Вазорати мудофиаи Русия: дар Сурия бештар аз 87 ҳазор ҷангҷӯ кушта шудааст

Хабари хуб 22.10.2018 08:50

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз натиҷаи ширкати кишвараш дар амалиёти низомии Сурия дар як соли охир гузориш дод. Ба гуфтаи вай, гуруҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" дар Сурия маҳв карда шуд.

"Дар маҷмуъ дар давоми амалиёти низомӣ бештар аз 87,5 ҳазор ҷангҷӯ кушта, 1411 макони истиқоматӣ ва бештар аз 95 дарсади Сурия озод карда шуд", - гуфт Шойгу.

Ба гуфтаи вай, ҳукумати Сурия ҳудудеро дар назорат дорад, ки 90 дарсади аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунанд.

Русия расман дар соли 2015 вориди Сурия шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар ин муддат дар Сурия 91 низомии рус кушта шудааст. Аз ин шумор 39 нафар ҳангоми садамаи ҳавопаймои низомӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳалок шудаанд. Аммо Русия аз низомиҳои ширкатҳои хусусии русӣ, ки дар Сурия кушта шудаанд, ёд намекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97