Афзоиши дуздии телефонҳои мобилӣ дар шаҳрҳои Эрон

Хабари хуб 21.11.2018 11:01

Шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши дуздии телефонҳои мобилӣ дар шаҳрҳои Эрон хабар медиҳанд.

Боло рафтани нарҳо ва бӯҳрони иқтисодии рӯзафзун замони ахир дар Эрон аз далелҳои дуздии ин коло зикр шудааст.

Шаҳрвандони Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши дуздии телефонҳои ҳамроҳ хабар медиҳанд, падидае, ки гарчӣ бесобиқа нест, вале зоҳиран ба далели нобасониҳои иқтисодӣ ва вазъияти бади маъишӣ рӯ ба афзоиш аст.

Як шахрванди Эрон тавассути шабакаи иҷтимоии Твиттер менависад; “бо мошин наздик ба паҳлуям омад ва сумкаамро рабуд. Телефони мобилӣ ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои шахсиам дар даруни ин сумка буданд. Ҳуҷҷатҳоямро каме онсутар партофта буд, аммо аз телефон дараке набуд. Як ҳафта аст, ки даргири шикоят ҳастам”.

Ба назар мерасад, ки афзоиши мавридҳои дуздии телефонҳои мобилӣ дар шаҳрҳои Эрон дар пай афзоиши нархи ин коло дар бозор ва афзоиши вобастагии мардум ба истифода аз гушиҳои дастӣ дар зиндагии рӯзмарра аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97