Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Бойгонӣ

ТО БА КАЙ АЗ ОБИ ЛОЙ МОҲӢ МЕГИРЕМ 25.08.2008 13:27
Сардаргумӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ, Тоҷикистон бо сони ятимаке бесарпаноҳ монд. Мушкилтарин лаҳзаҳоро аз сар мегузаронид ва ба дастгириву кӯмак ниёз дошт. Дар тӯли 73 соли Давлати Шӯравӣ тамоми соҳоти иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ аз тарафи Маскав ва садрнишинони Кремл нақшабандӣ ва идора мешуд. Мо ....
Торҳои "тортанаки ҷаҳонӣ" ба мактабҳои тоҷикӣ мерасад 19.02.2009 15:05
"Релиф Интернешнл"- як созмони байналмилалии амрикоӣ эълом кардааст, ки беш аз бист мактаби Тоҷикистонро ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст хоҳад кард. Ин иқдом дар чорчӯби қарордоди ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи 16 феврал дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, сурат хоҳад гирифт.
ТОҶИК ҲОҶИМИРЗО НОМ МЕНИҲАД, НА ГАҶИМИРЗА!ё нигаронии генерал Рустам Назаров аз пахши ахбори бардурӯғ 16.01.2009 15:30
Хабарнигори "Миллат" дар нишасти матбуотии Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки рӯзи 12 январ бо ширкати хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор шуд, суъоле кард: «Баъзе аз доираҳои мақомоти расмии Русия ва шабакаҳои хабарии ин кишвар баъзан дониста ва муғризона ахбореро дар мавриди боздошти афроди ба қочоқи маводи мухаддир даст ....
Тоҷики гумонбар дар қатли чечен 09.04.2009 16:56
Бино ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон пулиси Дубай аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки дар қатли Сулим Ямадаев, аз мухолифони раиси ҷумҳурии Чеченистон, гумонбар дониста мешавад. Сулим Ямадаев, фармондеҳи собиқи гурдони (баталиёни) «Восток» дар Чеченистон, 28 март дар истгоҳи мошинҳои назди биное дар шаҳри Дубай, ки дар он ....
Тоҷикидонии Сафири Олмон ва кӯмакҳои сарозер 26.07.2008 15:21
Давлати Олмон барои рушди бахшҳои мухталифи Тоҷикистон маблағи беш аз 53 миллион евро ихтисос хоҳад дод, ки аз ин маблағ 12,5 миллион евроро кумакҳои билоиваз ташкил медиҳад.
Тоҷикистон аз бунбаст раҳо меёбад 22.01.2009 14:12
Кишварҳои Ирон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба иҷрои тарҳи муштарак барои роҳи оҳане, ки Остона, пойтахти Қазоқистонро бо Бандари Аббоси Эрон мепайвандад, оғоз кардаанд.
Тоҷикистон буҷаи низомиашро афзун кард 11.09.2008 15:24
Бар асоси натоиҷи як пажӯҳиши байналмилалӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши буҷаи низомии давлатӣ дар миёни 10 кишвари ҷаҳон қарор дорад, ки дар таносуб бо тавлидоти нохолиси миллӣ маблағҳои ҳангуфтеро дар ин арса масраф мекунанд.
Тоҷикистон дигар аз Русия қарздор нест? 15.07.2008 17:00
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ҷумҳурии Русия, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия қонун дар бораи ба тасвиб расонидани созишнома дар мавриди қарзи Тоҷикистон аз Русияро имзо кардааст.
Тоҷикистон Роғунро таслим накардааст! 28.07.2008 17:10
Ҳукумати Тоҷикистон иттилои расонаҳои Русияро дар мавриди ба ихтиёри Русия гузоштани 75 дар сади саҳмияҳои НБО Роғун рад кард.
Тоҷикистон се марзшикани узбакро таслим кард 05.08.2008 14:49
Се шаҳрванди Узбакистон, ки дар убури ғайриқонунӣ аз марз ва даст доштани ба дигар ҷиноятҳо муттаҳам дониста мешуданд, аз сӯйи мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар гузаргоҳи марзии «Бародарӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ба мақомоти узбак супурда шуданд.
Тоҷикистон сермеҳмон мешавад 18.08.2008 16:54
аз ин рӯ масъулини вазорати хориҷа ба журналистони тоҷик маслиҳат доданд
Тоҷикон барои ҳаққи худ талош карданд 11.12.2008 15:35
Масъулони созмонҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз натоиҷи муваффақи тазоҳуроти муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр, ки ҳудуди ду ҳафта қабл оғоз шуд, хабар додаанд.
Тӯраҷонзода муқобили салафия ё донишгоҳҳои исломӣ?! 18.08.2008 17:51
"Шумо кадом донишгоҳи Покистонро хатм кардаед?" рӯзи панҷшанбеи гузашта яке аз ҳамкоронам аз ман суол намуд ва ман дар ҷавоб гуфтам, ки Донишгоҳи Байналмилалии Исломии Исломободро. Ӯ ба ман нигоҳи мармузе карда гуфт: "значит ту салафӣ ҳастӣ?" ман ба вай фаҳмондам, ки ҳеч рабте байни салафият ва Донишгоҳи Байналмилалии ....
ТУРКТОЗИҲО БА ХАТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ё дар ҷуcтуҷӯйи мероси падарони Иброҳим Усмонов 17.07.2008 14:31
Иброҳим Усмонов аз ҷумлаи охирин касоне боқӣ мондааст, ки ҳамчунон талош мекунанд, хастагинопазирии худро дар мавриди баҳси забон ва алифбо намоиш диҳанд. Бисёре дигар аз кирилипарастон ё ҷонибдорони ба истилоҳ ин ақида, ки тоҷикӣ ҷудо аз форсист ё ҳақиқатро дарёфтанд ва ё хаста шуданд ва ё ҳам ин ки ....
Ӯ, МО РОССИЯ СОХТАГӢ! 17.07.2008 20:42
Бобо, бачаи ҳамсоя мегӯяд, ки қалъаи Ҳисора бобояш сохтааст. Паат фахр мекунад. Шумо чӣ сохтагӣ? Э ҷони бобо! Ту напурс ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям! Ту глобуса дидагийӣ? Харитая-чӣ? Ино ҳамаш ерунда, бачам! Кадом давра шунидӣ, ки дар ватани мо аққалан ҷӯгӣ мардикор шуда бошад?
УЗБАКИСТОН НАМЕХОҲАД БАР «ФОТИҲА»-и РУСҲО «ОМИН» ГӮЯД 24.12.2008 14:21
САНГАНДОЗӢ БА ПОЛЕЗИ ҲАМСОЯ Масъалаи бунёд кардани ниругоҳи барқи обии Роғун, ки ба он аксари мардуми Тоҷикистон ҳамчун ба сарчашмаи муҳими ҳаёташон умед бастанд, мудом мавриди баҳси мақомоти давлатии кишвари ҳамсояи мо - Узбакистон қарор дорад. Чунин ба назар мерасад, ки масъулини давлатии узбак ба ҷуз Роғун андешаи дигар дар ....
Узвияти Иронро дар СҲШ кӣ намехоҳад? 28.08.2008 20:15
Қарор аст аз 27 то 29 августи соли ҷорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Ирон ба манзури ширкат дар ҷаласоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон сафар кунад.
Умаралӣ НАЗАРОВ: ҶОНИБДОРИ ПӮШИШИ МИЛЛӢ – ИСЛОМӢ ҲАСТАМ 26.12.2008 14:02
Ба таҳсили илми дин пардохтани духтарон аз дидгоҳи шаръӣ, шумораи духтарони толибилм дар Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ, ояндаи духтарони фориғуттаҳсил. Ин ва дигар масъалаҳо дар мусоҳибаи Райҳона Мирзоева бо ноиби ректори Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ Умаралӣ Назаров:
Унвон муборак! 05.09.2008 18:48
Рӯзи 2 сентябр Президенти Тоҷикистон ба як зумра шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанг ва истеҳсолоти ҷумҳурӣ унвонҳои ифтихорӣ ва ордену нишонҳои давлатӣ тақдим намуд.
УСТОД БИЁ, БО МО ҲАМНАФАС БОШ! 20.08.2008 22:24
Ман ҳамчун хонандаи доимии ҳафтаномаи "Миллат" ба натиҷа расидам, ки ин нашрия баҳри рушду нумӯи миллат саҳми арзандаи худро дорад. Дар чанд шумораи ҳафтанома, ки аз ихлосмандони назми устод Бозор Собир хотира ва соядасти ӯро навиштаанд, мутолиа намудам. Ман ҳамчун ихлосманди ашъори устод мехоҳам хотиротеро, ки аз устод дорам, ....
УФҲО 24.07.2008 19:40
Уф-ф, мана, наконес,- тфу,- оқибат гуфтани будам,- мо ҳам ба қатори одам даромадем. Акнун моро ҳам УФ мегӯянд. Росташро гӯям, гап дар ҳамин дарунҳо будаасту мани гаранг роҳи Русияро охурча карда гаштаам. Қариб номамро фаромӯш карда будам. Дар Тоҷикистон - русиян, дар Русия - бомж, дар роҳи оҳани байни ....
Фавти бештари тоҷикон дар Русия 17.07.2008 23:36
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши фавти муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соли ҷорӣ иттилоъ додааст.
Фаронса хоҳони истиқлоли энержии Тоҷикистон 29.01.2009 14:32
Давлати Фаронса аз талошҳои Тоҷикистон барои дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ ва раҳои ёфтани кишвари мо аз бунбасти иртибототӣ ё коммуникатсионӣ ҳимоят мекунад.
ФАТВОҲО ДАР БОБИ ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ ВА НАМОЗ 28.01.2009 14:18
Бо зиёд шудани муштариёни телефонии ҳам мобилӣ ва имкони истифода аз он барои аксари мардум мушкилоти ҷадиде падид омадааст ва баъзан дар ҷомеа мафосиде ривоҷ ёфта, ки телефонии ҳамроҳ дар эҷоди онҳо нақши муассире ифо мекунад. Бо тавҷҷӯҳ ба ин ки суолоти мухталифе дар ин замина матраҳ аст масоиле ....
Футболбозони тоҷик ҷарима шуданд 11.08.2008 22:59
Бозиҳои ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми президенти КФО ба сабаби ҷавобгӯ набудани майдонҳои футболи шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ба 13 августи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд. Дар ин мусобиқот тими яккачини Тоҷикистон, ки бори дуюм иштирок мекунад, баъд аз пирӯзӣ ба тими Кореяи Шимолӣ ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97