Дастаи мунтахаби САМБО: аз дастовардҳо розиву аз шароит норозӣ

Варзиш 26.06.2012 08:04

Ё куҷоянд ашхосе, ки дар ҳузури президент омодагии худро барои дастгирии варзишу варзишгарон изҳор карданд?

SamboДастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии риштаи САМБО дар мусобиқоти каҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканди Узбакистон соҳиби 8 медал, аз ҷумла 6 медали тило гардид.

18 июни соли 2012 Муҳаммадшариф Сулаймонов, сармуррабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи гуштии самбо зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе эълон дошт, ки барои нахустин бор дар таърихи САМБО-и кишвар чунин як дастоварди бузурги варзишӣ насиби варзишкорони кишвар шудааст.

Дар ин мусобиқа Акмалиддин Каримов-қаҳрамони дудкаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони чандкаратаи Осиё ва Тоҷикистон миёни калонсолон соҳиби медали тило ва мақоми аввал, Хушқадам Хисравов - қаҳрамони собиқи Осиё ва қаҳрамони ҷаҳон (мақоми савум), Умед Раҳматуллоев, Комрон Устопиров-қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, соҳиби мақоми аввал гаштаанд.  Ҳамчунин дар байни наврасон Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон ва қандилҷони Рустамзода низ сазовори медали тилло ва мақоми аввал гардидаанд. Ду нафар намояндаи Тоҷикистон Бобоҷон Зоиров ва Зайналобуддинов дар ин мусобиқа сазовори мақоми сеюм шудаанд.

Аммо тавре дар ин нишасти хабарӣ зикр шуд, бо вуҷуди чунин дастоварди бузурги варзишӣ зимни бозгашт касе аз масъулини варзиши кишвар ҳайати ин дастаро дар фурудгоҳ пешвоз нагирифтааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ифтихори ин варзишкорон 8 бор суруди миллии кишвар дар Узбакистон садо додааст.  Дастаи САМБО-и кишвар, ки аз рӯйи натоиҷи ниҳоӣ миёнаи наврасон байни 24 кишвари ҷаҳон мақоми аввалро соҳиб шудааст, аз набудани шароит тамрин ва камтар дастгирӣ ёфтан, шадидан изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Муҳаммадшариф Сулаймонов, устоди варзиши Итиҳоди Шӯравӣ ва байналмилалӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии ин даста, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин мусобиқа роҳбарӣ мекард аз шароити номусоиди тамрину дастгирии варзишкорон изҳори норизоятӣ кард.  Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди доштани роҳхат ва малакаи варзишӣ бар иллати набуди маблағ ва нокифоя будани маблағҳои буҷавӣ наметавонанд, ки варзишкорони тоҷик дар ҳайати пураи даставӣ дар чунин мусобиқот иштирок кунанд. 

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло дар пеш мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон дар Булғория ва миёни калонсолон дар шаҳри Мински кишвари Белорус аст, ки омодагишонро ба ин мусобиқот мегиранд. "Албатта мо медонем, ки барои ширкат бо ҳайати пурраи даставӣ дар Булғория маблағ пайдо карда наметавонем, вале агар ҳадди ақал бачаҳое, ки умеди мо бештар ба онҳо ҳаст, дастгирӣ биёбанд, иншоаллоҳ муваффақият насибамон мешавад", иброз дошт ӯ.

Акмалиддин Каримов, яке аз варзишгароне, ки ин дафъа ҳам қаҳрамони Осиё шуд дар ин нишаст изҳор кард, ки мушкили асли хеле кам дастгирӣ ёфтани варзишгарон аст: "Мушкили аслӣ ин аст, ки дастгирӣ нест. Қаҳрамони ҷаҳон мешави дастгирӣ нест, қаҳрамони Осиё мешавӣ дастгирӣ нест. Масалан Кумитаи ҷавонон ва варзиш барои ман ҳамагӣ 200 сомонӣ стипендия медиҳад, ки аслан хеле кам аст. ҳато барои хариди як либоси дурусти варзишӣ намерасад. ҳукумати ноҳия Шоҳмансур, ки дар давраи раиси пешин 100 сомонӣ стипендия ба ман медод, акнун дар давраи раиси ҷадид ин стипендиро дигар намедиҳад. Барои ҳамин мушкилоти молиявӣ ҳамеша моро думболагир аст". Ҳамчунин ҳайати ин даста аз вазъ ва шароити ногувори тамрингоҳашон изҳор нигаронӣ намуданд. Ба гуфти ин варзишгарон тамрингоҳи онҳо, ки бо номи "Манеж" маъруф аст, дар тобистон бисёр гарм ва дар зимистон хеле сард аст. Ҳамчунин Набимуҳаммад Хоркашов узви дастаи мунтахаб ва қаҳрамони дудафъаинаи Осиё, ки бояд дар ин мусобиқа иштирок мекардаст, ба гуфти сармуррабии дастаи мунтахаб бо баҳонаи надоштани шиносномаи хориҷӣ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашидааст. Вале сабаби аслии  даст кашидани Набимуҳаммад Хоркашов ҳам камтар дастгирӣ ёфтани ӯ аз ҷониби масъулини варзиши кишвар будааст. Дар ин нишаст, зикр шуд, ки бояд Федератсияҳои варзишӣ ба тобеият ва ё сарпарастии ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги кишвар вогузор шаванд, то шароити тамрин ва кӯмаки молиявӣ барои сафар ба мусобиқоти минтақа ва ҷаҳонӣ имконпазир гардад. Дар сурати айр мушкилоти дастгири наёфтан, надоштани шароити тамрину зиндагӣ рӯҳу равони варзишкоронро ба оянда тира ва заминаҳои рушди варзишро дар дарозмуддат норӯшан мегардонад. Зеро дастовардҳои бештар дар заминаи шароитҳои хубтар даст медиҳад.

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97