Давлатҳои дингурез ва исломи амрикоӣ

Фарҳанг ва адаб 22.01.2011 02:04

Islomi_amrikoiҶудоии дин аз сиёсат навъе нигариши сиёсӣ ва маданӣ аст. Бар тибқи ин нигариш дину сиёсат боястӣ ҷудо аз якдигар буда дар умури якдигар дахолат наварзанд. Ин мафҳум бо секулорисм тафовутҳое дорад.

Секулорисм (ба англисӣ Secularism) ба сурати куллӣ ба мафҳуми мумониат аз дахолати дин дар тамомии умури умумии ҷомеа аст. Ин тафаккур ба сурати куллӣ реша дар асри рӯшангарӣ дар Аврупо дорад. Арзишҳое монанди ҷудоии дин аз сиёсат, ҷудоии калисову ҳукумат дар Амрико ва лоисите (дунявият) дар Фаронса бар пояи секулорисм бино шудаанд.

Аҳдоф ва истидлолҳо барои қабули секулорисм бисёр густардаанд. Дар лоиситеи аврупоӣ баҳс гардида, ки секулорисм як ҷунбиш ба сӯйи мудернита (муосиршавӣ) ва дур шудан аз арзишҳои динӣ аст. Бархе истидлол мекунанд, ки секулорисм дар Амрико бештар ба ҳифзи дин аз ҳукумат пардохта ва дар заминаи иҷтимоӣ камкортар будааст. Дар миёни кишварҳо ҷунбишҳои сиёсии гуногун секулорисмро ба далоили мухталиф пуштибонӣ мекунанд.

Секулорисм: маъно ва моҳият

Вожаи секулорисм барои аввалин бор соли 1846 тавассути нависандаи бритониёӣ Ҷорҷ Ҳолиук (George Holyoake; 1817 –1906) дар китобаш «Асл ва табиати секулорисм» истифода шудааст. Ин вожа дар забони лотинӣ ба маънои «инҷаҳонӣ», «дунявӣ», «гетиёна» ва мутаззод бо «динӣ» ва «рӯҳонӣ» аст. Ҳолиук мӯътақид буд, ки давлат бояд дар хидмати ниёзҳои билфеъл ва кунунии табақаи коргару мустамандон бошад, на ниёзҳои ҳаёти ухравӣ ва арвоҳи онон. Вай вожаи секулорисмро барои тавзеҳи ҷумлаи зерин ба кор бурд, ақидае, ки сирфан ба пурсишҳо ва масоиле мепардозад, ки ба маҳаки таҷрубаи инҷаҳонӣ озмуданӣ ҳастанд. Дар натиҷа, Ҳолиук дар соли 1896 дар китоби худ ба номи «Секулорисми англисӣ» онро чунин таъриф додаст: Секулорисм шева ва қонуни зистан аст, ки бар асоси инсони холис бино ниҳода шудааст ва ба сурати куллӣ барои касоне аст, ки боварҳои мазҳабӣ ва ё хурофотиро нокофӣ ё ѓайри қобили итминон ё ѓайри қобили бовар ёфтаанд.

Ибни Рушд ва идеяи аввалияи секулорисм

Ҳарчанд ин истилоҳи тоза буд, вале мафҳуми куллии озодӣ, ки секулорисм бар пояи он бино шуда буд, дар тӯли торих вуҷуд доштааст. Идеяҳои аввалияи секулорисмро метавон дар осори Ибни Рушд пайдо кард. Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Рушди Андалусӣ маъруф ба Ибни Рушд файласуфи номдори араби андалусӣ (1124 – 1198) буд. Дар бештари забонҳои аврупоӣ ӯро бо номи Аверроес (Averroes) мешиносанд, ки ба навъе ҳамон талаффузи «Ибни Рушд» аст. Гарчӣ ӯ аз мусулмонони суннии моликӣ буд, дар замони зиндагӣ мавриди заҷру таъну нафрини уламои исломӣ қарор гирифта ва аз тарафи калисо низ осори ӯро маҳкум донистанд. Зеро ӯ ба абадӣ будани рӯҳ мӯътақид набуд. Бо инки ба бақои модда ва вуҷуди як ҳақиқати абадӣ бо Худо муътақид буд, ёдовар шуд, ки гоҳе фалсафа бо дин носозии том дорад. Аз ҳамин ҷиҳат, Ибни Рушд дидгоҳҳои дугонае изҳор доштааст. ӯ талош дошт фалсафаи арастуиро бо ислом татбиқ диҳад. Фалсафаи ӯро дар Ѓарб аввероесисм (Averroesism) меноманд, ки ба форсӣ «ибнирушдгароӣ» тарҷума мешавад. «Фаслулмақол» китоби машҳури ӯст, ки бо назаре мутафовит ба Қуръон нигоҳ мекунад ва аз сӯйи баъзе ба унвони китобе куфромез иълом шудааст. Хулоса, Ибни Рушд ва пайравони мактаби ӯ муътақид ба ҷудоии дин аз фалсафа буданд.

Ҳолиук ва интиқоди масоили динӣ

Ҳолиук ин идеяи ҷудоии иҷтимоъ аз динро бидуни талош барои интиқоди ақоиди динӣ матраҳ кард. ӯ як надонамгаро буд ва ба назари худаш секулорисм бурҳоне алайҳи масеҳият маҳсуб намешуд, балки мустақил буд. Секулорисм танҳо ба ин нукта мепардозад, ки роҳи рӯшан дар ҳақиқат секулор аст. Донистаниҳои секулор ба таври рӯшан дар ҳамин зиндагӣ пайдо мешаванд ва метавонанд дар ҳамин зиндагӣ озмун шаванд.

Бояд гуфт, ки истилоҳи секулорисм дар мавориди гуногун истифода мешавад ва маънои дурусти он бар асоси навъи корбурд мутафовит аст. Фалсафаи секулорисм бар ин поя бино шудааст, ки ЗИНДАГӣ БО ДАР НАЗАР ГИРИФТАНИ АРЗИШҲО ПИСАНДИДА АСТ ва дунёро бо истифода аз далеле мантиқӣ бидуни истифода аз таърифҳое чун ХУДО ё ХУДОЁН ё ҳар неруи моварои табиъии дигаре беҳтар метавон тавзеҳ дод. Дар ҳукуматдорӣ маънои секулорисм дахолат накардани боварҳои мазҳабӣ дар амри ҳукумат ва бартарӣ додани ҳуқуқи башар бар соири арзишҳои тасаввуршавандаи ҳар гурӯҳу дастае аст.

Доктринаи секулорисм ва ахлоқи бегона аз диндорӣ

Имрӯз вақте аз секулорисм ба унвони як омӯза (доктрина) сухан мегӯянд, маъмулан мақсуд ҳар фалсафаест, ки ахлоқро бидуни баргардиш ба ҷазмиёт (догмаҳо)-и динӣ бино мекунад ва дар пайи тараққӣ додани улуму фунуни башарӣ аст. Дар умум, аввалан секулорисм бар омӯзаҳое далолат мекард, ки мутобиқи он ахлоқиёт бояд вобаста бар мулоҳазоти ахлоқиву саодати дунявии инсон бошад ва мулоҳазоти марбут ба Худову ҳаёти ухравиро бояд канор ниҳод. Сипас, секулорисмро ба маънои густардатар ба кор бурданд, ки муассисоти умумӣ, бавижа омӯзиши умумӣ, бояд секулор бошад, на динӣ. Имрӯз онро аѓлаб ҳамроҳ бо ҷудоии ниҳодҳои динӣ ва давлатӣ ба кор мебаранд, ки тақрибан муодил бо вожаи лоисите ё лоисисм (laicisme) аст, ки дар дигар забонҳо ҳам ворид шуда, вале дар англисӣ мутадовил нест.

Лоиситеи фаронсавӣ ва секулорисми амрикоӣ

securalismБайни лоисите ва секулорисм тафовут вуҷуд дорад. Лоисите як назарияи сиёсиест, ки мувофиқи он дин аз ҳукумат ҷудо аст ва ин назария бо ҳадафи афзоиши озодиҳои динӣ ироа шудааст. Ин дар ҳолест, ки секулорисм бо ҳадафи зудудани имон аз зиндагии ҷории мардум муаррафӣ шудааст, бо ин вуҷуд гоҳе авқот истилоҳоти секулорисм ва секулорите ба маънои лоисите ба кор мераванд.

Тарафдорони мактаби лоисите бар ин боваранд, ки ин истилоҳ ба маънои раҳоӣ аз дин аст ва бинобар ин фаолиятҳои динӣ мебояст дар чорчӯби қонун ҳаммонанди дигар фаъолиятҳо сурат пазиранд ва амре фароқонунӣ нестанд. Давлат дар баробари назариёти мазҳабӣ ҳечгуна мавзеъе намегирад ва афроди мазҳабиро ҳаммонанди дигар афроди ҷомеъа мешиносад. Интиқодгарони нусхаи туркии лоисите ва мамнӯъияти ҳиҷоб дар Фаронса истидлол мекунанд, ки ин идеулужӣ зидди дин аст ва дар амал аз озодиҳои динӣ мекоҳад.

Ба назари секулористҳо беҳтар аст, сиёсатмадорон барои тасмимгирӣ ба ҷойи далелҳои динӣ аз далоили секулор истифода кунанд. Аз ин лиҳоз дар тасмимоти сиёсӣ барои масоиле чун сақти ҷанин, пажӯҳиш бар рӯйи сулулҳои бунёдӣ, издивоҷи ҳамҷинсҳо ва омӯзиши шаҳват, созмонҳои секулорӣ чун марказҳои иттилоот (Center for Inquiry) дар Амрико таъкиди бисёре мекунанд.

Давлати дунявӣ (секулор)

Бештари давлатҳои муҳимми ҷаҳон аҳамийяти секулорисм ва демократияро пазируфтаанд. Ҷонибдорони секулорисм бар ин боваранд, ки гароиш ба самти секулорисм ва ба дунболи он дурӣ аз дин дар давлатҳои секулор натиҷаи иҷтинобнопазири асри рӯшангарӣ аст, ки дар он гароиши умумии ҷомеа ба сӯйи илму хирад савқ пайдо кард ва аз дину хурофот дуртар шуд.

Аз тарафи дигар мухолифини секулорисм бо ин боваранд, ки як давлати секулор худ мушкилоти зиёдеро муаррифӣ мекунад, бидуни онки, битавонад роҳи ҳалле барои мушкилоти аслӣ монанди озодии ақоиди фардӣ ва мазҳабӣ ироа диҳад. Барои мисол агарчӣ қонунҳои асосии кишварҳои Донморк (Дания), Финлонд, Нурвиж ва Исланд робита миёни ҳукумату дин (калисо)-ро ба расмият мешиносанд, бо ин вуҷуд ин кишварҳо озодтар аз бисёре аз кишварҳои секулор маҳсуб мешаванд. Исланд дар миёни аввалин кишварҳое аст, ки ҳаққи сақти ҷанин (аборт)-ро дар нимаи аввали асри XX ба расмият шинохт ва ин, ки давлати Финлонд барои сохтани масҷидҳо буҷаи давлатӣ дар назар мегирад.

Равобит байни дин ва сиёсат дар ҷомеаҳои имрӯзӣ

Равобит байни дин ва сиёсат имрӯз дорои ақсом ва тайфи густардае дар миёни ҳукуматҳои ҷаҳон аст. Аз як сӯ дар бархе кишварҳо амсоли Туркия ва Фаронса, ҷудоии дин аз сиёсат то ҳадде пеш рафтааст, ки аз вуруди дин ва мазҳаб дар давлат ба шиддат ҳиросат мегардад ва аз сӯйи дигар дар бархе дигар аз кишварҳо мисли Ирон қавонину зимомдории кишвар бар асоси шариат ва қавонини ислом поягузорӣ гардидааст. Албатта дар бисёре аз кишварҳо ҳаммонанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин равобит камобеш ҳадди васате байни ин ду дидгоҳ ҳастанд.

Ҳатто дар кишварҳои ба зоҳир секулор низ равобити дин ва сиёсат ҳамчунон дида мешавад. Дар Инглистон бар тибқи қавонини марсум, Маликаи ин кишвар раҳбари калисои англис низ ҳаст. Дар Олмон калисоҳо расман аз давлат кӯмак дарёфт мекунанд. Ҳатто дар Ҳиндустон низ, баъд аз гузашти ним қарн аз даргузашти Гандӣ давлати Ваҷпай худро давлате ҳинду хондааст.

Дар ИМА ҷудоии дин аз сиёсат дар сутуҳи федерол тавассути қавонини мадании ин кишвар тазмин шудааст. «Ҳаргуна қонунгузорӣ, ки дар он ҳар дину мазҳабе чӣ мавриди ҳимоят ва чӣ манъ гардад, тавассути Маҷлиси қонунгузории Амрико мамнӯъ хоҳад буд»,- навишта шудааст дар Ислоҳияи аввали Қонуни асосии ИМА.

Аз он ҷойе, ки ҳар як аз иёлот дар вазъи қонунҳо то ҳудуде ихтиёроте доранд, бисёре аз қавонини иёлатии Амрико мутаассир аз дину мазҳаб ҳастанд. Қавонини манотиқи хушки алкулиро (минтақаи бе нӯшокиҳои алкоголӣ) метавон аз ин шумор гуфт.

Секулорисм= исломи амрикоӣ

Дар давлатҳои мазҳабӣ ба мисли Ирон бошад, ҷудоинопазир будани дин аз сиёсат аз аркони давлат дониста мешавад. Сайид Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Ирон назарияи ҷудоии дин аз сиёсатро «исломи амрикоӣ» ном мебурд. ӯ дар мавриди дахолат накардани дин дар сиёсат изҳор дошта буд: Исломи амрикоӣ ин буд, ки муллоҳо бояд дарсашонро бихонанд, чӣ кор доранд бо сиёсат… аз бас тазриқ шуда буд дар ин маѓзҳо ки боварашон омада буд, ки бояд биравем даруни мадраса дарс бихонем ва чӣ кор дорем ба ин, ки ба миллат чӣ мегузарад… амри ҳукумат бо қайсар аст, ба мо чӣ рабте дорад?

Ҳамчунин Хумайнӣ дар як мулоқот бо намояндагони мардум гуфта буд: «Инро бидонед, ки танҳо рӯҳоният метавонад дар ин мамлакат корҳоро аз пеш бибарад. Фикр накунед, ки бихоҳед канор бигзоред рӯҳониятро».

Зоҳири Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97