СЕКС ДАР НАШРИЯҲОИ ТОҶИК

Иҷтимоъ 08.04.2010 14:17

ТАҚЛИДИ КӮР-КӮРОНА НИШОНАИ МАДАНИЯТ НЕСТ

Ғамангезтарин фоҷиаи муосир он аст, ки баъзе занони ҷомеъа фитрат, мазҳаб, фарҳанг ва тамаддуни миллии худро пушти по зада, ба ҷои он ки ба оқибатҳои шуму хатарноки он биандешанд, ифтихор мекунанд, ки ба фарҳанги бегонагон наздиктар шуда, мутамаддин шудаанд. Ҳифзи шахсияти зан ва устувории ҷомеаи хешро қурбони худнамоӣ ва бегонапарастӣ намуда, бо тақлиди кӯр-кӯрона ва ғарқ шудан дар гирдоби фарҳанги фаҳшзо, ки онро мурдоби хатарнок ном аст, бо дидаи боз ва азми қотеъ гом ниҳода, бад-ин васила худро барои ҷомеъа шахси "носеҳ" муаррафӣ менамоянд.

Насиҳатҳои фаҳшзои ин қабил занон афкору шуури на танҳо занони боиффату порсоро, балки тамоми ҷомеаи суннатии моро зери хатар қарор дода, заҳролуд мекунад.

ТАБЛИҒИ СЕКС ДАР НАШРИЯҲОИ ТОҶИК

Боиси таассуф аст, ки иддае аз маҷаллаву рӯзномаҳо таҳти унвонҳои гуногун мақолоту матолиберо интишор медиҳанд, ки "кошифон"-и бузурги қарни бисту як дар мақолаҳои худ кашфиётҳои аҷиби фаҳшомезеро барои ҷомеаи суннатӣ, ки қариб 99 фисади онро мусалмонон ташкил медиҳанд, ба таври маслиҳат ба занону духтарон пешниҳод менамоянд ва яке аз сабабҳои бадбахтӣ ва аз ҳам пошхӯрии хонаводаҳои тоҷикро дар надонистани санъати дилбариву ишқварзӣ (ба қавли онҳо СЕКС) бо ҳамсарони худ маънидод мекунанд. Муаллиф (мо дар ин ҷо амдан номи муаллифон ва маҷаллаву рӯзномаҳоеро, ки чунин як мақолаҳоро нашр намудаанд, зикр намекунем - И.О.) нигоштааст: "Мард мехоҳад паҳлӯяш як духтари ҷавону бетаҷриббае бошад, ки ниёз ба насиҳат, маслиҳат ва дастгириҳои ӯ дошта бошад. На зани пухтаву таҷрибадору солор, ки баробари вай ақл ва таҷрибаи рӯзгор дорад. Ва дигар ниёз ба фармонравоиву чунину чунон бикуну накун!!? надорад… "Қудрат" ва муҳимият"-и хешро камтар эҳсос мекунад. Аз он ки ғурури ҷинси муқтадир латма мебинад, майли ӯ ба ҳамон як нафари бетаҷрибаи ба қудрату ақли вай ниёзманд боло мегирад". Муаллиф бо тамоми овоз ҷор мезанад ва занону духтаронро барои омӯхтани санъати ишқварзӣ то хонадор шуданашон даъват менамояд. Ба ақидаи муаллиф зан ва ё духтари таҷруба нодидаи санъати СЕКС бо шавҳари таҷрубадор дер зиста наметавонад ва билохира шавҳараш аз зани никоҳии худ безор шуда, дар ҷустуҷӯи зани дигаре (ба қавли муаллиф "ҳисси қонеънагаштааш"-ро битавонад таъмин намояд), мепардозад.

Мисол оварданро аз чунин мақолаҳои фаҳшомез ва ташвиқкунандаи ахлоқи фисқ, ки саропо занону духтаронро ба фарҳанги муғоири одоту суннати мо даъват мекунад ва омӯхтани ишқварзиву дилбариро қабл аз шавҳар баромадан шарти суботи хонавода медонад, ҷоиз намедонам ва ба забон овардани "маслиҳат"-ҳои кошифи навбаромадро барои занону духтарони ҷомеаи суннатӣ амали мӯҳлик ва нанговар мепиндорам. Ва он ҳам дар ҳоле ки бо амри Президенти кишвар соли 2009-ро соли бузургдошти фақиҳи бузурги ислом Имоми Аъзам эълон доштаанд ва чанде пеш бо як шукӯҳу аззамату ҷалоле аз он истиқбол карда шуд ва соли 2010 соли Фарҳангу навоварӣ эълом гардидааст.

Муаллифоне, ки чунин як мақолаҳои фаҳшомезро менависанд, ғофил аз онанд, ки иффату покдоманӣ дар хилқати зани мусалмон ҷойгоҳи азиму баланде дорад, ки на танҳо занон, балки дигарон занро бо ин вижагиҳояш хоҳонанд. Хирадмандону шоирон бо таҳаққуқ ва баррасии иффати зан достонҳое эҷод кардаву ӯро олиҳаи иффат ва иффатгароӣ хондаанд. Маҳз ҳамин хусусиёти зан аст, ки дини мубини ислом низ офариниши зан ва салоҳу хайри ҷомеъаро дар назар гирифта, маҳрамияти занро лозим шумурд, то иффати бурунии зан бо иффати дарунии ӯ ҳамоҳанг гардад ва бунёни хонавода мустаҳкам шуда, зебоиву дилрабоии зан аз они ҳамсараш бошад ва дигарон аз он баҳрае нагиранд, на он тавре ки баъзе муаллифон мепиндоранд. Бинобар ин, маҳрамияти зан танҳо ва танҳо барои ҳифзи иффати ӯст на занҷири асорат бар дасту пои ӯ ва на садде дар баробари такомули фикрӣ, ҳунарӣ ва илмии ӯ. Маҳрамияти зан василаест барои покии рӯҳ ва иҷрои вазифаҳои фардӣ ва иҷтимоиаш… "Ба хонадорӣ омода кардани духтаронамонро мо танҳо дар ҳунарҳои пазандагиву дӯзандагӣ, тозакориҳо ва фармонбардориву порсоии ӯ мебинем, ки аксаран оқибати он вайронии оилаҳосту сари пурсуоли духтари баодоб, ки чи гуноҳе кардааст? Ҳеҷ.", - мегӯяд муаллифе дар мақолааш.

ҒАРБИ ПЕШРАФТА, АММО ҒУТТАВАР БА ФИСҚ

Бону Лидия, ки баъдан исломро қабул кард, дар китоби худ "Ҳиҷоб муқаддастарин васила" мегӯяд: "Агар бигӯям занҳои исломӣ аз занҳои Урупо бештар озоданд, газзоф нагуфтаам, зеро зани мусулмони фаҳмида ягона зане аст, ки ба маънии ҳақиқии озодӣ пай бурда ва медонад озодӣ яъне чӣ. Вале имрӯза урупоиён бо ифрот дар ин озодӣ дучори сияҳрӯзӣ шудаанд…"

Маҳрамияти зан монеъи ҳама гуна фасодҳост ва пайдост, ки фасод боиси пайдо шудани бемориҳои қаробатӣ мегардад. Ин нахуст омилу амрози мӯҳликест, ки инсониятро аз байн мебарад ва дучори бадбахтӣ ва фақру нокомӣ мегардонад. Дар китоби таҳқиқотии "Балоҳои иҷтимоӣ", чопи Бритониё, тибқи таҳқиқоте, ки дар Иёлоти Амрико анҷом ёфтааст, навад дар сади мардуми ин кишвар ба бемории муқорибатӣ (ҳамхобагии зану мард то издивоҷи расмӣ) мубтало мешаванд. Аз ин арқом иддае, ки дар бемористонҳои расмии Амрико муолиҷа мешаванд, зиёда аз сесаду шаст ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз тамоми бемористонҳои Амрико 650 бемористон танҳо ба табобати бемории муқорибатӣ ихтисос дода шудааст. Зиёда аз якуним баробари дигар ба бемористонҳои шахсӣ ва пизишкони хонаводагӣ муроҷиат менамоянд. Далоили фавқ як бори дигар шаҳодат медиҳад, ки "омӯхтани санъати ишқварзӣ"-и занону духтарони ғарб то ба шавҳар расидан чи самароти талхеро ба бор меорад.

Устоди омӯзишгоҳи момоӣ ва бемориҳои занон дар Амрико Ричард-Ф- Ҷоенс мақолаеро бо унвони "Таҷовузҳои хонаводагӣ, бигзоред садоямон шунида шавад", интишор дод, ки дар он гуфта мешавад: - "Дар Амрико дар ҳар дувоздаҳ сония як зан дучори таҷовузҳои хонаводагӣ қарор мегирад ва дар ҳар дувоздаҳ сония аз тарафи шавҳар ва ё марде лату кӯб ва шиканҷа мегарданд ва ҳатто ба дараҷаи қатл ва ё дарҳам шикастани андом мерасад. Ин кор ҳар рӯз мушоҳида мешавад…"

"ВАБО"-РО ТАБЛИҒ НАКУНЕД!

Муаллифони мубалиғи фарҳанги фаҳшзо бояд бидонад, ки ҳама гуна таҷовузҳо, қонуншиканиҳо, бадбахтиҳо ва ҷиноёте, ки башар анҷом медиҳад, пайравӣ ба одоту ғаризаҳои манфии ҷомеаи ғарб аст, ки муҳит, ҳамнишинӣ бо ашхоси бад ин худ шикасти илҳомоти фитрӣ аст. Омӯзишу тақлиди фарҳанги фаҳшзои ғарб фитрат, виҷдон, шуур ва қалби инсонро бемор мекунад ва шахси мубталои бемории равонӣ гашта муқаддасоти худро аз даст медиҳад. Ғарб суботи хонаводаҳоро бо тарғиби фалсафаи фаҳшзои худ, ки хеле музиру қабеҳу дарднок аст, аз ҳам фурӯ мепошад, дар байни аъзои он, зану шавҳар ва волидайну фарзандон тухми ҷу¬доӣ кишт менамояд. Ғарб вижагии зан буданро дар маърази нобудӣ қарор дод ва дар тарбияи фарзандонашон фосила гузошт. Виҷдон, ки олитарин ғаризаи инсонист, бо пайравӣ дар фарҳанги ғарб мақому мафҳуми муқаддаси худро аз даст дод ва инсонро ба махлуқе ҳамсони ҳайвонот, ки ин падидаро дарк карда наметавонад, табдил дод. Ин аст самароти фарҳанги бо ном пешқадами ғарб, ки мо онро пайваста таблиғу ташвиқ ва пайравӣ мекунем.

Жан Жак Руссо дар китоби худ "Эмил" мегӯяд. -"Виҷдон ғаризаи фанопазири худоӣ, роҳнамои мутмаини афрод…, довари дурусткор ва некандеш ва нигаҳдорандаи неку бад аст" Дини мубини ислом низ дар бораи фитрати инсон ва ахлоқи ӯ чунин мегӯяд: - "Ба дини ҳаниф рӯй овар, ба ойини фитрат мутаваҷҷеҳ шав, ба он фитрати поке, ки Худованд тамоми башарро бо он фитрат офаридааст, ин аст қонуни собити хилқат, оини тазалзулнопазири илоҳӣ". (Сураи Рум, ояи 30).

ҲАР КИ АРЗОН ХАРАД, АРЗОН ФУРУШАД...

Ашёе, ки дар ҳама ҷо ба суҳулату осонӣ ёфт мешавад ва дар дастрасии умум қарор мегирад, аслан арзише надорад. Баръакси ҳол ашёи қиммат ҳамеша аз дастрасии умум дур нигоҳ дошта мешавад ва ба шеваи хосе аз он ҳифозат мегардад. Чунончӣ, тиллову зару ҷавоҳироту бриллионту соири ашёи гаронбаҳо дар сандуқҳои фулузин ҳифз мегардад ва дастрасии умум бар онҳо муяссар нест. Зани порсо ва бо иффати шарқӣ ва маҳрам низ ба гунаи ҳамин ҷавоҳирот аст, ки аз санъати фасоду зино хабаре надорад ва дар бунёди оила ва ҳифзи арзишҳои асили хонаводагӣ нақши муҳимеро ифо менамояд ва дастрасии дигарон бар ӯ номумкин аст.

Маҳрамияти зан аз хостаҳои фитрии инсон аст. Зан аз оғози пайдоиши худ кӯшидааст то маҳрамияти хешро нигоҳ дорад ва ҳеҷ гуна "омӯзишҳо" натавонистааст аз вуҷуди зани порсову покдоман омили аз ҳама муҳим "Ҳаё"-ро дур андозад. Маҳрамияти зан худ посухест ба нидои дарунии фитрат. Агар ба қавли баъзе муаллифон санъати дилбариву ишқварзиро ёд гирифтани занон то ба шавҳар расидан нишонаи тамаддун ва суботи оила бошад, пас ҳайвонҳои ваҳшӣ аз мо инсонҳо дида мутмаддинтаранд, зеро онҳо ин амалро хусусиёти биологии худ медонанд, на амале дигаре.

Шоир мегӯяд:

Ҳон зи ағёр бипӯшон рухи зебо зинҳор,

Нарасад мева дар он боғ, ки девораш нест.

ҒАРБ ДАР ҶУСТУҶӮЙИ РОҲИ ҲАЛ

Қуръони маҷид содиқтарин баёнгари таърихи тамаддуни башарӣ худнамоӣ ва ишқварзии ошкорои занонро ба давраи ҷоҳилияти нахустин нисбат медиҳад ва мефармояд: "Эй занони Пайғомбар, хонаро ҷойгоҳи хеш қарор диҳед ва ҳаммонанди ҷоҳилияти нахустин худро наёроед". (Сураи Аҳзоб, ояи 32.)

Ҳамон ғарбе, ки имрӯз худро вориси тамаддуни башарӣ муаррафӣ менамояд, то ин дам кӯшидааст, ки маҳрамият ва иффати занро нигоҳ дорад ва ҷомеаи солиму босуботеро пойдор созад. Вилл Дюрант дар робита ба иффату маҳрамияти зан чунин мегӯяд:-"Дар Бритониёи ҷадид волидайни сарватманд дар муддати панҷ соли бӯҳронии ҷавонӣ духтарони худро дар кулбаҳое зиндонӣ мекарданд ва пиразанони покдоманеро ба зиндонбонӣ мегумориданд. Духтарон ҳаққи хуруҷ аз ин кулбаҳоро надоштанд ва танҳо ақориби наздик метавонист ононро аёдат кунад". Мутаассифона имрӯз душманони тамаддуни башарӣ ба ҳар роҳу васила мекӯшанд ба халқҳову миллатҳои ҷаҳон дарси нави тамаддун биомӯзанд ва миллатҳоро бо омӯзондани "санъати ишқварзӣ" аз асолатҳои таърихиву миллиашон дур андозанд. Бо баҳонаи ин ки баробарии зану мардро таъмин мекунанд, занҳоро гуё дар баробари мардон қарор дода, онҳоро василаи дастхушии мардон қарор медиҳанд ва пайваста мекӯшанд занонро ба фасоду фаҳшу зино бикашанд ва роҳбарии ҷомеаро ба суҳулат ба даст биоранд.

БРАВО МУБАЛИҒ!!!

Ба қавли Индира Гандӣ, ки дар ёддоштҳои худ нигоштааст, "Зан бо ин ки ба зоҳир дар садади озод омада, вале дар хатари ҷадиде қарор гирифта ва он хатар бозича ва василаи ҳавасрониҳои мард қарор гирифтааст. Ман тарҷиҳ медиҳам, ки зан зарифтарин махлуқи илоҳӣ пеш аз он, ки ба як василаи аёшии шаҳватронии мард қарор бигирад, бигзор нобуд шавад ва ин нанги пастро болои шонаҳои худ набинад". Ин суханҳо вақте гуфта шуда буданд, ки Индира Ганди сарвазирии кишвари бузурги Ҳиндустонро бар ӯҳда дошт ва мафҳуми фарҳанги ғарбиён ва мақосиди нопоки онҳоро барои мухталит сохтани афкори ҷомеаи шарқӣ хуб медид. Аммо "мубаллиғин"-и навбаромад дубора мекӯшанд, ки мавқеи занро дар ҷомеи суннатӣ, ки кайҳост мавқеъ ва мақому мартабаи худро пайдо кардааст, аз нав муайян созанд ва ба онҳо дарси "зиндагиву садоқату ишқу муҳаббату дилбарӣ" омӯзонанд. Браво!!! Бо ин ақлу фаросату заковату донишу таҷрубаву малакаатон!!! Браво!!!

Иддае аз муаллифон дар мақолаҳои фаҳшолудаи худ ҷоме¬аи суннатиро гунаҳкор мепиндорад ва сабаби бадбахтии занонро низ дар тарбияи нодурусти онҳо медонад. Барои посух додан ба ин суол бо сароҳат бароятон мегӯем, ки танҳо қавонини бузурги илоҳист, ки саъодати инсонҳоро, махсусан занонро таъмин менамояд. Пайравии қонунҳои илоҳӣ фавоиди бешумореро барои ҷомеъа ба армуғон хоҳад овард. Отифияти зан, ҳифз ва мақоми ӯ дар ҷомеъа ба таври мушаххас муайян гардидааст. Беҳтарин Офаридгор, барои беҳтарин офарида, беҳтарин қонунро барои танзими беҳтарин зиндагӣ пешкаш намудааст. Кош "носеҳон"-и навбаромад дар мавриди ҳуқуқи зану мард дар ислом матлаберо мехонданд ва ин сафсатаҳоро дар мақолаҳояшон зикр намекарданд.

АЗ ЗАНОН БОЗИЧА НАСОЗЕД!

Ба иттилои эшон мерасонем, ки Шумо нахустинхое нестед, ки таърихчаи "санъати дилбариву ишқварзӣ"-ро бардошта бошед. Ба фарҳанги нанговари фисқу фасод қабл аз Шумо даст зада буданд. Ҳанӯз дар замони Носириддиншоҳ дар Ирон зане бо номи Қурат-ул-ъайн, ки мутааллиқ ба равияи Баҳоӣ буд, дар остони Қазвин парчами нанговари ин фарҳанги саропо фаҳшоварро баланд карда аз занони Ирон даъват намуда буд, ки ишқварзиро ошкоро дар ҳар ҷое, ки хоста бошанд, анҷом диҳанд. Вале, хушбахтона ӯ ва ҳамроҳонаш дар ҷомеъа тарафдор наёфтанд ва билохира дар асари пофишориҳои мардум маҳкум ба эъдом шуданд. Мутаассифона, ормонҳои ин палиди рӯсиёҳро шоҳи собиқи Афғонистон Амонуллохон, Ота Турк дар Туркия ва Ризохон дар Ирон кам-кам дастгирӣ намуданд ва бо фармонҳои шифоҳии махфии худ иҷоза доданд, ки зан дар ҳар маҷолису маҳофили шоҳӣ ба сурати нимбараҳна ширкат варзад ва мавриди аёшии ширкаткунандагони маҳфил қарор бигирад. Агар санъати "дилбариву ишқварзӣ" дар ин мамолик ба сурати расмӣ наёмада бошад ҳам, тавонист дар ниҳоди иддае аз занону мардони фосиқ тухми фаҳшу фасодро бикорад. Шоҳони собиқи ин мамолик пас аз сафарҳои худ ба кишварҳои урупоӣ фарҳанги фаҳши ин кишварҳоро мақбул дониста, мехостанд занони отифаву порсои кишварҳояшонро ба бозичаи дасти мардҳо қарор диҳанд. Онҳо хуб дарк мекарданд, ки агар ҷомеъа чӣ қадар фасод гардад, идораи раъият ҳамон қадар осон хоҳад шуд…

Доктор Густав Лобен муаррихи маъруфи фаронсавӣ мегӯяд: "Ин матлаб низ равшан гардидааст, ки дини мубини ислом дар беҳбудии вазъи зан бисёр кӯшида ва нахустин мазҳабест, ки мақоми занро боло бурд ва рӯиҳамрафта занони машриқзамин аз назари эҳтиром ва шахсияти илмӣ ва тарбиятӣ ва саъодат беҳтар аз занони урупоӣ ҳастанд" (Таърихи тамаддуни ислом ва араб).

Дини мубини ислом на танҳо занро як инсони комил медонад, балки эҳтиром ба ӯро вазифаи аслии инсон муаррафӣ менамояд. "Ҳар гоҳ занонро гиромӣ намедоранд, магар каримон бо каромат ва ба онон иҳонат намекунанд магар лаъимони беарзиш" (Наҳҷ-ул- фасоҳа).

Бону Эфелен Кобалд нависандаи инглисӣ, ки ӯ ҳам ба ислом гаравидааст, дар китоби худ "Ба сӯи Худо" мегӯяд: - "Дар мақом ва бузургии зан дар ислом ҳамин бас, ки муслимин ӯро "ҳарам", ки аз эҳтиром ва ҳурмат гирифта шудааст, мехонанд". Дар робита ба ин Қуръон мефармояд:-"Эй Пайғомбар ба ҳамсарон ва духтаронат ва ҳама занони мусалмон бигӯй, ки рӯсариҳои хешро ба худ наздик созанд то ба аффоф шинохта шаванд ва мавриди озори авбошон қарор нагиранд. Худованд омурзандаи меҳрубон аст". (Сураи Аҳзоб,ояи 59).

Виллям Ҷеймс равоншиноси маъруф дар тасдиқи ин матлаб мегӯяд: "Занон дарёфтанд, ки дасту дилбозӣ мояи таъну таҳқир аст ва ба хотири пешгирии ин амали мӯҳлик духтарони худро ёд доданд, ки бозичаи дасти фоҳишон нагарданд ва фирефта нашаванд…" (Лаззоти фалсафа, с. 130).

Маслиҳат ин аст, ки бештар биомӯзему отифияти мазҳабӣ ва суннатҳои шарқиёнаи худро поку муназзаҳ нигоҳ дорем ва кӯр-кӯрона ба фарҳанги фаҳшолудаи ғарбӣ тақлид нанамоем. Бидуни далел ва арқоми мушаххас ҷомеъа ва ақшори онро таҳлил накунем ва аз худ хулосаҳои подарҳавову фаҳшзо набарорем, то ақоиди софи мардумро масмуму мағшуш нагардонем.

Кош ба ҷои тақлиди кӯр-кӯрона ва ғарқ шудан дар ин мурдоби хатарнок фоидаи иффат ва зарари фасодро баррасӣ ва роҳи хешро дар тасфияи ахлоқи ҳамида аз асорати фарҳанги фаҳшзо мушаххас менамудем.

Он ҷо, ки шоир мегӯяд:

Наравад мурғ сӯи дона фароз,

Чун дигар мурғ бинад андар банд.

Панд гир аз масоиби дигарон,

То нагиранд дигарон аз ту панд.


Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР
©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97