Бойгонӣ

Арзиши сари Латифи Пидром 200 ҳазор доллар 21.08.2008 16:39
Гирдиҳамоии бозаргонон ва ҷавонони «Афғон миллат» Пактикои Афғонистон қарор кардаанд, ки ҳар касе шоир ва сиёсатмадори шинохта, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидромро кушта сарашро биёварад, 200 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот мегирад.
Армуғон: Ҳавопаймои Садриддин Айнӣ 26.03.2009 16:16
Нахустин ҳавопаймои нави "Боинг734-800", ки ширкати "СомонЭйр" харидорӣ кардааст, номи Садриддин Айниро гирифтааст. Ин ҳавопаймои нави "Боинг", ки аз Амрико харидорӣ шудааст, нахустин бор парвози озмоишии худро рӯзи 22 март, аз яке аз шаҳрҳои Туркия ба Душанбе анҷом додааст. Ин ҳавопаймо барои 172 мусофир ҷойи нишаст дорад ва аз ин ....
АТО, БАР САРИ УСТОД САНГ МАЗАН! 23.12.2008 13:35
Мӯҳтарам Ато Мирхоҷа, ман гумон мекунам,ки шеъри шумо тӯҳфаи шумо буд ба ҷашни 70 солагии устод Бозор Собир. Шумо хостед сенсатсия кунед,аз худ қаҳрамон тарошед. Замони хубу осоишта, озодии сухан ҳар касе чизе хоҳад озод мегӯяд, дар дилаш армон намемонад. Ва аз ин неъмат истифода карда дарди дилатро гуфтаӣ. ....
Афзоиши таваҷҷӯҳи давлат ба матбуот 09.02.2009 23:04
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма. Бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа фармон медиҳам:
Афзоиши худкӯшии занони тоҷик 11.07.2008 16:52
Масъулони кумитаи кор бо занон аз афзоиши худкӯшӣ дар миёни занон нигаронӣ изҳор кардаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 310 ҳодисаи худкӯшӣ ба қайд гирифта шуда аст, ки шаст дар сади он занон мебошанд.
АФСОНАҲОИ АЛЮМИНӢ 04.03.2009 18:08
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Мӯҳтарам роҳбарияти корхонаи алюминийи тоҷик "Талко". Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар ва бо хоҳиши зиёди хабарнигорон назари худро дар бораи роҳи ҳалли мушкили бебарқӣ, ки шояд бузургтарин фоҷеаи миллӣ дар солҳои охир аст, баён кардам.
Афғонистон ба оби Тоҷикистон ниёз дорад 29.01.2009 14:32
Кей Эйде, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, ки аз Тоҷикистон дидори дурӯза дошт, субҳи шанбеи 24 январ бо Президент Раҳмон мулоқот карда ва мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳои ин кишвар бо Афғонистон дар арсаи обу энержиро баррасӣ кардааст.
Аъзои Ҳизбуттаҳрир боздошт шуд 25.09.2008 14:56
Аснои амалиёти вижаи кормандони мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хуҷанд Мурод Рустамов боздошт шуд, ки ба узвият дар ҳизби ифротии Ҳизбуттаҳрир гунаҳкор дониста мешавад.
Аҳмад Валӣ Масъуд: Аз афғонҳо хидматгор намебарояд 17.07.2008 15:27
Соли 2009 мӯҳлати президентии раиси кунуни Афғонистон Ҳомид Карзай ба итмом мерасад ва ин кишварро интихоботи президентӣ дар пеш аст. Афғонистон чандин сол ин ҷониб мабдаъи нооромиҳост. Доир ба масоили ин кишварро чӣ интизор аст, бо "Толибон" чӣ бояд кард ва харобиҳои ҷанги тӯлониро чӣ тавр бартараф намуд(?), Аҳмад ....
Аҳмадинажод ба Душанбе меояд 18.08.2008 15:50
Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон ба Равобити умумии ин сафорат гуфтааст: «Раиси Ҷумҳурии Исломии Ирон бино ба даъвати расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай озими Душанбе хоҳад шуд.
Аҳмадинажод иқдом кард 26.08.2008 13:14
Президенти Ҷумҳурии Исломии Ирон оқои Маҳмуди Аҳмадинажод ягона раисҷумҳурест аз миёни сарони давлатҳои дар иҷлоси қарибулвуқуъи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкаткунанда, ки хоҳиши оростани як нишасти хабариро барои намояндагони васоити ахбор кардааст.
Ба Данғара об омад... 14.05.2009 14:52
Муассисаи давлатии "Хоҷагии манзилию комуналӣ"-и Тоҷикистон бо Бонки Урупоии Таҷдиду Тавсеъа (БАТТ) дар мавриди ҷудо кардани 6, 2 млн долар барои бозсозии системи обрасонӣ дар шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон мувофиқатномае имзо кардааст. Раҳмат Бобокалонов, раиси муассисаи "Хоҷагии манзилию комуналӣ" ва Матие Ле Блан, намояндаи доимии Бонки Урупоии Таҷдиду Тавсеъа дар Тоҷикистон, ....
БА ДАРЁ ОБ МЕБАРЕМ? 14.01.2009 14:01
Ба таваҷҷӯҳи мушовири давлатии Президенти ҶТ мӯҳтарам Саидмурод Фаттоев ва раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ мӯҳтарам Додихудо Саймуддинов Дар ду соли охир се шабакаи нави телевизион, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешавад, таъсис ёфта, тадриҷан шакл мегиранд. Албатта, хубтар мебуд, агар шумора неву сифати ....
БА МУШУ ГУРБАБОЗӢ ДАР РОҒУН ХОТИМА БОЯД ДОД ё суди мо бар зиёни мо нест! 31.07.2008 14:50
Нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар таърихи сохтмонсозии кишвар тӯлонитарин пружаест, ки назирашро кас надидааст. Сиву ду сол муқаддам, соли 1976 сохтмони ин НБО оғоз гардид ва то ҳанӯз идома дорад. Дар тӯли ин муддат натоиҷи мусбате ба даст наомада, бо ҳамкорони хориҷӣ тавофуқи комиле ҳосил нагардидааст. Мебоист, соли 1990 ....
БА РУСТОИИ ТОРИКИ СУҒД НУРИ ИМОМИ АЪЗАМ РАСИД Ё вақте зулма ҳукмфармост суғдиҳо нур меҷӯянд 25.02.2009 12:57
Дар назди масҷиди ҷомеъи деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ниругоҳи хурди обӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он ба ифтихори пешвои мазҳаб ва ситораи тобони илми илоҳӣ Имоми Аъзам номгузорӣ гашт. Манбаъи гардиши ин ниругоҳи обӣ чашмаи Кeкталӣ-бобо аст. Одатан оби ин чашма дар фасли зимистон барои ....
Ба фасод роҳ надиҳед, Аврупо ёрӣ мекунад 09.04.2009 16:57
Иттиҳодияи Аврупо эълом доштааст, ки омода аст ба Тоҷикистон кӯмакҳои бештаре кунад, вале давлати мо бояд шаффофияти истифода аз ин кӯмакҳоро таъмин намояд. Инро рӯзи 7 апрел, дар иҷлоси чаҳоруми намояндагони порлумони Аврупо ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтанд.
Ба экстремизми забонӣ роҳ надиҳем! 02.04.2009 14:22
Муроҷиати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба рӯзноманигорон Аз неъмати Истиқлол забони тоҷикӣ қолабҳои маҳдудкунандаи низоми идеологии ҳукмронро баршикаста, ба фазои озоди эҳё ва рушди навин роҳ ёфт. Соҳибзабонони рӯшанфикр ин руҷӯи тозаи забони модариро ба ҳайси муҳимтарин унсури ҳувият ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуда, баҳри мақоми давлатӣ пайдо намудану аз вартаи махлутӣ ....
БА ҶОЙИ «ИЗҲОРИ ТАСЛИЯТ» оё ҳуқуқи Инсон дар Русияи ҳуқуқбунёд риоя мешавад?!.. 25.12.2008 15:22
Фоҷиаи дар қаламрави Русия, рустои Жабинои наздикии Маскав ба сари шаҳрванди 22 солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов омада, дили ҳар инсонеро хуншор накарда наметавонад. Агар ин ҳодисаи даҳшатнок дар Афғонистон ва ё Ироқи аз дасти истилогарон ба дод омада, рух медод, ба фаҳми он расидан мумкин буд.
Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико 06.11.2008 17:30
Дар интихобот барои ишғоли мақоми раиси ҷумҳури Илиёти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расида, намояндаи ҳизби демократии ин кишвар Барак Обама пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ чилучорумин раиси ҷумҳури ин кишвар ва якумин сиёҳпӯсте мебошад, ки ба ин мартаба расидааст.
Барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ 18.08.2008 20:25
Мутобиқи иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур аз 1 августи соли равон бо қарори раиси Ҳукумати кишвар як зумра аҳли қалами кишвар сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гардиданд.
БАРАҲНАГӢ ФАРҲАНГИ ФАҲШЗОСТ 18.08.2008 17:47
Порки "Дӯстии халқҳо" имрӯз нахуст ҷои истироҳатиест, ки мардум пас аз кор ва рӯзҳои рухсатӣ метавонанд ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳ бо аҳли хонаводаашон гирифториҳои ҷисмӣ, озору азиятҳои ботинӣ ва равонии худро, ки таи як ҳафта ҳосил шудааст, аз худ дур кунанд. Зеро, инсон аз ҳар чӣ бештар ба ....
БАРГАРД, АЛО ҲАМШАҲРӢ! 28.06.2008 00:07
Ало ҳамшаҳрии кӯлвор дар пуштам, куҷоӣ ту? Ало ҳамшаҳрии атфол дар муштам, куҷоӣ ту? Ало ҳамшаҳрии гирёну саргардону бехешам, Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам. Ту аз тири мани ваҳшӣ гурезониву овора, Ту аз тири мани ваҳшӣ парешониву бечора…
БАРКАНОРИИ РАИСОНИ ШАҲРУ НАВОҲИ ДАР ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ 16.01.2009 22:26
Гузориш аз идомаи ҷаласаи ҳукумати ҶТ Идомаи Маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 16 январ бо ҳисоботи Сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдураҳим Холиқов шурӯъ шуд. Гузориш шуд, дар давраи татбиқи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ....
Барномаҳои РТР дар Тоҷикистон поён меёбанд! 22.01.2009 14:09
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар шабакаи РТР Планета ҳаққи истифода аз хадамоти ширкати "Тоҷиктелерадиоком"-ро напардозад, пахши барномаҳои ин шабакаро дар қаламрави кишвар қатъ хоҳад кард.
Бародари Маҳмадназар Солеҳов боздошт шуд 23.04.2009 14:02
Раиси пешини терминали гумрукии шаҳри Душанбе Тағойназар Солеҳов барои даст доштан дар қатли як корманди корҳои дохилаи шаҳр боздошт шудааст. Сайфиддин Сироҷзода, муовини аввали додситони шаҳри Душанбе, гуфтааст, ки иҷозаи боздошт барои Солеҳов 17 апрел содир шуда ва ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97