Ҳолу ҳавои Кобул дар рӯзи Ошиқон 14.02.2019 14:29
Шаҳри Кобул имрӯз бар хилофи рӯзҳои дигаре фазои дигаргуна дорад. Кӯчаҳои Кобул бо гулҳо ва паёмҳои ошиқона зебу зиннат дода шудааст ва ҷавононе дар он қадам мезананд, ки ишқро ҳамл мекунанд. Зебойи гулҳои тоза ва ҷашни Валентин (рӯзи Ошиқон ё ишқварзӣ) ранги ҳама чизро дар чаҳорроҳии Пули сурх ва кӯчаи ....
Резиши харобиовари кӯҳпора дар Дарвоз+аксҳо 14.02.2019 10:04
Дар 362 километрии роҳи Душанбе -Хоруғ, дар деҳаи Сангев (Сангеви дароз)-и ноҳияи Дарвоз бар асари резиши кӯҳ як хона ва иншооти дигари чанд хоҷагӣ вайрон шуда, роҳи мошингард барои як шаб баста шуд.
Баҳор дар зимистон 13.02.2019 14:35
    ШИНОСОӢ Мизбонон дар шаҳри Бохтар мо ‒ чанд нафар хабарнигорро ба ҳавлие дароварданд. Манзараи ҳавлӣ одӣ ва чун хонадони мардуми ин шаҳр муқаррарӣ ба назар мерасид. Агарчи дасту пойи мо аз хунукӣ ба сӯзиш даромада буд, вале мазрааи хурдтараки ин ҳавлӣ, ки дар ин фасли сармо мисли баҳор сабзу шукуфон ба ....
Оё ваъдаҳои вазир бардурӯғ буд? 13.02.2019 11:39
(Ё чаро донишҷӯёни Суғд барои ширкат дар маршировкаҳо маош намегиранд?) Фирӯза, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, аз “маршировка”- ву роҳпаймоиҳои маҷбурӣ дилгир шудааст. Ба гуфтааш, ин “маршировкаҳо” “ба ҳеч дардаш даво намешаванд”. “Солҳои гузашта аз рӯзҳои нахустини оғози соли хониш “маршировка” шуруъ мешуд. Дар ҳоле ки мо бо умеди маълумоти олӣ ....
Таҳсил дар Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон 12.02.2019 13:29
Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои соли таҳсили 2019-2020 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз рӯи зинаи бакалавр ва магистратура қабули ҳуҷҷатҳо имрӯз, 12 феврал ба поён мерасад.
Озмуни шаҳрдорӣ барои “Беҳтарин армуғони сайёҳӣ” 12.02.2019 12:53
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар чорчӯби нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018, № 555 тасдиқ шудааст, озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ»-ро эълом кардааст. Тибқи иттилоъи маркази матбуъоти шаҳрдории пойтахт, бо мақсади нигоҳ доштани расму ойинҳо ва анъанаҳои ....
Олудагии ҳаво сабаби бадхулқӣ ва банд шудани нафас дар хоб мешавад 08.02.2019 14:59
Олудагии ҳаво ҳамвора ба унвони бемориҳои шуш, қалб ва рагҳо қаламдод мешавад, аммо пажӯҳиши ҷадиде дарёфтааст, ки нафас кашидани ҳавои олуда метавонад хобро халалдор ва мизоҷи инсонро низ мутаассир кунад. Пажӯҳиши ҷадид, ки дар солномаи анҷумани садрии Амрико нашр шудааст, дар мавриди иртибот миёни банд шудани нафас ҳангоми хоб ва ду ....
Замир Кобулов: Русия омодаи кумак ба Амрико дар раванди сулҳ бо Толибон аст 08.02.2019 11:56
Замир Кобулов намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, ки Маскав омода аст Вошингтонро дар пешрафти раванди музокира бо Толибон барои расидан ба тавофуқ бар хурӯҷи нерӯҳои низомиашон аз Афғонистон кумак кунад. Кобулов мегӯяд: “мо омодаем барои пешбурди ин раванд ба онҳо кӯмак кунем, ки ба як тавофуқи комил ....
Кристинаи суғдӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд 30.01.2019 12:20
Кристина Пронженко дар панҷумин даври Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова дар Қазоқистон сазовори медали биринҷӣ шуд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97