Қаҳрамонии наврасони варзишкори таеквандои кишвар

Варзиш 14.05.2019 12:23

Варзишкорони навраси навъи таеквондои кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Самарқанд  1 медали тило ва 3 медали нуқра ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа варзишгарони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ, кидар нимаи моҳи май доир шудааст, ширкат варзиданд.Шоҳрӯз Норов, медали тилои ин мусобиқаро дар вазни 33кг ба даст овард. Аъзам Ғаниев дар вазни 33 кг, Муҳаммадризо Шукуров дар вазни 37кг ва Нурулло Муродов дар вазни 45кг медалҳои нуқраи мусобиқаро азони худ кардаанд.

Дар ин бора аз Федератсияи таенквондо WT-и Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси федератсияи мазкур мегӯяд, ки ширкат дар ин мусобиқа барои интихоби варзишгарони беҳтарин ҷиҳати омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, кумак хоҳад кард. Ҳамчунин, тибқи барномаи махсуси ин федератсия варзишгарони беҳтарин ба Бозиҳои олимпии наврасон-2022 омодагӣ мебинанд.

Қаблан варзишкорони навраси бахши таеквондо дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Суйлиш Батир дар шаҳри Туркистони Қазоқистон, 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ – ба даст оварда буданд. Лутфулло Алишон дар вазни 73кг ҷои дуюм, Бахтовар Пулотов дар вазни 49кг ва Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ҷойҳои сеюмро сазовор гардиданд.

Дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар шаҳри Қизилордаи Қазоқистон, Самад Амиршоев дар вазни 33кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97