханг буданд.Ягона пешаи мо китобхони,лугат омузи ва мадху ситоиши Худо,Пайгамбар ва Имом буд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+12 # Самандар 18.02.2012 12:17
Бародари Киргизбек ин бесаводхоро гуш накун чунки авлоди шумо барои мазхаб хизмати бузург кардааст ва Шумо ба кадри таълимоти мазхаби мерасед на ин атеистхои гумрох. Маколаи Шумо тамоми далелхоро аз Фаромини Мавло ва таълимоти Носири Хусрав исбот мекунад ва аз илми мазхаб пурра бохабар хастед
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-12 # Hamadoni 18.02.2012 16:12
Чавоб ба Назира. Пир Носири Хусрав мутафакири базург буд,аст ва мемонад. Ягон кас инро инкор накардааст ва наметавонад инкор кунад. Девони Пир то имрузам холо аз худ нашудааст. Вале девонаш , китобхояш аз фармони ИМОМИ ЗАМОН боло нест. Пир дар замонаш бо амри МАВЛО барои мардуам мазхабро ташвик намуд. Ту ву Акаи кур ботинат /// ба худ савол намедихед, ки имруз хамин таълимоте, ки Пир анчом дод ки бояд анчом дихад. ///
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+7 # Чавоб ба Хамадони 22.02.2012 13:39
Мухтарам "Хамадони" аз андешахои пучи шумо маълум мешавад ки шумо харчанд номатро хамадон мегуед вале чизеро намедонед ба чуз итоъат кардан аз мафияи ИТРЕК. Агар аз руи хакикат гирем ба Имом хам мумкин нест ки фарханги зиёда аз хазорсолаи як халк ва ё як миллати мустакилро аз байн барад.Ин чиноят аст. Агар созмонхои Огохон бихоханд ба Точикистон ёрдам кунанд ин ёрдами онхо бояд бегаразона бошад. Агар ин ёрдами созмонхои мазкур ба мо зарари калон расонанд барои мо ва миллати мо чунин ёрдами калбаки лозим нест.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-8 # Hamadoni 20.02.2012 10:51
Мухтарам Каргизбек. Маколаро хондам ба ва ба Шумо савол дорам. Тафсир ва таьбири мазхаб ин вазифаи ИМОМИ ЗАМОНИ аст. Дар даврае, ки ПИР Носири Хусрав зиндаги мекард тафсир ва таъбир ин вазифаи ИМОМИ Замони буд. Пир бо арм МАВЛОИ ЗАМОН мазхабро ба мардум ташвик намуд (яъне фахмонда дод). Имруз хам мазхабро ИМОМИ ЗАМОНИ тафсир ва таьбир мекунад. Савол. Ташиви он кори ITREC аст ё кори Шумо (яъне кор Каргизбеи Чамшед)?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-4 # Kuhpora 20.02.2012 14:35
Ба Бахтиёр
Хамон 20 млн-и шумо ки забону хуввияти миллиашонро гум карданд аввал махз хамин чизхоро аз даст доданд.
Дуввум Исмоилиён дар Точ беш аз 200 хазор ва кариб 20 млн дар дуньё ин ба маълумоти каммаълумоти шумо. Саввум гап дар шумора нест.
Пароканда лашкар н-ояд ба кор
200 марди чанги бех аз 100 хазор
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+7 # Inora 20.02.2012 20:35
Чавоб ба Хамадони!Рафики Хамадони аввалан худат нодони,ки худро Хамадони номидаи.Сониян аз гуфтахоят маълум шуд,ки хам зохир ва хам ботинат кур аст!Агар мантикдон боши ба суханхои хеш нигах кун,ки онхо бузургии Хаким Носирро инкор мекунанд.Фикрхои худро аз руи чанбахои илми исбот кун на бо рохи дашномдихи!Эхти ромона хохиш менамоям,ки зиёдтар фикр кунед ва камтар нависед!Хар як хонанда ба гуфтахои нависанда диккат медихад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+6 # Чавоб ба Хамадони2 22.02.2012 14:09
Мухтарам Хамадонии хечмадон агар таълимоти Носири Хусрав дар Бадахшон намебуд таълимоти Имом низ намебуд. Мардум аслан бо идеолоияи Пир кор мекарданд . Агар хоричиён таълимоти Носири Хусравро дар Помир бархам зананд ин хиёнат ба давлат ва миллати точик аст. Зеро Носири Хусрав яке аз бузургони точик буда зодгохаш низ Кабодиёни Точикистон мебошад. Имом хам набояд чунин тасмим бигирад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-3 # Чавоб ба чавоб 27.02.2012 07:18
Мо на ба давлати точик кор дорем ва на ба миллати точик. Суннати исмоилия моли Имоми Замон аст. Ва мо ба назари мардуми гайриисмоилия этиёч надорем.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Ба Чавоб ба чавоб 28.02.2012 07:42
Аз суханонат маълум ки худат ба миллати худ ва давлати худ бовари надори. Миллат ва давлати худро инкор мекуни. Вале бояд бидони ки аз мазхабгароии калбакии ту хисси милли ва сохиби давлат будан бузургтар аст.Мазхабро ту метавони хар гох мисли либос иваз куни вале миллатро наметавони иваз кунед. Яъне мо бо миллати точик ба дунё омадем ва точик аз дунё меравем. Ва фарханги точик низ моли Огохон нест. Он чизе ки дар Точикистон ба вучуд оварда шудааст онро Огохон ба вучуд наовардаас. Он фархангро мардуми точик ба вучуд овардаанд. Аз тарафи дигар ин фарханги ва суннат молликияти шахсии давлати Точикистон ва миллати точик аст. Пас шумо аввал бояд точики асил шавед давлати ягонаи точикии худро эътироф кунед ва дар охир исмоилияю мусалмон шавед.Аз Хукумати Точикистон низ хохиш мешавад ки хар як кадами созмонхои Огохонро назорат кунад то ин ки кормандонашон ба фарханги точик хиёнат накунанд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-11 # Чавоб ба чавоб 06.03.2012 13:39
Ман ба фаранги мардуми точик кор надорам. Ман помириям. Забони ман дигар аст, мазаби ман дигар аст, урфу одат ва суннати ман низ дигар аст.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # Ба Чавоб ба чавоб 11.03.2012 10:35
Ба чавоб ба чавоб
Ин андешаи шумо ва дигар исмоилиён нисбат ба фарханги точик душманона аст. Яъне шумо исмоилиён зери фарханги Гарб ва бегонагон карор гирифта аз фарханги худ безор шудаед. Ин исбот шуд. Аз суханони шумо маълум ки шумо таърихи худро низ намефахмед. Якум ин ки Помери ин миллат нест ва дар таърих хануз хамчун миллат исбот нашудааст.Миллати шумо точик аст. Ба шиносномаи худ нигаред. Забони шумо низ як забони мустакил нест ин забон як забони бехат ва факат гуфтугуи аст. Мазхаби шумо низ як мазхаби ислом аст. Дар Бадахшон ки зиндаги мекунед ин територияи Огохон нест ин територия моли Точикистон аст. Огохонро низ Президенти Точикистон ба Точикистон даъват кард ва ба у ичозат дод ки созмонхояш дар Точикистон фаъолият кунанд.Суннатхои шумо низ ба забони точики мебошанд.Шумо дар чумхурии мустакили исмоили зиндаги намекунед. Шахрванди Точикистон мебошед.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-1 # Ба Чавоб ба чавоб 12.03.2012 10:48
Аз андешаи аксари исмоилиён маълум гардид ки онхо ба сабаби гарбгарои аз давлат ва миллати худ безор шудаанд. Исмоилияро аз ислом ва помериро аз точик чудо мекунанд. Аз ин гуфтахои хатарнок маълум мешавад ки исмоилия ба як чунбиши хатарнок табдил ёфтааст. Он аслан ба як чунбиши сиёси ва "иктисоди" табдил ёфтааст. Аксари сохторхои онро мафия ишгол намудаанд ки барои онхо на манфиати фарханг ва давлат балки мансаб ва пул мукаддастар аст. Аз исмоилия ба мазхабхои дигари ислом хатар нест зеро он дар назди онхо мисли як нуктаи ноаён ва хеле заиф аст.Аз амалхои бади исмоилиён пеш аз хама ба худи онхо хатари чидди тахдид мекунад. Факат метавонанд ба фарханги точик каме зарар расонанд. Хукумат бояд хушёр бошад ва нагузорад ки касе фарханги точикро расво кунад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-6 # Чавоб ба чавоб 12.03.2012 17:06
Акнун маълум шуд, ки шумо душмани исмоилиен астед. Барои амин мо бояд ба гапои шумо барин душманон гуш надием.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-1 # Ба чавоб ба чавоб 17.03.2012 12:34
Бародар мебахшед мо хеч гох душмани исмоилиён нестем. Исмоилиёнро хамчун хаммиллат эхтиром мекунем. Вале бадбахти ин аст ки шумо исмоилиёни Точикистон таърих ва фарханги худро надониста худро аз миллати точик ва ислом чудо мекунед. Ин албатта бадбахти ва нофахми буда барои худи шумо исмоилиёни Бадахшон хатар дорад.Шумо бояд рохи дурустро интихоб кунед ва ба умеди бегонагон нашавед.Ба шумо тавфик мехохам.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Сиёсатшинос 20.03.2012 08:23
Ман чанд бор барои ошно шудан бо вазъи мазхабии мардуми Помир ба Бадахшон сафар намудам. Бо мутахассисони сохахои гуногун сухбат оростам ва аз фикрхои онхо доир ба мазхабашон огох шудам. Аз сухбатхои онхо барои ман чунин саволхо пайдо шуданд ва хамаи исмоилиён хам бояд доир ба онхо фикр кунанд:
Чаро рахбарони асосии исмоилияи Точикистон ки созмонхои мазхабии Огохонро идора мекунанд дар хукумат сохиби мансабхои баланд мебошанд? Дар ин чи сирре нухуфта бошад?Чаро баъзе аз рохбарони мазхабии исмоилиёни Точикистон ки созмони мазхабии Огохонро идора мекунанд мутахассисони сохаи барк мебошанд? Чаро созмони мазхабии исмоилиён ба омузиши ислом ва худшиносии милли аслан дикат намедихад?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # Чавоб ба Хамадони3 22.02.2012 14:23
Мухтарам Хамадони Огохон бояд ба созмонхо ва кормандони худ бигуяд ки ба Точикистон софдилона ёрдам кунанд. Ёрдами онхо набояд гаразнок бошад. Чунин нашавад ки 10 хазор доллар ёрдам кунанду ба андозаи миллионхо доллар зарар расонанд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-5 # Чамоат 23.02.2012 09:29
Салом,
Ман як чавони Исмоили хастам. Бегахии рузи 22 аз кор ба хона рафтам ва маколаи Шуморо дар рузнома хонда бисер гамгин шудам. Якум шумо дар бораи фишор ба сунати мо харф мезанед, лекин худатон фаромуш кардед ки бузургтарин суннат мардуми мо ин хурмати Фармони Имом аст лекин Шумо онро дар мачала чоп кардед ва медонед ки он мачаларо бо акси Волохазрат ва фармони он мардум гайри мазхаб хонда
мепартоянд. Дуюм агар Шумо аз ботини мазхаби мо бархурдор хастед Шумо бояд медонед ки Имом наметавонад аз чунин корхо бехабар бошад чунки у Имоми Замон аст. Ман аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам ки тарчумаи точикии Духои Муборакро бихонед ва фикр кунед чи тавр Имом метавонад аз чунин ходисахо бехабар бошад.
Илтимос, илтимос инро дар мащолаву рузномахо навиштан даркор нест.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+6 # Хаким 25.02.2012 23:27
Чавоб ба Хамадони
БАРОДАР ИН КАДАР ХУДРО ХАМАДОН МУАРРИФИ МЕКУНИ ВАЛЕ ДАРАК НАДОРИ КИ АГАР ИТРЕК ТАШВИШИ ХУДРО ДАР ХАЛЛИ ИН МАСЪАЛАХО ПЕШТАР ДАРК МЕКАРД КОР ТО ИН ДАРАЧА НАМЕРАСИД. ОНХО АЗ ПОДХАЛИМИИ ХУДАШОН БА ХОРИЧИЁН ВАКТ НАДОРАНЕД КИ ЧУНИН МАСЪАЛАХОРО ХАЛ КУНАНД ВА КОРМАНДОНИ БАДАРАЧААШ БОСАВОД ДАР МАСОИЛИ ИСЛОМ НАДОРАНД
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+5 # Сулхия 25.02.2012 23:38
Ба шахсе ки аз номи чамоат гап задааст.
Бародар суханхоят дурустанд ки Имом аз хама чиз бохабар аст. Бале у дергиру сахтгир аст. Ин маълумотхои акаи Киргизбек барои огох кардани Имом аз кормандони беинсофаш нест балки барои ту баринхо аст ки аз дунё бехабари, фардо вакти фавтат мисли хинду мурдаатро месузонанд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+4 # Назар 27.02.2012 21:14
Чавоб ба Хамадони
Бародар чаро дар бораи давлату миллат гап мезани. Магар ин Давлат ва Президенти мамлакат набуд ки барои Барномахои Огохон тамоми шароитхоро дар Точикистон мухайё сохт. Он бесаводхое ки чанги шахвандиро солхои 90 ташкил карданд баъди он аз тарафи Давлат авф шуданд ва дар Фонди Огохон хам ба худ кор пайдо карданду дузди мекунанд. Хозир бошад мегуед ки ба Давлат кор надорем. Огохон дар гуфтахои худ хамеша мегуянд ки бо хукуматхои худ хамкори кунед. Хар касе ки ба Давлат ва миллат хиёнат кунад ба мазхаб хам якум шуда хиёнат мекунад
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+19 # Маргеладзе 01.03.2012 10:48
Ребята веё будет..ок
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-3 # Рушони-Дерзуд 04.03.2012 18:46
проблемахои мазхабии, масоилхои суннат дар фиркаи исмоилия дар мачхалахои точики ва Душанбе боянд чоп карда нашаванд. Ин масъалахо бояд танхо дар Хоруг бахс карда шаванд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-7 # Шурхат 23.03.2012 10:38
Ба Рушони -Дерзуд
Бародар мутаасифона ИТРЕК тули 20 соли фаъолияташ чунин масъалахоро хал карда натавонист ва дар Хоруг ягон масъала хам хал намешавад.
Бародар мутаассифона масъалахои суннатии моро дар хорич бидуни фикри ин мардум одамони дигар ба фоидаи худашон хал менамоянд
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Ali 22.04.2012 12:12
Barodari giromi Shuhrat!!! Chi mas'ala, dar kadom horija, biduni fikri kadom mardum, ba chi guna foida va ba foidai ki???? Hohishmandam javobi anikro peshnihod kuned, zero ba man in mas'ala to hanuz norushan ast. Siposguzoram.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-2 # zuhuriddini nuriddin 14.04.2012 09:30
ba janobi qirghizbek--dar ahli sunnat kase ghairi paighambaron masum nest va kase ghairi nabien mieni khudou khalq buda nametavonad 2um oe masjide dar khorugh baroi ahli sunnat ki 40% aholii badakhshon hastand--vujud dorad...Masalan ghorugh hej vaqt az ahli sunnat kjoli nest va onho namozhoro dar kujo mekhonand
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Рушони-Дерзуд/СПБ 16.04.2012 23:00
Барои zuhuriddini nuriddin, дар шахри зебои Хоруг тамоман ахли-суннат вучуд надорад, хатто дар Бадахшон хамаги ахли-суннат 3 % ро ташкил мекунанд!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov