Эҳтимоли сафари Доналд Трамп ба Афғонистон

Хабари хуб 21.11.2018 10:05

Расонаҳои омрикоӣ ба нақл аз мушовирони Доналд Трамп раиси ҷумҳури Омрико гузориш медиҳанд, ки Трамп дар назар дорад барои нахустин бор дар замони раёсати ҷумҳурии худ, аз сарбозони кишвараш дар хориҷ аз Омрико дидан кунад.

Трамп то ҳанӯз барои дидор бо низомиёни омрикоӣ, ки дар соҳоти ҷангӣ дар берун аз Омрико ҳузур доранд, сафар накардааст. Шуморе аз демократҳо ба ҳамин далел аз Трамп интиқод кардаанд.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” ба нақл аз мушовирони қаблӣ ва кунунии раиси ҷумҳури Омрико гузориш мекунад, ки Трамп аз ҳузур дар канори сарбозоне, ки даргири “ҷанги ноком” ҳастанд, худдорӣ мекунад.

Бино ба гузориши ин рӯзнома, Трамп дар гуфтугӯ бо мушовиронаш маъмурияти низомии Омрико дар Ироқ ва Афғонистонро “мояи шармсорӣ” тавсиф кардааст.

Ҳафтаи гузашта Трамп ба шабакаи хабари “Фокс Омрико” гуфт, ки барномарезӣ барои анҷоми нахустин сафараш ҷиҳати дидор бо низомиёни омрикоӣ дар ҳоли иҷро аст.

Вай афзуд, “фикр мекунам ба зудӣ ин сафар иттифоқ меафтад. Барномарезиҳо анҷом шудааст. Намехоҳем ба далели масоли амниятӣ ва далоили дигар роҷеъ ба он ҳарф бизанем”.

Ду раиси ҷумҳури қаблии Омрико Ҷорҷ Буш ва Барак Абама аз сарбозони омрикоӣ дар Афғонистон пайваста дидор мекарданд. Вале Трамп аз ҳамон оғози кор ба унвони раиси ҷумҳури Омрико дар декабри соли 2016 чигунагии ҷанги Афғонистонро мавриди интиқод қарор дод.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 14000 низомии омрикоӣ умдатан барои омӯзиш ва машварадиҳӣ ба нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97