Дар Душанбе Маркази кӯмак барои хушунати хонаводагӣ таъсис мешавад

Хабари хуб 16.11.2018 16:08

Дар шаҳри Душанбе Маркази имдоди ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ эҷод мекунанд ва аз ин ба баъд заноне, ки таҳти фишори равониву ҷисмонии ҳамсар ё хушдомани худ қарор гирифтаанд, метавонанд ба рақами 1313 тамос гирифта кӯмаки ҳуқуқӣ ё равонӣ дастрас кунанд.

Ҳар зане, ки мариди хушунати ҳамсар ва ё хушдаманаш қарор мегирад, метавонад ба воситаи тамоси мустақим ба ин марказ пайвандад.

Марказ ба сокинон маслиҳати ҳуқуқӣ ва равонӣ пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, муроҷиаткунандагон метавонанд кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ низ дарёфт кунанд.

Ин тарҳ тавассути Бунёди АвруОсиёи Осиёи марказӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Марказ зери идораи Кумитаи кор бо занон назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият карда, онро қисман Иттиҳодияи Урупо маблағгузорӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад мақсад аз роҳанозии ин тарҳ таҳкими ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ дар саросари кишвар аст. 

Тамос аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ба рақам ин марказ ройгон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97