СОЛИ МАОРИФ ТАНҲО БА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ДАХЛ НАДОРАД Ё киштаҳо дар баҳори соли накӯ

Иҷтимоъ 26.12.2009 14:20

"МИНБАРИ ВАЗИР" - МИНБАРИ ҲАМАИ ВАЗИРОН

Қабл аз ҳама ба нашрияи "Миллфат" барои таваҷҷуҳи беғараз ба мактабу маориф арзи сипос менамоям. Зеро бидуни баҳс ва дахолати матбуот пешравии ҷомеаро умедвор шудан мумкин нест. Вале сабаби иншои ин андешаҳо саҳифае зери рубрикаи "Минбари вазир" дар нашрияи мазкур гардид. Иқдоми басо ҷолиб аст, агар ҳар ҳафта ҳар як вазир аз ин минбар дар мавриди муаммоҳои соҳаи маориф ва рушди он баҳс кунад. Чун собиқадори ин соҳа аз баҳсҳои зиёди беғаразу пурғараз бетараф дар паҳлӯ истода наметавонам.

Замоне олими маъруф ва сиёсатмадори варзида, шодравон Моёншо Назаршоев раиси Кумита маорифи Шӯрои Олӣ таъин гардиданд. Ман устодро ба ин вазифаи пурмаъсул табрик намудам. Моёншо Назаршоевич арзи сипос намуда, гуфтанд:

- Зафар Ҳоҷиевич, барои табрик ташаккур, аммо ман ин муборакбодиро чун таъзия қабул мекунам. Тарбияи инсонро бо ҳашар ва гадоӣ ташкил кардан амри маҳол аст. Мо аз Иттиҳоди Шӯравӣ ғайр аз биноҳои садамавӣ ва чанд пойгоҳҳои нимкора чизеро мерос гирифта натавонистем. Ҳамчунин имрӯз аз шуури одамон усули тарбияи Шӯравиро бо як амру фармон баровардан мумкинн нест. Агар баровада тавонем ҳам, ба ҷои он усули нави тарбияи хоси миллиро ҳанӯз тайёр накардаем. Чанд даҳсола зарур аст, ки мо маорифи миллиро эҳё кунем.

Воқеан бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ин марди шариф дар соҳаи маориф хидматҳои бузург намуд. Инак дар як даҳсола маорифи ҷумҳурӣ хеле пеш рафт. Пойгоҳҳои таълимӣ то ҳаде тақвият ёфт, ки дар замони Шӯравӣ чунин пешравӣ дида нашуд. Имсол дар шахри Чкалови вилояти Суғд яке аз беҳтарин мактабҳои Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамаи ин ғамхорӣ аз иқдомҳои Сарвари давлат сар зад. Ман андешаи Н. Неъматзодаро дар мавриди усули сарварии хуби Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ба соҳаи маориф ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям (Ба ғайр аз зерсарлавҳаи мақола, ки "Мо аз "Шоҳнома" фақат сӯҳробкуширо ёд гирифтем" хеле дағал ва ба воқеияти зиндагӣ рост намеояд). Ман чанд маротиба бо Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамсӯҳбат шудам. Вазире, ки арқом ва ақоиқи соҳаро дар ҳамаи вилоятҳо аз ёд медонад, далели дилсӯз ва дар ҷояш будани ин вазир аст. Боре ба як вазорат корам афтод. Вазир барои пайдо кардани як далел ду муовину 3 мутахассисро даъват кард. Аз вазири дафтарбадасту мағзтиҳӣ пешравиро умедвор шудан мушкил аст. Имрӯз имкониятҳои маориф хеле зиёданд. Аввалан Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок ва аҳамияти умуми миллӣ эълон намуд. Дар тӯли якунимсол танҳо ба соҳаи маориф 86 маротиба дахл намуда, роҳҳои ислоҳотро бо таҳлилҳои амиқ нишон дод. Аммо алҳол мо кормандони соҳаи маориф аз ин имконоти бузурги маънавӣ истифодаи муассир намебарем. Ба андешаи ман дар ҳамаи мактабҳо ва донишкадаҳои олӣ омӯзиши дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бояд омӯхта шаванд. Ҷаноби А. Раҳмонов ислоҳоти соҳаро аз ошкор кардани монеаҳо шурӯъ карда буд. Якум, сади роҳи соҳа - ин қолаби шуури Шӯравӣ дар таълим мебошад.

Сиёсатшинос Карим Абдулов хеле дуруст қайд мекунад, ки дар сарзамине, ки Қонун дар бораи дин ва дигар ташкилотҳои динӣ амал мекунад, таълимоти матеориалистӣ дар тарбияи насли наврас дурӯягӣ пайдо мекунад. Бояд аз шуури мардум умед ба мӯъҷизаи фардо, бозгашти сохти Шӯравӣ, ғалабаи комилани сотсиализмро берун кунем. Илми равоншиносӣ собит кардааст, ки чунин тафаккур инсонро танбал ва ҳатулкор мекунад. Файласуфи чинӣ Гуан Ли мегӯяд, ки "ман сесад сол умр бояд медидам, аммо ваъдаҳо ба фардо маро дар 67 солагӣ мекушад." Дар заминаи аввал мо бояд дар насли наврас таълимоти Сино оид ба қадам ба қадам инкишоф ёфтани шуур ва қобилияти инсонро тарбия кунем. Нависандаи ҷавон Анвари Олим дар қиссаи "Макруҳ" набарди инсонро бо ирқу мазҳаби гуногун дар заминаи фалсафаи Сино ("Хай бини Яқзон") хуб тасвир кардааст. Чаро мо онро дар солимии тафакури наврасон истифода накунем?! Чанд сол пеш дар дарси муаллими ҷавон ширкат варзидам. Омӯзгор ҳангоми таҳлили достони "Кова ва Заҳок" морҳои китфи Заҳокро маводи мухаддир шарҳ дод. Албатта ин аз фалсафаи Фирдавсӣ дур аст. Аммо тифлон нисбат ба маводи мухаддир, ки дар асл ҳам тафаккури инсонро мехӯрад, ҳисси нафрат пайдо мекунанд.

СОЛИ ФАНОВАРӢ Ё ФАНООВАРӢ?

Маъракагароӣ шакли муассири таълим аст. Эълон доштани моҳҳонаи мубориза бо бехатарии ҳаракати роҳ, рӯзи дониш соли ин ё он соҳа таҷрибаи қадимаи ҷомеа аст. Ба як соҳаи мушаххас таваҷҷуҳро сафарбар кардан барномаи тачдиди соҳа мебошад. Чанд сол пеш дар вилояти Суғд соли тандурустӣ эълон карданд. Дар як сол қариб ҳамаи шифохонаҳо тармим гардида, даҳҳо муассисаҳои нави табобатӣ пайдо шуданд. Пас аз сад соли дигар наслҳо соли 2009-ро чун соли Бузургдошти Имоми Аъзам ёдовар мешаванд. Вале дар чунин тадбирҳо кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки дигар соҳаҳо фаромӯш нашаванд. Оё имрӯз Вазорати маориф ба ин сол омода аст? Бо чунин савол дар донишгоҳ ба ман чанд нафар муроҷиат карданд. Аввалан соли маориф-соли танҳо вазорати маориф нест. Ин сол бояд аз оила, маҳалла, шаҳру деҳот шурӯъ гардад. Ҳар соати ин сол бояд дар барномаи давлатӣ қайд гардад. Мо дар соли маориф дар баробари беҳбуди сифати таълим, сохтани биноҳо, беҳдошти зиндагии омӯзгор, муаммоҳои либоси мактабӣ, симои омӯзгор, барномаи нави таълимиро таъғир диҳем. Ҳар гуна баҳсу муноқишаҳоро аз байн бардорем. Соли гузашта дар Фаронса дар мавриди либоси мусулмонӣ дар мактабхо муноқишаҳо бархостанд. Имрӯз ин мушкил дар Ҷумҳурии мо ҳали қатъии худро талаб мекунад. Мактаб албатта қисми ҳарбӣ нест. Аммо мактаб макони ҷамъиятӣ буда, низоми ягонаро тақозо мекунад. Баробарии ягона, якрангии либос интизом аст. Чун давлати дунявӣ мо бояд либоси мактабии ягонаро истифода кунем. Дар донишкадаи мо ду нафар духтарони ҷавон бо чодар ба мактаб меомаданд. Эҳсос мекардам, ки дар тамоми дарс таваҷҷуҳи ҳама ба ин ду нафар духтар аст. Яъне либоси ғайримуқаррарӣ низоми дарсро халалдор менамояд. Аз ин рӯ ман тарафдори либоси ягонаи мактабӣ ҳастам. Ҳоло донишҷӯён бо галстук бояд ба дарс биоянд. Ба ақидаи банда дар ин маврид галстуки урупоӣ зарур нест. Ба ҷои он нишонаи сарисинагии ягонаи донишҷӯёнро сохтан зарур аст. Қиммати нишона низ аз галстук камтар хоҳад буд.

Боре як ҳамкасбам дар баҳси ислоҳоти маориф гуфт: "Мо мактаби шаклан миллӣ ва мазмунан динӣ бунёд карда истодаем". Албатта ин кинояи ҳамкасбам ҷон дорад. Имрӯз Тоҷикистон маркази дунёии Исломи пок аст. Олимону шайхҳои маъруфи мамолики араб ба тозагии исломи классикии мо ҳасад мебаранд. Маҳз дар соли маориф мо бояд маърифати Исломро дар барномаи таълимӣ ҷорӣ кунем. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳо шумораи масҷидҳо аз миқдори мактабҳои замонавӣ зиёдтар аст. Дар шароити авҷи экстремизми динӣ ва ҷунбишҳои мазҳбгароӣ масҷиду мактаб бояд барномаи ягонаи мубориза дошта бошанд. Пӯшида нест, ки мактабҳои динии пинҳонӣ ҳанӯз зиёданд. Пас тезонидани таҳияи барномаи таълимии маърифати Ислом хеле зарур аст. Ҳақ ба ҷониби профессор Карим Абдулов аст, ки ӯ менависад, ки имрӯз бо саросемагӣ дар паҳлӯи таълимоти матреалистӣ тарғиби маърифати Исломро ҷорӣ кардан дар насли наврас дурӯягиро тарбия мекунад.

Барои ислоҳоти ин бахш тамоми масоҷид ва рӯҳониёни маъруфро ҷалб кардан лозим аст. Масалан, ман худам дар дарси олим ва мутафакири ислом Хоҷӣ Мусозода ширкат хоҳам кард. Чанд сол боз ӯ тавассути телевизион маърифати Исломро тарғиб мекунад. Тафсир ва шарҳои оятҳои Каломи Шарифро хеле сода ва барои ом фаҳмо пешкаш мекунад. Мӯҳтарам Мусозода дар баробари дониши мукаммали динӣ доштан, ҷомеашиноси маъруф аст. Чунин мутахассисон мактаби моро шаклан миллӣ ва мазмунан маърифатӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон дар соли маориф тавссути матбуот баҳсҳи муфиди беғараро ривоҷ додан шарт аст. Мақолаҳои таҳлилии Ибодуллоҳи Оқилпур, Н. Неъматзода, Карими Абдул роҳҳо ва усулҳои ислоҳотро пешниҳод мекунанд.

МАКТАБИ САРВАТМАНДОН ВА КАМБАҒАЛҲО

Имрӯз аллакай мактаб бо фарқияти пойгоҳи таълимӣ хонандагонро ба қишрҳо ҷудо намудааст. Пайдо шудани мактаби сарватмандон ва камбизоатҳо тақозои замон аст. Аммо вазорат ва муассисаҳои маориф бояд рақобати солими ҳамаи мактабҳоро таъмин кунанд. Хуб мешуд, ҳар сол беҳтарин хонандагони мактабҳо бо роҳхат ба мактабҳои бообрӯ ва дорои пойгоҳи замонавӣ қабул мегардиданд.

Дар соли маориф ва фановарӣ илмро ба мактаб кӯчондан хеле зарур мебошад. Ҳар сол дар олимпиадаҳо ва озмунҳо даҳҳо ихтироот ва тадқиқоти наврасон кашф мегардад. Аммо ин дастраси умум нест. Академияи илмҳо дар мактаб бахшҳои илмиро таъсис диҳад. Олими навраси хуҷандӣ Азизи Азимӣ дар Амрико бо ихтирооташ парчами Ҷумҳуриро боло бардошт. Мисли Азизон даҳҳо нафар наврасони мо маҳорату заковати фавқулодда нишон медиҳанд. Ба фикрам, вақти он фаро расидааст, ки маҷаллаи илмии наврасонро таъсис бидиҳем.

Алҳол ман мушоҳида мекунам, ки дар атрофи Соли маориф ҳануз ҳуҷуми ақлонӣ эълон нашудааст. Шояд ташаббуси нашрияи "Миллат" ҳамаро ба ин соли тақдирсоз сафарбар кунад. Он гоҳ мо бо як сол дастоварди даҳсолаҳоро таъмин хоҳем кард.

Зафар УМАРОВ, устоди Донишгоҳи

иқтисодии Тоҷикистон

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Зафар УМАРОВ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97