Тарроҳи машҳур ба гурбаи ашрофиаш миллионҳо евро мерос гузошт

Millat 21.02.2019 09:06

Карл Логарфелд, тарроҳи саршиноси мӯди Фаронса, ки рӯзи сешанбе 19 феврали соли равон  дар синни 85 солагӣ даргузашт, барои гурбааш миллионҳо евро сарват боқӣ гузоштааст.

Бино ба гузориш хабаргузории Фаронса, гурбаи модаи Логарфелд, ки Шупет ном дорад ,пас аз марги ӯ, вориси тамоми пулҳое шуда, ки барои таблиғот ба соҳибаш дода буданд. Ин гурба дар замони зиндагии Логарфелд бисёр машҳур буд, аммо акнун шояд битавон гуфт, ки ба маъруфтарин гурбаи дунё табдил шудааст.

Ширкатҳои тавлидкунандаи маҳсулоти марбут ба ҳайвоноти хонагӣ борҳо аз Шупет дар таблиғоти худ истифода кардаанд. Логарфелд пеш аз марг дар мусоҳибае гуфта буд, ки пули тамоми ин таблиғотро дар ҳисоби ҷудогона барои гурбааш нигаҳ дошта, то соҳиби баъдӣ барои нигаҳдорӣ аз ӯ мушкиле надошта бошад. Ин ҳунарманди дунёи мӯд, ки мудири офаринандагиҳои “Шанел” ва моркҳои дигар буд, ҳаргиз издивоҷ накарда ва фарзанде надошт. Ба ҳамин далел Шупет, ки аз соли 2011 бо ӯ ҳамхона шуда буд, танҳо ҳамнишини ӯ маҳсуб мешавад.

Шупет монанди инсонҳо зиндагӣ мекунад. Ў ду хидматкор ва як муҳофизи шахсӣ дорад ва то замоне, ки соҳиби сарватмандаш зинда буд бо ӯ сари миз дар зарфи нуқра ғизо мехӯрд. Ин гурбаи ашрофӣ одат дорад, ки дар ҳангоми ғизо мусиқии Амрикои лотин гӯш бидиҳад.

Шупет як сафҳа Твитер бо 50 ҳазор бинанда ва як сафҳаи Инстаграм бо 122 ҳазор бинанда дорад. Ў то кунун сардабири ифтихории як рӯзаи чанд маҷалла ва як бор ҳам раиси маҷмӯае аз лавозими ороишотии гурбаҳо будааст.

Мизони дақиқи сарвате, ки Шупет ба мерос гирифта мушаххас нест, аммо Логарфелд гуфта буд, ки ӯ «духтари сарватманде» аст. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз бархе манобеъ менависад, маблағи ин пул қатъан бештар аз се миллион еврост.

Брижият Бордо, ҳунарпешаи маъруфи фаронсавӣ ва мудофеъи ҳуқуқи ҳайвонот дар соли 2015 як бор ба Шупет нома навишт ва аз ӯ хост то бо «мяв -мяв» ба соҳибаш бигӯяд, дар тарроҳӣ ва дӯхти либосҳо аз пуст (мех)  истифода накунад. Ин ҳунарпеша як бори дигар низ дар гузашта ба Шупет нома навишта буд. Логарфелд ба муносибати ҷашни таваллуди 80 солагии Брижият Бмордо аз тарафи Шупет як чек ба номи «Бунёди Брижият Бордо» фиристода ва хонуми Бордо ҳам бо навиштани номае хитоб ба Шупет аз ӯ ташаккур карда буд.

Гурбаи ашрофии Шупет аз ҷумлаи 8 гурбаи миллионери маъруфи дунёст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97