Нишасти Коммисияи Шӯрои иқдисодии кишварҳои ИДМ таҳти раёсати Тоҷикистон дар Маскав

Хабари хуб 16.11.2018 10:56

Дар шаҳри Москва 14 ноябр бо раисии Имомуддин Сатторов сафир Тоҷикистон дар Русия   ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳодия кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони комилҳуқуқи кишварҳои ин иттиҳодия, инчунин намояндагони аршади вазорату идораҳои соҳавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аъзои Комиссия лоиҳаи ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, тартиби транзити борҳо, гузаронидани амалиёт ва назорати гумрукӣ зимни таҳвили мол баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа натиҷаҳои татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои қаблан қабулшуда, маълумот оид ба бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ ва бозори таблиғи давлатҳои иштирокдори ИДМ, шарҳномаи сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ оид ба иттилооти илмию фановарӣ пешниҳод гардид.

Қарорқабул шуд, ки ҷаласаи навбатӣ 19 декабри соли 2018 дар Москва баргузор гардад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97